Илму маориф дар меҳвари Паём
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 29 декабр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 334
Аз муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки дар низоми кунунии сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон илм ва маориф мавқеъ ва манзалати хоссае дорад, зеро бидуни маорифи рушдёфта ва бе таълиму тарбияи насли наврас бунёди ҷомеаи солиму пешрафта имконнопазир аст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки: «Рушди илму маориф калиди рушди ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳими таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа мебошад”.
Давлату Ҳукумати мамлакат соҳаи маорифро соҳаи афзалиятноки фаъолияти худ қарор дода, бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат тамоми нерую тавоноии хешро ба ин самти ҳаётан муҳими кишвар равона карда, барои таълиму тарбияи босамари хонандагону донишҷӯён дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ иқдомҳои заруриеро рӯйи кор оварда истодаанд.
Инчунин, дастгирии таҳқиқоти илмӣ тавассути боло бурдани таъсиси марказҳои илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ҳамкориҳои муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот муҳим арзёбӣ гардид. Гуфта шуд, ки оид ба рушди сармояи инсонӣ тадбирҳои лозима андешида, донишмандони асилро бояд тарбия намуд.
Мансур Нуралиев,
омӯзгори кафедраи психологияи ДДБ ба номи Носири Хусрав
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
28-12-2023, 16:56
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...