Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » АВРОҚИ РАНГИНИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ


АВРОҚИ РАНГИНИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ


Соли 1995. 26-уми феврали соли 1995 (25 март даври дуюм) дар Тоҷикистон интихоботи парлумонӣ доир гардид ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон-аз парлумони якпала-тагӣ таъсис ёфт. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 апрел дар Иҷлосияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони тозаинтихобро табрик намуда, ба ҳамин маънӣ изҳор дошт, ки новобаста аз тарафдори кадом ҳизб будан, бояд пеш аз ҳама, хизматгузори халқ бошем. Ҳокимияти халқ, давлати демократӣ ҳаминро тақозо менамояд. 

Дар ин сол, бо вуҷуди он ки мувофиқа дар бораи оташбаси муваққатӣ ба расмият дароварда шуда, маҳбусон ва асирон озод гардида буданд, буҳрони шадиди сиёсӣ авҷ гирифт. Ба иддаои оппозитсия, гӯё интихоботи парлумонӣ бе пешниҳоди онҳо сурат гирифта бошад.  Дар асл бошад, ҷониби Ҳукумат зиёда аз як моҳ пешниҳоди мухолифинро интизор шуд, ки он бенатиҷа анҷомида буд.

Ҳамин тариқ, танҳо моҳи  апрел (аз 19 то 26-ум) тарафҳо дар шаҳри Москва сари мизи машварат нишаста, масъалаи мавзӯи гуфтушуниди оянда  дар бораи сохти давлатдорӣ ба миён гузошта шуд. Азбаски, машварат бе роҳбарияти сатҳи олӣ мегузашт, ин масъала ҳалли худро наёфт.

Бинобар ин, бо салоҳдиди тарафҳо аввалин вохӯрии Президенти мамлакат бо саркардаи тарафи мухолифин С. А. Нӯрӣ дар Кобул баргузор гардид ва дар он масъалаи ҳаллу фасли роҳ надодан ба муноқишаҳои беохир, таъмини оташбас, бозгашти тамоми муҳоҷирон ба ҷойи муқимии зисташон ва ба эътидол даровардани вазъияти сиёсӣ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор ёфт. Ба ин мақсад, тарафҳо изҳор доштанд, ки барои бартараф кардани муноқишаҳо ва расидан ба сулҳу салоҳ тамоми чораҳоро хоҳанд дид. Албатта, ба мувофиқа омадан ва аз майдони ҷанг ба фазои сулҳ баргаштан дар он шабу рӯз душвор буд, вале заруру ҳатмӣ дониста мешуд.  

Дар ин шабу рӯз вазъияти иқтисодии мамлакат, аз камчинии маводи аввалиндарҷаи ғизоӣ-орд душворӣ пеш оварда буд. Гуруснагӣ таҳдид мекард. Мардум, аз камтарин имконият истифода карда, рӯз мегузаронид. Дар дашту адир кишт мекарданд, ба умеде, ки оянда бенаво намонанд. 

Рубли русӣ, ки аз 1 январи соли 1994 ба инҷониб дар гардиш буд, вазъиятро ба эътидол оварда натавонист. Баръакс бо сабаби нарасидани пули нақд қарзи дохилӣ дар кишвар  раванди болоравиро гирифт, ки қисми зиёдаш маошу нафақаи пардохт-нашударо ташкил медод. Ҳамаи ин носозгориҳо зарурияти бечунучарои ба муомилот баровардани пули миллиро пеш овард ва бо ташаббуси Сарвари давлат Қарор дар бораи ба муомилот баровардани пули миллӣ ба тасвиб расид. Аз  10 май бошад, пули миллии Тоҷикистон, бо арзишҳои 1,5,10,20,50,100,200,500,1000-аи намунаи соли 1994 ба муомилот баромад. Вале ҳанӯз номи пештараи “меросӣ”-и худ “рубл”-ро дигар накарда буд. Яъне, 1 рубл, 5 рубл,...200 рубл,...1000 рубл   буданд асъори ба муомилот баровардашуда. 

Худи ҳамон сол якчанд ҳуҷҷатҳои муҳим, аз қабили Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи фонди манзил”, “Дар бораи ҳаракат дар роҳ”, “Дар бораи иҷора дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи ветеранҳо”, Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи раъйпурсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “ Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид. 

Дар ин баробар, бо вуҷуди душвориҳои дохилӣ Ҳукумати мамлакат, хоса Сарвари давлат баҳри ояндаи неки кишвар ба соҳаҳои мухталифи ҷомеа   таваҷҷуҳу ғамхориҳои зиёд зоҳир менамуданд. Агар 27 декабри соли 1993 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, пасон соли 1994 Қонун “Дар бораи Консепсияи мактаби миллии тоҷик” қабул гардида   бошад, дар ин асос соли 1995 “Низомномаи мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ” қабул шуд, ки он умед ба рушди соҳа ва ба танзим даромадани таълиму тарбияро дар мактабҳо дарак медод.  Моҳи августи ҳамон сол бошад, литсей – интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Душанбе таъсис ёфт, ки он роҳи васеъ ба ташкили мактабҳои типи навро кушод.

Бо назардошти вазъи душворӣ иқтисодӣ-иҷтимоии мардум пайи амалигардии Барномаи ислоҳоти иқтисодӣ барои солҳои 1995-2000-ум ва дигар барномаҳо Ҳукумати мамлакат чораҳои дахлдорро роҳандозӣ менамуд. Худи ҳамон сол, ба хотири раҳоӣ аз гуруснагӣ ва бо озуқа таъмин намудани бозори дохилӣ, ҳамчунин, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи 50000 гектар замин ҷудо намудан барои хоҷагии наздиҳавлигӣ” интишор ёфт, ки он минбаъд бори вазнини мардумро аз ордковӣ сабук гардонид.  Дар ҳақиқат, ин заминҳо, ки оянда “заминҳои президентӣ” унвон гирифтанду мардуми деҳот онро ҷиҳати истифодабарии якумра васиқа карданд, дар беҳдошти рӯзгорашон кумак расонид ва дар он то имрӯз зироати аввалиндараҷаи кишоварзӣ кишт намуда, маҳсулот ба даст меоранд.  

Як нуқтаи дигар басо муҳим аст, ки ин ҷо хотирнишон кунем. Оғоз аз соли 1995 аввалин ташкилоту созмонҳои ҷамъиятӣ ба қайд гирифта шуданд, ки дар байни онҳо занони ташаббускор ҳам буданд. Созмони “Хубони порсигӯ” аз  ҷумлаи  ҷамъияти фарҳангиву маърифатӣ ва ғайритиҷоратӣ буд, ки оянда дар самти ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб гардидани фаъ-олзанони деҳот роҳкушо гардид.  Аъзои созмон, ки,  аслан, аз ҳисоби аҳли маърифат, бонувони эҷодкор гирд омада буданд, бо ташкили суҳбату вохӯриҳо тавонистанд афкори маънавии занони деҳотро боло бардоранд. Ин иқдом алангае гардид дар бедор сохтани қалби зангорбастаи занону бонувон ва саҳмгузории онхо дар пешрафти ҷомеаи навин.

Ин боварии Ҳукумат дар ҷалб намудани занону бонувон ба корҳои роҳбарӣ ва машғул шудан ба соҳибкорӣ бор овард. Имрӯз, аз ҷумла зиёда аз 11 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Хатлонро занон роҳбарӣ мекунанду садҳои дигар дар соҳибкорӣ муваффақ гардидаанд.   

Ахиран, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо боварӣ аз маҳорати роҳбариву ташаббускорӣ, бештар ба муваффақият расидани занону бонувони хоҷагидору соҳибкор оянда таҳти таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор доштани нақши онҳо дар ҷомеа чунин изҳор доштанд: “Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад”...

 

Исматуллои Гули ОЛИМ

(Идома дорад)

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода