Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Ахбори криминалии Хатлон


Ахбори криминалии Хатлон




Сокини Вахшро корд заданд

Як ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Вахш бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд.


10-уми ноябри соли 2023, бо ҳамроҳии бародар ва тағояш дар кӯчаи А.Ҷомии шаҳри Душанбе аз ҳиссиёти авбошӣ бо ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Вахш муноқиша намуда, ӯро мавриди лату кӯб қарор додаанд.

Гуфта мешавад, ки гумонбаршаванда дар рафти муноқиша аз ҷайби худ корд бароварда, ба шиками ҷабрдида як маротиба зарба задааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.




Кӯдаки 7-сола фавтид

Дар пайи як садама пи ёдагарди хурдсол Товушев Ё.И. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

15-уми декабри соли 2023 ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Қурбонов Ҳукмиддин, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти “Ориён”-и ноҳияи Кӯшониён аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Товушев Ёсинҷонро пахш намудааст.

Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Дар пайи як садама ду нафар ҳалок шуд

Дар як садамаи  нақлиётӣ, ронандаи автомашинаи тамғаи “ДЭУ-Нексия”, Қараев Л.С. ва мусофираш Пулатова Райҳона, сокини шаҳри Кӯлоб, ба ҳалокат расидаанд.

ВКД ҶТ иттилоъ медиҳад, ки ҳодиса 15 декабри соли 2023 рух додааст. Ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Версу» С. Мирзоев, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз хиёбони И.Сомонӣ ба самти Ҷамоати деҳоти “Зиракӣ”, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “ДЭУ- Нексия”, таҳти идораи ронанда, Қараев Лутфулло бархӯрдааст.

Ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Версу”, Мирзоев С.А. дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода