«НЕРУИ СУХАН». Озмуни беҳтарин маводи журналистӣ барои дарёфти Ҷоизаи Раиси вилояти Хатлон доир мегардад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 29 декабр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 269
Дар вилояти Хатлон Озмуни беҳтарин маводи журналистӣ барои дарёфти Ҷоизаи Раиси вилояти Хатлон таҳти унвони «Неруи сухан» доир мегардад. Дар озмун рӯзноманигорон ва кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилояти Хатлон, намояндагони расонаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалие, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон фаъолият доранд, иштирок намуда метавонанд.
Озмуни «Неруи сухан» аз рӯйи номинатсияҳои зерин доир мешавад:
— «Беҳтарин мақолаи таҳлилӣ»
— «Беҳтарин барномаи телевизионӣ»
— «Беҳтарин барномаи радиоӣ, маводи чандрасонаӣ ва интернетӣ»
— «Беҳтарин рӯзномаи шаҳрӣ (ноҳиявӣ)»
— «Беҳтарин маҷалла ва нашрияи соҳавӣ»
— «Беҳтарин лавҳаи телевизионӣ ва фоторепортаж дар бораи мавзеъҳои сайёҳӣ ва ҳунару анъанаҳои мардумӣ»
— «Беҳтарин сомонаи интернетии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»
— «Беҳтарин наворбардор /саҳифабанди нашрия»
— «Беҳтарин котиби матбуотӣ»
— «Рӯзноманигори соҳибмактаб».
оғоз гардидааст.
Муҳлати пешниҳоди ариза барои иштирок дар озмун аз 1 то 31 январ муқаррар шудааст.
Маводи журналистии ба озмуни вилоятии «Неруи сухан» пешниҳодшуда бояд тавассути радио ва телевизион, рӯзномаю маҷаллаҳо ва шабакаи интернет дар марҳилаи аз 1 январ то 30 декабри соли 2023 пахш ва ё нашр гардида бошад.
Маводи чопӣ ва интернетӣ дар шакли нусхаи саҳифаи рӯзнома ва сомона бо ишора ба манбаъ ва санаи нашри мавод қабул мешавад. Маводи аудиоӣ ва телевизионӣ бо пешниҳоди афзори CD/ DVD ё FSV, ҳамзамон бо нусхаи сенарияи мавод бо забон ва замони пахши барнома бояд пешкаш гардад.
Дар озмун онҳое, ки давоми сол дар як мавзӯъ силсилаи матлабҳо омода намудаанд, бартарӣ хоҳанд дошт. Ҳар як рӯзноманигор ва гурӯҳи эҷодӣ танҳо аз рӯйи як номинатсия ба мукофот довталабӣ карда метавонад.
Ҳар як иштирокчии озмун (ё гурӯҳи эҷодӣ) бояд на кам аз 5 мавод пешниҳод намояд.
Ҳайати ҳакамон ҳуқуқ дорад, ки дар ҳолати ба талаботи номинатсия ва шартҳои озмун ҷавобгӯ набудани маводҳои пешниҳодкардаи довталабон, Ҷоизаи “Неруи сухан”-ро ба ҳеҷ кадоме аз довталабон мансуб надонад.
Маводи журналистии ба озмуни вилоятии «Неруи сухан» пешниҳодшуда бояд тавассути радио ва телевизион, рӯзномаю маҷаллаҳо ва шабакаи интернет дар марҳилаи аз 1 январ то 30 декабри ҳамон сол пахш ва ё нашр гардида бошад.
Тибқи низомнома, озмуни мазкур дар Рӯзи матбуоти тоҷик – 11 март ҷамъбаст гардида, ба ғолибон ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ аз рӯйи 10 номинатсия Сипоснома ва мукофотпулӣ тақдим мешавад.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00