Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Дилшод Назаров дар эстафетаи машъали Бозиҳои Осиё-2023 ширкат кард


Дилшод Назаров дар эстафетаи машъали Бозиҳои Осиё-2023 ширкат кард



Гулхани Бозиҳои 19-уми Осиёӣ ба шаҳри Ҳангжоуи Чин омода расид. Дар ин маросим варзишгари муваффақи тоҷик, қаҳрамони Бозиҳои Олимпӣ Дилшод Назаров низ иштирок намуд, ки миёни намояндагони 45 кишвари қора муаррифгари Тоҷикистон дар эстафетаи машъали Бозиҳои Осиёӣ буд.

Тибқи иттилои манбаъ, маросими эстафетаи машъали бозиҳо аз 8 сентябри соли равон дар кӯли Сихуи шаҳри Ҳангжоуи музофоти Чжэтсзян оғоз шуда ва нахуст шуда машъалро қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ Ло Сюэтсзюан ба даст гирифт.

Эстафетаи машъали Бозиҳои тобистона дар 11 шаҳри музофоти Чжэтсзян то 20-уми сентябр идома кард. 20-уми сентябр гулхан ё машъал ба шаҳри Ханжоу баргашт ва дар ин рӯз дар қатори дигарон қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016 Дилшод Назаров таҳти рақами 162 гулханро гирифта, масофаи муайяншударо давр зад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода