Иҷрои қарзи фарзандӣ нишонаи камолоти ҳар як ҷавонмард аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 декабр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 287
Саидабдулло Асадуллоев аз зумраи ҷавононе мебошад, ки пас аз хатми факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваста, хизмати Модар-Ватанро сарбаландона адо намуд.
-Чӣ боис шуд, ки ба Сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайвастед?
-Шукри Истиқлоли давлатӣ, ки имрӯз мо дар Ватани худ барои ҳифзи марзу буми кишвар вазифаи шаҳрвандиро ба ҷо меорем. Пеш аз ҳама, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти иҷрои қарзи шаҳрвандиву фарзандӣ дар назди Ватан- Модар боис гашт. Ман соли 2022 бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, имрӯз онро бо сари баланд адо намудам. Воқеан, хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад. Вақте мо Ватан мегӯем, моро ифтихор фаро мегирад, ки мо ватандору давлатдор ҳастем. Имрӯз агар мо ватани худро ҳимоя накунем, ягон бегона омада моро ҳимоят намекунад.
Хизмат ба Ватан ин хизмат ба падару модари худ, ба хоҳару додари худ ва ба оилаи худ мебошад, чунки маҳз сарбозон шабонарӯзӢ дар марзи давлатӣ истода, моро аз душманон ҳифз мекунанд.
-Шароити буду бош дар қисмҳои ҳарбӣ имрӯз чӣ гуна аст?
-Дар ҳақиқат, имрӯз чи гунае, ки мо мушоҳида мекунем, баъзе аз ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ кардан саркашӣ доранд. Имрӯз шароит барои адои хизмат бо шарофати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле хуб шудааст. Як соле, ки ман дар хизмат будам, масъулин пайваста аз ҳоли мо хабар мегирифтанд ва он хурдтарин мушкилоте ки доштем, шинос мешуданд, барои саривақт бартараф намудани онҳо кушиш менамуданд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои миллат ҳамеша ғамхорӣ сарбозон ва афсарон аст.
Ба ҳамватанон, махсусан ба ҷавонон муроҷиат намуда, гуфтаниям, ки ба ҳар гуна овозаҳое, ки паҳн мешавад, бовар накунанд.
Он овозаҳо ягон асос надорад. Волидайн бо дили пур фарзандонашонро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел намоянд.
- Чи хотироте аз хизмати ҳарбӣ доред?
- Воқеан бисёр хотираҳои ҷолиб ва фаромӯшнаванда дорам. Барои ман бисёр хурсандиовар аст, ки дар қисми ҳарбӣ аз тамоми гӯшаю канори кишвар ҷавонон хизмат менамуданд, ки дар ин муддат мо бо ҳам дӯсту рафиқ шудем. Ба якдигар аз даврони мактабхонӣ, донишҷӯӣ ва ҳаёти худ қисса мекардем, суруд мехондем, рақсу бозиҳо мекардем, латифаю шӯхӣ мекардем. Ин бисёр лаҳзаҳои фаромӯшнашаванданд. Машқҳои сафороӣ, қадамзанӣ, шеърхонон ба ошхона рафтан ва дигар машғулиятҳо барои мо нотакроранд.
- Вақте билети ҳарбиро ба даст гирифтед, худро чигуна ҳис намудед?
- Бисёр саволи хуб. Он эҳсосотро гуфтан хело душвор аст. Лаҳзае, ки билети ҳарбиро ба даст гирифтам, маро яку якбора ҳам шодиву ҳам ғам маро фаро гирифт. Шодиву хурсандии ман аз он буд, ки бо сари баланд хизмати Модар-Ватанро адо намуда, ба назди падару модар ва дӯстонам бармегардам. Ғамгин аз он будам, ки аз ёру дӯстони навам ҷудо мешавам. Бояд бигӯям, ки аз ёру дӯстоне, ки тӯли як сол бо онҳо дар як миз нишаста хӯрок мехӯрӣ, дар хона хоб меравӣ ва дар якҷоягӣ тамрин мекунӣ, роз мегӯӣ ҷудо шудан бисёр мушкил аст. Вақте аз қисми ҳарбӣ берун мешудам, ашки чашмам рехт.
Боварӣ дорам, ки дӯстии мо бо ҳамин ба охир намерасад. Мо пайваста бо ҳам дар алоқаем ва дар алоқа хоҳем монд. Дӯстии мо идома меёбад.
- Абдулло, дар охир ба ҳамсолони худ чӣ гуфтаниҳо доред?
- Танҳо аз ҳама ҷавонон даъват ба амал меорам, ки бо як ҳисси баланди ватандӯстӣ ва бо дили пур рафта қарзи фарзандию шаҳрвандии худро иҷро кунанд.
- Ташаккур барои суҳбат!
Суҳбаторо Алишери Абдулмаҷид,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...