Паём-пайки осоишу ободӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 29 декабр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 197
Паёми ироагаштаи имсола аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии кишвар ва халқи шарифи Тоҷикистон пайки хушиву созандагӣ, ободкорӣ, ғамхории беназир нисбати тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ буда, хусусият ва вижагии хоси худро дошт. Ин Паём таҳлили ҳамаҷонибаи тамоми соҳаҳо, фаъолияти самтҳо дар соли сипаригардида аст ва ҳидояту роҳнамоиҳои созандаи Сарварамон моро муваззаф месозад, то дар иҷрои вазифаву уҳдадориҳои худ аз тамоми имконот, малака, қувва ва донишу маҳоратамон истифода барем.
Зимни ироаи Паём ҳар лаҳза эҳсос мешуд, ки Сарвари кишварамон инсонро меҳвари асосии ҳастӣ дониста, зиндагии шоиста, сиҳатии омма, дараҷаи илму маърифатнокгардии ӯро борҳо таъкид намуданд.
Баланд бардоштани музди маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷавӣ, идрорпулиҳо, нафақа аз 30 то 40 фоиз - ин ҳама шаҳодати болоравии сатҳи зиндагӣ ва роҳ сӯйи созандагиҳост. Алалхусус, ҳар нафаре, ки имрӯз рисолати бузурги таълиму тарбияи насли наврасро ба дӯш дорад, бояд масъулиятро дар ин ҷодаи муқаддас дучанд намояд.
Пешвои миллат таъкид доштанд, ки вақте миллат бесавод монд, рӯ ба бадбахтию ҷаҳолат меорад. Донистани забонҳои хориҷӣ, истифодаи мақсадноки технологияи иттилоотӣ, омӯзиши амиқи фанҳои дақиқ ва риёзӣ аз вазоифи муҳимми аҳли илму маорифи муосир аст.
Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 гувоҳӣ аз он медиҳад, ки дар ҷомеаи Тоҷикистони имрӯза қадру манзалати инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ пурра ҳифз мешаванд.
Дар анҷом Пешвои муаззами миллат оид ба бузургиву беназирии модар, эҳтирому арҷгузорӣ нисбат ба ин олиҳаи беҳамтои ҳаётофар суханҳои воло ва пурарзиш гуфта, мардумро ба дӯст доштани якдигар, тифоқу бародарона пайи ободии кишвар будан даъват намуд.
Шаҳло Насруллоева,
директори литсейи давлатии «Ориёно»-и шаҳри Бохтар
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...