Ахбори ҷаҳон дар "Хатлон"
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 декабр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 245
«Shachihoko-ya» -тарабхонае, ки шаллоқ ҳам дорад
Ба ин тарабхона мизоҷон аслан барои хӯрдани шаллоқ меоянд. Дар баробари ғизо, муштариён барои задани торсакӣ низ маблағ пардохт мекунанд.
Аҷиб он аст, ки воқеан ҳам одамоне ҳастанд, ки барои як хидмати иловагии ғайриоддӣ 2 доллар пардохт кардан мехоҳанд - пешхизмат ба меҳмон наздик шуда, ба рӯи ӯ як торсакӣ мезанад. Баъзе одамон якбора аз ҷониби якчанд корманд латукӯб шуданро афзал медонанд.
«Shachihoko-ya» соли 2012 дарҳои худро ба мизоҷон боз кард. Аммо тиҷорат танҳо вақте ривоҷ ёфт, ки пешхизматон муштариёнро торсакӣ заданд. Дар баъзе мавридҳо ба мудирият лозим омадаст, ки пешхизматони иловагиро киро кунанд.
Мизоҷоне ҳастанд, ки торсакиро аз пешхизматони «дӯстдошта» афзалтар медонанд. Арзиши чунин хизматрасонӣ гаронтар мешавад - 3,40 доллар.
Писарбача пас аз 6 сол пайдо шуд
Писарбачаи бритониёӣ, ки шаш сол пеш нопадид шуда буд, метавонад ба зудӣ ба хона баргардад. Ӯро як ронанда дар канори роҳ дар ҷануби Фаронса пайдо кард.
CNN иттилоъ медиҳад, ки Алекс Батти аз 11-солагиаш, пас аз он ки соли 2017 бо модар ва бобояш, ки парастории қонунии ӯро надоштанд, ба Испания рафта буд, нопадид гардид.
Батти, ки ҳоло 17-сола аст, дар Ҳот-Гаронна, дар наздикии шаҳри Тулузаи Фаронса пайдо шуд. Мақомоти Фаронса гуфтанд, ки Батти метавонад рӯзҳои наздик ба назди оилааш - ба Британия баргардад.
Дар пайи заминларза беш аз 100 нафар ҳалок шуд
Бар асари заминларзае, ки дар шимолу ғарби Чин рух дод, дасти кам 149 нафар кушта ва 780 нафар маҷрӯҳ шуданд. Наҷотдиҳандагон дар ҳавои сард - дар ҳарорати аз -13°С, ҷустуҷӯро идома дода истодаанд.
Заминларза 19 декабр нисфи шаб дар музофоти Гансу рух дода, биноҳо ва инфрасохтори вилояти Гансу ва вилояти Тсинхайи ҳамсоя хароб шуд.
Бино ба маълумоти Хадамоти геологии ИМА (USGS), шиддати заминларза 6,2 балл ва умқи маркази заминларза 10 километрро ташкил додааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.
Д. Қурбон, «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...