Муҳимтарин рӯйдодҳои соли 2023
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 30 декабр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 269
Бозёфти тиллоӣ аз ёдгории «Тахти Сангин»
Тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷашни 2500-солагии ёдгории таърихии шаҳристони “Тахти Сангин” дар соли 2023 ба нақша гирифта шуда буд, бо баргузории ҳамоишу конфронсҳо таҷлил гардид.
Вобаста ба ҷашн, дар маҳалли ёдгорӣ соли ҷорӣ тибқи иҷозати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби олимону бостоншиносони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо роҳбарии Тӯрахон Хуҷагелдиев корҳои ҳафриётӣ-бостоншиносӣ дар ёдгории “Тахти Сангин” гузаронида шуд, ки дар натиҷа, дар қатори дигар бозёфтҳо, инчунин як бозёфти тиллоӣ пайдо гардид.
Ҷашни Сада ҷаҳонӣ шуд
Дар иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО номинаи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон «Ҷашни Сада» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардид.
Ҳамчунин, боиси ифтихор аст, ки номинаи мустақими Ҷумҳурии Тоҷикистон «Анъанаи бофтани атласу адрас» ва номинаи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Туркия «Тазҳиб – санъати зарҳалкорӣ» низ ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид гардиданд.
Хайрандеш соҳиби мақоми сеюм шуд
Дастпарвари мактаби варзишии вилояти Хатлон Хайрандеш Муродзода дар рӯзи ҳафтуми Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу -2022 барои Тоҷикистон медали чаҳорумро ба даст овард.
Мавриди зикр аст, ки Хайрандеш Муродзода дастпарвари Мактаби варзишии вилоятӣ ба номи Саидмумин Раҳимов мебошад.
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...