Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ФУТБОЛ . Камбэки «Равшан» дар бозӣ бо «Куктош»


ФУТБОЛ . Камбэки «Равшан» дар бозӣ бо «Куктош»



Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар бозии мавқуфмондаи даври сеюми марҳилаи сеюми чемпионати Тоҷикистон-2023 дар гурӯҳи «А» бо дастаи «Куктош»-и Рӯдакӣ рақобат намуд. 

Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб доир гардид, ки бозӣ бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт. Ҳарчанд, дар қисми якум дастаи «Куктош» ба дарвозаи соҳибони майдон ду гол ворид намуданд, вале бозингарони «Равшан» дар қисми дуюм ба ду голи меҳмонон ҷавоб гардониданд.

Мавриди зикр аст, ки баъд аз анҷоми ин даври Чемпионати Тоҷикистон-2023 дастаи «Равшан» бо 35 имтиёз дар мақоми дуюм ва дастаи дигари вилоят «Файзканд» бо 26 имтиёз дар мақоми панҷум қарор дорад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода