Таъсиси Филиали кафедраи библиографияшиносӣ ва китобхонашиносӣ Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дар назди Китобхонаи вилояти Хатлон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 декабр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 221
Дар шаҳри Бохтар маросими кушодашавии филиали кафедраи библиографияшиносӣ ва китобхонашиносӣ Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар назди китобхонаи вилоятии оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин доир гардид.
Дар чорабинии мазкур ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Низомӣ Муҳриддин Зайниддин, китобдорон ва масъулини китобхонаҳои вилояти Хатлон иштирок доштанд.
Зимни мулоқот гуфта шуд, ки кушодашавии филиали кафедраи мазкур дар шаҳри Бохтар барои рушди соҳаи китобдорӣ дар вилояти мусоидат намуда, аз баъд довталабон метавонанд, дар шакли фосилавӣ (ғоибона) ҳуҷҷатҳои худро ба кафедраи мазкур супорида, таҳсили худро ба Душанбе нарафта дар Бохтар идома диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат и Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода тирамоҳи имсол чунин филиали кафедраи библиографияшиносӣ ва китобхонашиносиашро дар шаҳри Кӯлоб низ ифтитоҳ намуда буд.
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00