Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » «Маснавии маънавӣ » авҷи парвози фикр аст


«Маснавии маънавӣ » авҷи парвози фикр аст



Соли дуюм аст, «Маснавии маънавӣ» ки дар маҳфили “Бонги най”-и назди Муассисаи таҳсилоти иловагии Раёсати маорифи вилояти Хатлон ширкат мекунам. Роҳбарии маҳфилро устоди мавлоношинос Сайҳомуддин Назруллоев ба уҳда дорад.

Фаъолияти маҳфили мо танҳо ба омӯзиши ҳаёт ва осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ равона карда шудааст.

Мо аз сарчашмаҳои муътамад  ва қадимтарин арзишмандтарин шарҳҳои мавлоношиносони дунё, аз қабили “Маноқиб- ул-орифин”-и Шамсиддин Аҳмади Афлокӣ, “Дақоиқ-ул- ҳақоиқ”-и Аҳмади Румӣ, “Валаднома” ва “Ибтидонома”-и Султонвалад, писари Мавлоно, “Ҷавоҳир-ул-асрор”-и Камолиддин Хоразмӣ, “Рисолаи Фариддуни Сипаҳсолор”, Маснавии шариф”-и Баҳрулулуми Ҳиндустонӣ, “Маснавии маънавӣ”-и Алан Роналд Никелсони Бритонӣ, ки баъдтар бо тарҷумаи форсӣ дар Эрон рӯйи чоп омадаанд, меомӯзем. Гурӯҳе аз донишмандони тоҷик, ки андешаҳои худро дар китобу мақолаву рисолаҳояшон дар рӯзномаву маҷаллаҳо рӯйи чоп овардаанд, дар маҳфил ҷамъ оварда шудааст ва аз он истифода мебарем. Китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Мавлоно ва гуфтугӯи тамаддунҳо”, ки соли 2012 рӯйи чоп омад, мавриди мутолиаи ҳамешагии аъзои маҳфил аст.

“Маснавии маънавӣ” саросар дар пояи андешаву эҳсос ҷанбаи рамзиву маънавӣ дорад. Ин орифи бузург дар “ҳасрати фаҳми дуруст” достонҳои тамсилиро истифода кардааст. Мавлоно Ҳусайн Воизи Кошифӣ гуфтааст:
Маснавӣ баҳрест, қаъраш нопадид,
Фаҳми ҳар ғаввос дар вай кай расад.
То касе, к-ӯ раҳ надонад сӯйи баҳр,
Гавҳаре орад ба каф бар бӯйи баҳр.


Устод Сайҳомуддин Назруллоев соли 2020 ба Ҳиндустон сафар карда, дар марказҳои фарҳангӣ ва доираҳои илмии олимони мавлоношиноси ҳинд суҳбат ороста, бо шарҳҳои гуногуни “Маснавии маънавӣ”, “Куллиёти Шамси Табрезӣ” ва “Фиҳи мо фиҳи” бо забонҳои форсӣ, урду ва ҳиндӣ ошно шуда, муҳтавои ҳар яке аз онҳоро дар дафтари хотирааш бардоштааст. Суҳбати фақеҳон ва олимони мавлоношиносро сабти навор кардааст. Дар симпозиуми бахшида ба бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, дар департаменти форсии Коллеҷи Закир Ҳусайни Ҳиндустон бо забони ҳиндӣ баромад карда, соҳиби Дипломи дараҷаи 1 гаштааст.

Соли 2021 бо ибтикори устод ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Озмуни “Мавлонохонӣ” дар се номинатсия: “Ғазалхонӣ”, “Маснавихонӣ” ва “Овозхонӣ аз ашъори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ” миёни 25 шаҳру ноҳияҳои вилоят гузашт. Дар номинатсияи “Ғазалхонӣ” 82 нафар, дар номинатсияи “Маснавихонӣ” 68 нафар, дар номинатсияи “Овозхонӣ” 26 ансанбл довталабӣ карданд.

Имрӯз аъзои маҳфили “Бонги най” чун захираҳои зеҳнии Академияи миллии илмҳо, Муассисаи давлатии Китобхонаи миллӣ, Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ буда, дар баргузории ҳамагуна чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ширкат мекунанд.

Хушбахтона, соли 2022 ҳангоми ҷашнгирии Наврӯз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо дастур ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ Маҷмааи муҳташами Ҷалолиддини Балхӣ поягузорӣ карда шуд, ки дар ин тантанаи бошукӯҳ аъзои маҳфили “Бонги най” низ иштирок карданд.

Шаҳри Бохтар бо шаҳри Қунияи Туркия бародаршаҳранд. Ҳар вақте ки меҳмонон аз Туркия ба вилоят меоянд. Мо метавонем онҳоро гарму самимӣ истиқбол бигирем. Дӯстӣ ва ҳамкории Туркия ва Тоҷикистонро дар амсоли Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ муаррифӣ кунем.

Имсол Академияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди ташкили озмуни ҷумҳуриявро ба муносибати ворид шудани осори Мавлоно ба Хотираи ҷаҳонии ЮНЕСКО хуш пазируфт.

Мадина Акрамбоева,
узви маҳфили “Бонги най”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода