А. Назарзода: «Сатҳи ҷинояткорӣ дар вилоят 7% кам шудааст»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 248
Соли 2023 ба мақомоти прокуратураи вилояти Хатлон 8853 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардида, 430 қарори раисони шаҳру навоҳии вилоят бекор карда шудааст, ки бештари онҳо ба масъалаи замин вобастагӣ доранд.
Дар ин бора прокурори вилояти Хатлон Авазҷон Назарзода зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Соли 2023 дар вилоят шумораи ҷиноят коҳиш ёфта, 5903 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 443 ҷиноят ё худ 7% кам шудааст. Соли сипаришуда 150 ҳолати даст задан ба ҷиноят аз ҷониби ҷавонон ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 56 ҷиноят кам мебошад.
Инчунин, алайҳи 813 нафар падару модар ва омӯзгор барои риоя накардани «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, 412 нафар омӯзгор ва ё шахсони масъули муассисаҳои таълимӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шудаанд. Нисбат ба 76 нафар падару модари дигар бошад, барои монеъ шудан ба таҳсили ҳатмии мактабӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Бояд қайд кард, ки нисбат ба 200 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои рӯйпӯш кардани ҷиноятҳо ҳангоми бурдани тафтишот ҷазои интизомӣ татбиқ карда шудааст.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
28-12-2023, 16:56
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...