Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » “Хатлон-1” ғолиби “Гузариш-2023” шуд


“Хатлон-1” ғолиби “Гузариш-2023” шуд




Дар майдони захиравии Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявии «Гузариш», ки бахшида ба хотираи собиқ дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон Ислом Маҳмадшоев роҳандозӣ шуда буд, ҷамъбаст гардид.

Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2024 миёни “Истиқлол”-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб рӯзи 11 майи соли оянда баргузор мешавад.

Дастпарварони Клуби варзишии «Ҳоҷӣ Шариф» дар мусобиқаи бонуфузи байналмилалии даставӣ оид ба гӯштини ҷудо, ки дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон доир мешавад, иштирок менамоянд. Дар ин хусус АМИТ “Ховар” хабар медиҳад.

Дар мусобиқа ҳашт мунтахаби минтақавӣ ба ду гурӯҳ тақсим шуда, байни ҳам рақобат намуданд. Дар натиҷа, аз марҳилаи гурӯҳӣ ду дастаӣ ба даври навбатии мусобиқот роҳ ёфта, рақобатро барои медалҳо идома доданд. 

Барои мақоми сеюм дастаи «Хатлон-2» бо дастаи «Душанбе» рақобат намуда, дастаи «Хатлон-2» бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд ва барандаи мақоми сеюми мусобиқа гардид.

Барои мақоми аввали мусобиқа дастаҳои «Душанбе-1» ва «Хатлон-1» байни ҳам дидор анҷом доданд, ки бозингарони дастаи «Хатлон-1» бо ҳисоби 2:1 ғалаба намуда, барандаи мусобиқаи «Гузариш» дар соли 2023 шуданд.

Мавриди зикр аст, ки ҳадафҳои аслии ин мусобиқот дар баробари таблиғ, оммавӣ намудани футбол ва муайян кардани ғолибон, инчунин имкони дарёфти бозигарони нав барои дастаҳои лигаҳои олӣ ва якуми Тоҷикистон мебошанд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода