Қиссаи зани роҳрӯб
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 245
Субҳ нодамида буд. Ҳангоме ки аз Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб ба маркази шаҳр меомадам, дар роҳ диққатамро як зани роҳрӯб ҷалб намуд. Ба наздаш омадам. Субҳ ба хайр, гӯён ҳамроҳаш суҳбат намудам. Маълум шуд, ки ӯ 20 соли умри ширини худро ҳамроҳ бо ҳамсараш дар рӯбучин ва тоза кардани кӯчаҳои шаҳри Кӯлоб сарф кардааст.
Субҳи Нигина Ҳакимова ҳар рӯз бо рӯбучин ва тоза кардани хиёбони шаҳр оғоз мешавад. Масъулияти баланди корӣ Нигинаро соатҳои 4:30-и субҳ аз хоби ноз бедор намуда, ба роҳрӯбӣ мебарад. Тозагии назди бозори марказии шаҳри Кӯлоб маҳз аз заҳматҳои ӯ сарчашма мегирад.
- Ҳар субҳи мо чунин оғоз мешавад. Ману шавҳарам дар назди бозори шаҳри Кӯлоб масъулем. - мегӯяд Н. Ҳакимова. - Ман тамоми партовҳои роҳи калон ва роҳи пиёдагардро тоза мекунам, шавҳарам бошад, ҷӯйборҳое, ки аз ду тарафи роҳ қарор доранд, аз партовҳо тоза мекунад. Савдогарони сарироҳӣ ҷойи савдои худро тоза намекунанд. Ва инро мо анҷом медиҳем.
Зимни суҳбат маълум гардид, ки ин оила ризқи худу оилаашро бо заҳмати ҷорӯб меёбанд. Холаи Нигина ҳамеша талош меварзад, ки ба фарзандаш шароити хуби таълимро фароҳам оварад. Албатта, ин муҳаббати бемисли модар аст. Писари ягонааш айни ҳол 14 сол дорад, заҳмати шабонарӯзии волидонро дида, пайваста вақти хешро сарфи илмомӯзӣ мекунад. Орзу дорад, ки дар оянда соҳибкасб гардида, дастгири падару модар бошад.
- Минтақае, ки мо тоза мекунем, аз партов пур аст. Мешавад рӯзҳое, ки мардум ба мо муносибати хуб мекунанд. Аммо боз ҳастанд афроде, ки меҳнати моро қадр намекунанд. Махсусан, бархе аз ҷавонон бо вуҷуди он, ки мебинанд мо - занҳои роҳрӯб рӯбучин дорем, боз донаки офтобпараст хӯрда, дар роҳ мепартоянд. Баъзан вақт хаста мешавем аз тоза кардан ва ба онҳо мегӯем, ки ин тавр накунанд, дар қуттии партов партоянд. Мисле, ки гӯё ба гӯши фил афсона хонда бошӣ. Аз сабабе ки тозагии ин атроф ба дӯши мост, сарамонро хам карда, тоза мекунем, - бо таассуф нақл намуд холаи Нигина.
Сафар Одилов 20 сол боз дар КДФ-и «Хоҷагии манзилӣ-фаръӣ»-и шаҳри Кӯлоб ҳамроҳ бо завҷаи худ кор мекунад. Ҳар саҳар ҳамроҳ аз хона ба кор меоянд. Ба гуфтаи ӯ, холаи Нигина дар баробари оне, ки дар як ҷо кор мекунад, боз вақт пайдо карда, ба тамизкории хонаю хӯрокпазӣ машғул мешавад. Дар ин баробар барои тарбияи фарзанди худ вақт ҷудо мекунад.
Рӯзе кӯдаке ҳангоми ба дунё омадан ба тарафи Худованд мегӯяд: Худоё, қарор аст, ки ман ба он дунё биравам. Дар онҷо маро кӣ нигоҳубин мекунад? Мегӯянд, ки онҷо сарду тарснок аст. Охир ман забони одамони онҷоро намедонам, чӣ тавр бо онҳо гап мезанам.
Худованд дар ҷавоб мегӯяд: «Ташвиш накун, ман барои ту дар он дунё фариштае офаридам, ки барои насӯхтани ту худро дар оташ партофта, барои ғарқ нашудани ту дар дами сел меистад». Кӯдак мегӯяд, ки номи он фаришта чист?
Худованд мегӯяд: Модар! Навозишу меҳрубонии холаи Нигина нисбати ягона фарзандаш гувоҳи гуфтаҳои болост. Ӯ соати 3 аз хоб хеста, ба писараш субҳона омода мекунад. То писараш аз хоб хезаду хӯрок хӯрда, баъд ба дарс биравад. Ҳангоме ки фарзанд хоб аст, модар дар кор дар ҳавои сард қарор дорад. Кӯшиш мекунад, ки ҳама вазнинии зиндагиро ба дӯши худ гирифта, фарзандашро дар шароити хуб ба воя расонад.
Холаи Нигина орзу дорад, ки писараш духтур шавад. Охир вай модар аст ба хотири фарзанд ба ҳамаи кори дунё розӣ аст, ба ҳама мушкилотро таҳаммул мекунад, ҳама монеаҳоро паси сар менамояд, то фарзандашро хушбахт кунад.
Набиҷони САИДАБРОР,
Бохтар-Кӯлоб-Бохтар
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00