Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » БАРОИ ОТАШ ЗАДАНИ 10 МОШИН 5 СОЛ ҲУКМ ГИРИФТ


БАРОИ ОТАШ ЗАДАНИ 10 МОШИН 5 СОЛ ҲУКМ ГИРИФТ




Додгоҳи Заелтсовскии Новосибирск шаҳрванди Тоҷикистон Қосимҷон Ҳоҷибоевро, ки дар оташ задани 10 мошин муттаҳам мешуд, ба ҳукми 5 соли маҳрум аз озодӣ маҳкум кард.

Мувофики моддаи 167-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия (нобуд кардан ё вайрон кардани амвол) ва м. 158-и Кодекси ҷиноии Федератсияи Русия (дуздӣ) ба муҳлати 5 сол аз озодӣ дар колонияи режими умумӣ маҳкум шуд.

Ба гуфтаи муфаттишон, Қосимҷон Ҳоҷибоев аз маош ва шароити корӣ норозигӣ карда, ба яке аз мошини корфармои собиқаш бензин рехта, оташ задааст, ки баъд аз он сӯхтор ба 9 мошини дигари хориҷӣ паҳн шудааст.

Зарар ба гуфтаи тафтишот, беш аз 120 миллион рублро (15 млн сомонӣ) ташкил додааст. Айбдоршаванда иттиҳомоти алайҳи ӯ эълоншударо рад кардааст.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода