Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Бо гумони дуздӣ дастгир шуд


Бо гумони дуздӣ дастгир шуд




Бино ба иттилои ВКД ҶТ, шахсони номаълум ба хонаи истиқоматии сокини 29-солаи ноҳияи Данғара даромада, 5 ҳазору 300 сомонӣ ва ҷавоҳироти гуногуни арзишмандро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҷавони 20-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ин ҷинояти аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд. Зарари расонидашуда 11 ҳазору 100 сомониро ташкил медиҳад.

Инчунин, тибқи маълумоти ВКД ҶТ, гумонбаршаванда бо ҳамин роҳ, рӯзи 22-юми январи соли 2024, аз хонаи истиқоматии марди 54-солаи сокини ҳамин ноҳия 1-адад соати дастӣ ва 3 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода