Сулолаи ҳомиёни тартибот
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 ноябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 315
Кормандони милитсия дар касби пуршарафи худ содиқ буда, фаъолияти хешро хуб ба роҳ мондаанд ва баҳри пешгирии ҷинояткорӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, ҳифзи ҳаёт ва саломатии мардум саҳми арзанда доранд. Дар сафи ин ниҳод сулолаи оилаҳое ҳастанд, ки баҳри таҳкими волоияти қонун, риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорию қонуншиканиҳо корҳои назаррасеро ба анҷом расондаанд.
Тасмим гирифтем, ки дар ин мавод аз фаъолияти як сулолаи оилавии кормандони милиса қисса кунем.
РОҲИ ҶАНГИИ ПАДАР
Саид Табаров дар ноҳияи Балҷувон ба дунё омадааст. Хабари оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба кӯҳистони дурдасти Балҷувон низ расид. Мардони далеру шуҷои балҷувонӣ ба ҳифзи Ватани хеш бархостанд. Саиди 17-сола низ дар қатори онҳо соли 1943 ба фронт рафт. Дар ҳайати фронти якуми Украина-Белорусия, полки гвардиячиён ба ҳайси пулемётчӣ душманро саркӯб карда, ба лонааш –Берлин бурд. Дар озод кардани Прага иштирок намуд. Ҳангоми вориди Берлин шудан далерию қаҳрамонӣ нишон дод. Бо пулемёт гурӯҳи 40-нафараи ҷангиёни гитлериро, ки дар бинои вайронае камин гирифта, ба аскарони сурх муқобилият нишон медоданд, тирборон намуд. Дар ин задухӯрд душман маҳв карда шуд.
Барои далерию шуҷоат тоҷикписари балҷувонӣ бо ордену медалҳои зиёди ҷангӣ мукофотонида шуд. Ӯ дар майдони ҷанг ду маротиба ҷароҳати вазнин бардошта, дар госпиталӣ ҳарбӣ табобат гирифт. Баъди табобат боз ба майдони муҳориба баргашт. Саид Табаров Рӯзи Ғалабаи Армияи сурхро дар Берлин истиқбол гирифт. Соли 1945 бо сари баланд ба Ватан баргашт.
Дар ин солҳо вазъият дар Тоҷикистон низ хуб набуд. Гуруснагию беморӣ авҷ гирифт. Ба болои ин, дузду ғоратгарон бо роҳи таҳдид молу мулки мардумро ба ғорат мебурданд. Ӯ ба сафи милиса шомил шуда, дар ноҳияи Балҷувон мубориза-ро бар зидди бедодгарон оғоз намуд. Бо мурури вақт тартиботи ҷамъиятӣ барқарор карда шуд.
Соли 1959 фаъолияти худро дар сафи милитсия дар шаҳри Душанбе идома дод. Ба ҳайси ронанда бо гурӯҳи навбатдорон дар кӯчаҳои шаҳр тартиботи ҷамъиятиро ҷорӣ мекарданд. Дар яке аз навбатдории ӯ дар назди театри ба номи Маяковский ҷиноят содир карда шуд. Сокинон ба тамошои филм дар ин ҷо ҷамъ омада буданд. Ҷинояткоре марди дар навбати чиптагирӣ истодаро бо корд зада, аз ҷойи ҳодиса фирор кард.
Саиди зираку ҳушёр бо мошини худ ҷинояткорро дунболагирӣ карда, борҳо ӯро огоҳ намуд, ки таслим шавад. Вале қотил бо таҳдидҳои зиёд аз корманди милиса мегурехт. Оқибат Саид дар маҳаллаи “Гипрозем” ба ӯ расида гирифт ва қотилро дастгир намуд. Дар рафти бурдани тафтиш маълум шуд, ки қотил қаблан боз 38 ҷинояти вазнин содир карда будааст. Корнамоии Саид Табаров аз тарафи роҳбарият қадрдонӣ карда шуд. Ба ӯ барои азнавсозии хонаи зисташ, ки куҳнаю фарсуда шуда буд, масолеҳи сохтмонӣ ҷудо карда шуд.
Саид Табаров то соли 1950 дар соҳаи милитсияи тоҷик кор карда, хизматҳояш бо Диплому ифтихорномаҳо, туҳфаҳои молию пулӣ ва нишони “Аълочии милитсияи Иттиҳоди Шӯравӣ” қадрдонӣ шудааст...
ҒАМХОРИ МЕҲТАРОН
Зиндагӣ бо орзу ширин аст. Аз ин рӯ, инсон дар дил орзуи нек парварида, барои амалӣ намудани он азму талош меварзад. Валиҷон Табарзода аз зумраи чунин инсонҳост. Ӯ барои ба орзуи худ расидан кӯшиши зиёд намуда, дар ин ҷода муваффақ ҳам шудааст...
Валиҷон зодаи ноҳияи Данғара аст. Синфи 8-умро дар мактаби №1-и ноҳия хатм карда, ба омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №57-и ноҳия, бахши мошинӣ-тракторӣ ҳуҷҷат супорид. Таҳсили сесоларо бомуваффақият хатм намуда, соҳиби касб
шуд. Дар давраи мактабхонӣ дар ҳаёти Валиҷон тасодуфе рух доду бо ҳамин дар қалби кӯчакаш орзуи кормандони милиса шудан маскан гирифт. Падараш меҳнати соҳаи милиса буд. Ҳамон рӯзи тақдирсоз падар дар ҳуҷраи истироҳатӣ қарор дошт. Валиҷон аз мактаб омада буд. Чашми ӯ ба либосҳои милисагии падар афтод. Эҳсосоташ боло гирифту либосҳоро ба бар карда, худро дар оинаи барқад хеле тамошо намуд.
Либоси милисагӣ ҳарчанд ба танаш калонӣ мекард, аммо ба вай зебида буд. Ӯ назди падар рафта, “падарҷон, чӣ тавр?” -гӯён худро нишон дод. “Зебидааст”, гуфт хурсандона падар аз мақсади писар огоҳ шуд. Ҳамон рӯз ба хонаи онҳо Донахон Нодирхонов ном хеши падариаш, ки дар Вазорати корҳои дохилӣ кор мекард, меҳмон шуд. Аз орзуи Валиҷон огоҳӣ ёфта, розигии Саид-акаро пурсид, то бачаро ба мактаби милиса дохил кунад. Падар розӣ нашуд. “Аввал аз мактаби ҷасорату далерӣ-хизмати аскарӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ гузарад, баъд мехонад”,- гуфт.
Валиҷон бо хоҳиши худ соли 1981 ба хизмати низомӣ рафт. Хизматро дар Флоти баҳрии уқёнуси Ором оғоз карда, се сол содиқона хизмат кард. Комбриги қисми ҳарбӣ Савелев чолокию зиракӣ, интизоми намунавӣ, донишу малакаи хуб ва забондонии ӯро ба назар гирифта, ба ӯ тавсия дод, ки ба мактаби чорсолаи милитсияи Владивостоки давлати Россия дохил шавад.
Валиҷон ба ин розигӣ дода, бо дастгирии комбриг ба мактаби милитсия дохил шуд. Сипас, ӯ ин хабари хушро ба падар расонда, аз қиблагоҳ дуо гирифтанӣ шуд. Вале падар “Се сол дар хизмати ҳарбӣ будӣ, боз 4 соли дигар дар мактаби милитсия таҳсил кунӣ, ман 7 сол туро интизор шуда наметавонам”, гӯён Валиҷонро ба Ватан хонд. Ҳамин тавр ҷавон ҳуҷҷатҳояшро аз мактаби милитсия гирифта, назди волидон баргашт.
Валиҷони дилбохтаи касби милитсия худи ҳамон сол (моҳи ноябри соли 1984) бо тавсияи ташкилоти комсомолӣ ба шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Норак ба кор омад. 6 моҳи аввал аз имтиҳони санҷишӣ гузашта, баъд ба ҳайси милитсияи қаторӣ ба фаъолият оғоз кард. Баъди чанде ӯ Мактаби милитсияро хатм карда, бо роҳхати ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Данғара фиристода мешавад ва корро ба сифати корманди бахши оперативии ШКД-и ноҳияи шурӯъ менамояд. Падар ба писар маслиҳат дод: -Писарам, кори ту ошкор кардани ҷинояткорӣ аст. Ба ин хотир бояд дар зодгоҳат, яъне дар ҷое, ки таваллуд шуда, ба камол расидаӣ, кор накун. -Чаро?-ҳайратангез сабаб пурсид Валиҷон.
-Зеро дар ин ҷо ҳамсоя, хешу табору ёру дӯстони зиёд дорӣ. Мабодо нафаре аз онҳо бо ҷинояте дастгир шаванд, аз ман кумак мепурсанд. Ту хоҳиши маро, тибқи қонун, иҷро карда наметавонӣ. Ман аз ту меранҷаму ҳамсояҳо аз ман хафа мешаванд. Хотирбинӣ дар кори милиса амали бегона аст,-фаҳмонд падар. Ҳамин тавр, ҷавон корро дар ШКД-и шаҳри Бохтар идома дод.
Валиҷон Табарзода солҳои даҳшатбору бесомониҳои баъди ҷанги шаҳрвандиро (1992) ба ёд меорад. Дар шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Қӯрғонтеппа (Бохтари ҳозира) ба ҳайси корманди оперативӣ ва баъд сарнозири минтақавӣ фаъолият мекард. Вазъ дар шаҳр ҳамоно ноором буд. Идораю коргоҳ ва хонаҳои сокинон сӯхтаю валангор гашта, мардум фирорӣ шуда буданд. Махсусан бинои шуъбаи корҳои дохилии шаҳр ва Раёсати корҳои дохилии вилоят сӯхтаю корношоям гардида буд. Аксарияти кормандон низ бо сабабҳои гуногун шаҳрро тарк карданд. Дар кӯчаю маҳаллаҳо низом аз даст рафт, тартиботи ҷамъиятӣ риоя намегардид. Дар ин ҷо танҳо 8 нафар корманди милиса монда буд. Аз вазъияти ноором дузду авбошон ва ҷинояткорони силоҳбадаст дар шаҳр ба ғорату таҳдид ва куштору ғасби манзили зист ва молу мулки аҳолӣ даст мезаданд. Махсусан онҳо шабона ҳукмрони шаҳр буданд.
Бозори марказии шаҳр дар он рӯзҳо ба тамом сӯхта, ба вайрона табдил ёфта буд. Барои барқарорсозии он қувваи корӣ намерасид, аз тарафи дигар нафарони силоҳдори мансабхоҳ бозорро аз худ карданӣ мешуданд. Дар чунин вазъият барқарорсозии тартиботи ҷамъиятӣ ва ободонии бозор номумкин буд.
Фронти халқӣ ба ин кор сарнозири минтақавӣ Валиҷон Табарзода ва 7 нафар милисаи ба касби худ содиқро вобаста кард. Онҳо тӯли 5 сол тартиботи ҷамъиятиро ба қадре ба низом дароварда, аҳолии дар шаҳр мондаро ба кори ободонии бозор ҷалб сохтанд.
Дар ҳамон шабу рӯз корманди милиса Умар Каримов аз дасти гурӯҳи ҷиноятпешаи силоҳбадаст кушта шуд. Валиҷон Табарзода қотилро дар ҷойи ҳодиса дастгир намуд. Ҳамин тавр, вазъ муътадил гашта, тартиботи ҷамъиятӣ низ ба низом медаромад. Мардуми гуреза ба манзили худ бармегашт. Ҳаёт гӯё аз нав ба ҷараёни тоза ҷорӣ мешуд. Раёсату шуъбаҳои корҳои дохилӣ барқарор шуданд. Валиҷон 1999 мактаби олии милисаи Тоҷикистонро бо Дипломи сурх хатм намуд. Раёсати ВКД сарварии шуъбаи кофтукови ҷиноятҳои солҳои пешинро ба уҳдаи ӯ вогузоштанд. Дар ин вазифа низ содиқона хизмат карда, дар самти пешгирӣ ва ошкор кардани ҷиноятҳои гуногун ва дастгир намудани ҷинояткорон амалиётҳои фавриро сомон дод.
Валиҷон Табарзода солҳои баъдӣ дар вазифаҳои сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияҳои Тавилдара, Вахш, Ҳисор, Варзоб, Синои шаҳри Душанбе, муовини сардори Раёсати ВКД ҷумҳурӣ дар вилояти Хатлон босамар кор кард.
-Барои бо муваффақияти назаррас соҳиб шудан ва пешгирии ҷинояткорию риояи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини осудагии мардум ягон кашфиёти бузурге кардан лозим нест,-мегӯяд Валиҷон Табарзода.-Танҳо ҳисси масъулиятшиносӣ ва дӯст доштану эҳтиром кардани касбу кори худ лозим асту бас. Вақте, ки кас аз пайи касбе нон мехӯрад, онро бояд эҳтиром намояд, то аз меҳнати худ барака ёбад. Бале, ҳақ бар ҷониби Валиҷон Табарзода аст. Ӯ ва ҳампешагонаш касби худро дӯст доштанду эҳтиром карданд ва пайваста зафарёб шуданд.
...Сулолаи оилавии Табарзодаро дар соҳаи милитсия писараш Фирӯз Саидов, насли сеюми оила, идома медиҳад. Ӯ хатмкардаи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Капитани милиса сарварии шуъбачаи милитсияи деҳоти Туркманистони ноҳияи Вахшро ба уҳда дорад. Ӯ аз рӯзҳои аввали ба фаъолият шурӯъ намудан ба мардум унс гирифт ва дар ҳамкорӣ ба аҳли маҳалла баҳри таҳкими волоияти қонун, риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорию қонуншиканиҳо, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ корҳои назаррасеро ба анҷом расондааст...
Валиҷон аз зумраи онҳоест, ки тавассути меҳнати ҳалол, ба касб содиқ будан обрӯ гирифт. Ӯ беш аз 37 сол дар соҳаи милитсия кор карда, аз милисаи қаторӣ то полковники милиса расид. Аълочии милисаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, сазовори 13 ордену медал мебошад. Соли 2004 ба гирифтани ордени “Спитамен” дараҷаи II шарафёб гардид. Моҳи августи соли 2021 ба нафақа баромаду боз дилаш қарор нагирифта, назди шогирдону ҷавонон рафта, ба онҳо маслиҳат медиҳад, онҳоро барои содиқ будан ба касб роҳнамоӣ мекунад.
Бо ҷавонон ва мактаббачагон вохӯрда, онҳоро ба роҳи ростию покӣ, дӯст доштани Ватан, эҳтироми калонсолон ҳидоят мекунад. Поковники мустаъфӣ Валиҷон Табарзода аз соли 2021 раиси Шӯрои собиқадорон ва нафақагирони Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон таъин гардид. Ин вазифаи ҷамъиятии пурмасъулиятро низ содиқона ва бо меҳру муҳаббати зиёд иҷро карда меояд. Ӯ имрӯз, ба қавле, ҳамии меҳтарон гаштааст. Шӯро дар 25 шаҳру ноҳия 4655 аъзо дорад. Раиси нави Шӯро корро аз ба тартиб даровардани ҳуҷҷату ҳисобу китоб ва рӯйхати аъзоён, таъсиси гӯшаҳои аъзои Шӯро, ки дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва иҷрои вазифаҳои хизматӣ фавтидаанд, аъзои фаъоли имрӯзаи Шӯро шурӯъ намуд. Бо кумаки бевоситаи сардори Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Нозимзода Файзулло Ватан ба Шӯро ҳуҷраи алоҳидаи бо таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир ҷиҳозонидашуда ҷудо карда шуд.
Шӯрои меҳтарон фаъолияти хешро дар ҳамаи шуъбаҳои милитсияи шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷоннок намуда, аъзоёнро дастгирӣ мекунанд.
Онҳо тез-тез аз ҳолу аҳволи собиқадорон огоҳ шуда, ба аёдаташон мераванд, ба онҳо кумакҳои молию пулӣ ва ғизоӣ расонида мешавад. Махсусан дар рӯзҳои иду ҷашнҳои фарҳангию сиёсӣ бо иқдоми неки раиси Шӯро Валиҷон Табарзода ба меҳтарони барҷомондаю маъюб барои табобат дорую кумаки тиббӣ мерасонанд ва дастархони идона мекушоянд.
... Суҳбати мо бо раиси Шӯрои собиқадорон ва нафақагирони Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон Валиҷон Табарзода дар арафаи иди касбии кормандони милитсия-10 ноябр баргузор гардид. Ӯ дар шахсияти сардори Раёсати ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон генерал-майори милитсия Нозимзода Файзулло Ватан ҳамкасбони худ, ҳомиёни тартиботи ҷамъиятиро самимона табрик намуда, барояшон барои фароҳам овардани тинҷию осудагӣ ва рӯзгори мардуми шарифи вилоят, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ба касби худ содиқ буданро таманно намуд.
Р.S. Кам нафаронеро дучор омадаам, ки дар суҳбати нахустин дар бораи шуғли худ, ҳамкорон бо як шӯру шавқ ва эҳсосоти гарму ҷӯшон ҳарф зада бошанд. На, на, ӯ суҳбат намекард, балки, ба назарам, шеър мегуфт, тарона мехонд, достон месароид, васфашон мекард. Бо чашми худ медидам, ки чашмони мусоҳибам механдад ва ҳар гоҳ дар бораи ҳамкорон қисса менамуд, чеҳрааш мешукуфт, симои нуронии ӯ боз ҳам нуронитару ҷаззобтар мешуд...
С. АТТОР,
“Хатлон”
Аз идораи рӯзномаи “ХАТЛОН”
Дар ҳама давру замон кормандони милитсия пешоҳанг буда, бо ибтикори худ осоиштагии мардум, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва тартиботи ҷамъиятиро дар кишвар нигоҳ медоштанд ва онҳо дар оянда низ ин анъанаро равнақ дода, содиқ будани хешро дар назди халқу Ватан нишон хоҳанд дод. Иди касбиатон муборак, кормандони милитсия!
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00