Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Пешвои миллат ...
...
Дар бораи зан - модар ҳарчи қадар нависем кам ҳасту зиёд не. Зеро онҳо ба ҳар сухану ҳар каломи воло арзандаанд. Онҳо давомдиҳандаи зиндагӣ, ҳаёти ҷовидонӣ ба шумор мераванд. Баробари ба дунё овардани насли одамӣ дар қатори мардон меҳнат мекунанд, заҳмат мекашанд. Имрӯз зан – модар роҳбар, омӯзгор, табиб, муҳандису ронанда, корманди соҳаи барқ, ҳуқуқу милитсия, хуллас дар ҳар як ҷабҳаи истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ нақши дастони ӯро дидан мумкин аст.
Рӯзигул Қурбонзода, аз ҷумлаи онҳост. Имрӯз ӯ мудирии бахши занон ва кор бо оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувонро ба уҳда дорад. Соҳиби чор фарзанд-духтаронаш Адибаву Оиша омӯзгор, писараш Наимҷон баъди хатми Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб дар хизмати ҳарбӣ ва писари хурдиаш Ҷаҳонгир бошад, хонандаи мактаби миёна аст.
Рӯзигул Қурбонова баъди хатми мактаби миёна солҳои 1983-1987 дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб таҳсил намуда, бо роҳхати донишгоҳ ба кумитаи комсомолии ноҳияи Восеъ ба кор омад. Дар ин ҷо ба ҳайси мудири шуъбаи кор бо мактабҳо фаъолият намудааст. Кор дар комсомол қобилияту истеъдод, кордонии ӯро хеле боло бардошт, санъати роҳбариро дар қалби ин духтараки ҷавон эҳё намуд.
Баъдан чанд муддат дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ (собиқ Колхозобод) ба ҳайси сармураббӣ, ҷонишини директор фаъолият намуду боз ба ноҳияи Восеъ баргашт. То соли 2018 раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ буд. Бо фаъолони ноҳия, шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ноҳия, маориф, фарҳанг ҳамкории доимӣ дошт. Кӯшиш менамуд, ки дар ҳамдастӣ бо онҳо чорабиниҳои сиёсӣ дар сатҳи баланд гузарад. Ва ба ин муваффақ мегардид. Мекӯшид ба муҳтоҷону дардмандон, ҳамчунин, хона- интернату боғчаи дардмандони «Ситора» ёрӣ расонад. Аз ҳисоби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, ҷалби соҳибкорону шахсони боҳиммат рӯзҳои иду лаҳзаҳои зарурӣ ба онҳо туҳфаҳо тақдим менамуд.
Фаъолияти хуби роҳбариашро ба назар гирифта, собиқ раиси ноҳияи Балҷувон Маърифатбону Зоирова (алъон муовини аввали раиси ҳамин ноҳия), Рӯзигулро ба кор даъват намуд. Ба уҳда гирифтани роҳбарии бахши занон ва кор бо оилаи мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии ноҳияро таклиф намуд. Не нагуфт, Рӯзигул. Зеро бо чунин роҳбар кор кардан шараф ва ифтихор аст. Ва то кунун масъулияти роҳбарии ин бахшро ба уҳда дорад.
Ноҳияи Балҷувон ноҳияи куҳӣ аст. 32 ҳазор аҳолӣ дорад, ки аз ин шумор 16132 нафарашро занону духтарон ташкил медиҳад. Дар ҳудуди ноҳия 5 ҷамоат мавҷуд буда, онҳо 104 деҳаро муттаҳид менамоянд. Албатта, кор бо занону оилаи ин миқдор деҳа осон нест. Вале Рӯзигул вақт ёфта, аз ҳоли онҳо хабар мегирад, суҳбату вохӯриҳо мегузаронад. Ва худ танҳо не, бо дастгирии фаъолону ташкилотҳои ҷамъиятӣ, масъулини бахшҳои фарҳанг, ҳамчунин, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, бахши танзим ва ҳамчунин, кормандони ҳифзи ҳуқуқ суҳбату вохӯриҳоро анҷом медиҳад. Ӯ хуб медонад, ки таъсири кори дастаҷамъона бештар аст.
Рӯзигул ҳамчун масъули бахши кор бо занон ва оила кӯшиш менамояд, ки дар кори мустаҳкам намудани оилаҳои ҷавон, пешгирии низову хархаша байни хонавода, ҳамсоядорӣ саҳме бигирад. Ба ин то андозае ноил мегардад.
Рӯзе ба дафтари кориаш зане меояд. Аз домодаш шикоят карда, масъала мегузорад духтарашро, ки се моҳ боз дар хонаи ӯ зиндагӣ мекунанд, аз шавҳараш ҷудо кунанд. Рӯзигул не нагуфт. Ваъда дод, ки ҳал мекунем. Сипас, дар алоҳидагӣ бо зану шавҳар суҳбат орост. Ҳис кард, ки ҳарду аз амалашон пушаймонанд.
- Дар ҷараёни суҳбат маълум гардид, ки ҳарду розианд то якҷо бошанд. Инро ашки чашмони зану шавҳар, ки аз хурсандиву шодии беандоза башорат медод, гувоҳӣ медод. Сипас, ҳардуро аз дафтари корӣ ба хонаашон бурдем. То имрӯз, ин оила зиндагии хубу нек дорад, ҳатто моро гоҳ - гоҳ ба меҳмонӣ ҳам даъват мекунанд, ки фикр мекунам ин подоши ба ифоқа овардани ҷанҷоли оилавӣ мебошад, - ин воқеаро ба ёд оварда, мегӯяд Рӯзигул Қурбонзода.
Аз суҳбати минбаъда бо Рӯзигул бармеомад, ки чунин мисолҳо дар фаъолияти кориаш кам нест.
Дар баргузории чорабиниҳои фарҳангии ноҳия, баргузории фестивалу озмунҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ низ Рӯзигул саҳми худро мегузорад. Занони фаъоли ноҳия, ҳунармандону санъатваронро аз ҳисоби занон ҷалб намуда, ноҳияи Балҷувонро дар ин чорабиниҳо муаррифӣ менамояд.
Рӯзигул Қурбонзода барои фаъолияти хуби корӣ ва натиҷаҳои бадастовардааш бо Ифтихорномаи Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон, раиси ноҳия сарфароз гардонида шудааст. Аз ин Рӯзигул меболаду фахр дорад, ки дар пешрафти ҷомеа саҳме дорад.
Наҷот САФАРЗОДА,
«ХАТЛОН»
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.