Тахаллус дар ашъори Рӯдакӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 сентябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 475
Осори қофиласолори адабиёти классикии тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аввалин маротиба дар Аврупо аз ҷониби олими шарқшиноси олмонӣ Ҳерман Эте бо номи «Рӯдакӣ – шоири Сомониён» (1873), дар Осиёи Миёна аз тарафи устод Садриддин Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926) ва дар Эрон тавассути асари сеҷилдаи Саид Нафисӣ «Аҳвол ва ашъори Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммади Рӯдакии Самарқандӣ» (1930–1940) мунташир гашта, дастраси хонандагон гардид. Нашри китобҳои зикргардида дар муаррифии Рӯдакӣ ва шеъри ӯ нақши боризе дошт ва дар таҳкими Рӯдакишиносии ҷаҳонӣ заминаи боэътимоде гузошт.
Саид Нафисӣ, ки доир ба зиндагӣ ва осори Султони шоирон тадқиқоти амиқ анҷом додааст, доир ба ваҷҳи тахаллуси шоир гуфтааст, ки «агар (Рӯдакӣ – Р.Х.) рӯднавоз будааст, мебоист ӯро Рӯдӣ бихонанд ва на Рӯдакӣ, зеро ки аз «рӯд» шакли кӯтоҳшуда чун «рӯдак» ҳаргиз дар забони мо маълум набуда ва дар ҳеҷ як аз фарҳангҳо сабт накардаанд. Рӯдӣ ҳам қиёси забони форсӣ дуруст нест, зеро зананда ва навозандаи рӯдро бояд ба забони форсӣ, он ҳам дар қарни чорум (асри Х – Р.Х.), ки риояти қавоиди фасоҳат ва мабодии забонро мекарданд, «рӯдсоз» ё «рӯднавоз» ва ё «рӯдзан» гуфт ва на «рӯдӣ» ё «рӯдакӣ».
Садриддин Айнӣ дар мақолаи бо номи «Устод Рӯдакӣ» (1940) навиштааш доир ба масъалаи тахаллуси Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дахл карда, аз ҷумла овардааст: «Дар сабаби тахаллуси Рӯдакӣ баъзеҳо гуфтаанд, ки бинобар аз деҳаи Рӯдак будан ба он деҳа нисбат дода, ин тахаллусро ба худ гирифтааст ва баъзе дигарҳо мегӯянд, ки ба сабаби мусиқачии рӯднавоз буданаш шакли хурди калимаи рӯд – рӯдакро гирифта ва худро ба вай нисбат додааст.
Аммо маълум шуд, ки «Рӯдакӣ» хитоб ёфтани ин устоди бузург бинобар аз деҳаи Рӯдак будани ӯст, чунки калимаи рӯдро, ки ба маънои сози (мусиқӣ – Р.Х.) маълум аст, манбаъҳои аввалӣ ҳеҷ ном намебаранд».
Шоирони асрҳои IХ-Х дар ашъори худ баъзан тахаллуси худро намеоварданд, чунки тахаллусгузорӣ дар шеърҳо он вақт ҳанӯз расм нашуда буд. Баъд аз асри Х ва ибтидои асри ХI баъзе аз шуаро дар шеърҳояшон тахаллуси худро меовардагӣ шуданд.
Тахаллусгузорӣ дар адабиёти асрҳои IХ-Х тоҷику форс гарчанде расм нашуда бошад ҳам, вале дар ашъори шоирони ин давр ба назар мерасад. Ба ин қабил шоирон дохил мешаванд: Имории Марвазӣ, Ғазвонии Лукарӣ, Кисоӣ, Хусравонӣ, Робеа бинти Каъб, Дақиқӣ, Абуалӣ ибни Сино ва ғайра.
Ашъори бозмондаи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ беш аз 25 маротиба чоп шуда, нашри Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ «Ашъор» (2007) комилтарини онҳо ба шумор меравад. Дар ашъори овардашудаи ин китоб дар ёздаҳ маврид тахаллуси шоир зикр гардидааст. Тахаллусҳо дар навъҳои гуногуни шеърӣ ба назар мерасанд, чунончи: 3-то дар ғазалҳо, 3-то дар қасоид, 2-то дар рубоиҳо ва 3-то дар абёти парокандаи ӯ мавҷуданд.
Ғазалҳои зерини Рӯдакӣ аз 4 то 7 байтро дар бар гирифта, дар онҳо тахаллуси шоир зикр шудааст:
Рӯдакӣ чанг бигрифту навохт,
Бода андоз, к-ӯ суруд андохт.
* * *
Биё, инак нигаҳ кун Рӯдакиро,
Агар беҷон равон хоҳӣ танеро.
* * *
Ту Рӯдакӣ ба ғуломӣ қабул агар бикунӣ,
Ба бандагӣ написандад ҳазор Дороро!
Бояд зикр намуд, ки тахаллусҳо на ҳамеша дар мақтаи шеърҳо, балки баъзан дар аввал ва байни онҳо низ омадаанд. Масалан, дар ғазалҳои шоир дар як маврид дар матлаъ ва дар ду ҳолат дар мақтаъ омада, дар қасоиди ӯ мо тахаллусҳоро танҳо дар абёти байнии онҳо мебинем. Аммо дар рубоиҳо ва байтҳои парокандаи ӯ тахаллус фақат дар аввали онҳо омадааст:
Дар ишқ чу Рӯдакӣ шудам сер аз ҷон,
Аз гиряи хунин мижаам шуд марҷон.
Алқисса, ки аз бими азоби ҳиҷрон,
Дар оташи рашкам дигар аз дӯзахиён.
* * *
Ҳон, Рӯдакӣ, аз қайди ғам озод бизӣ!
Бо хотири хурраму дили шод бизӣ!
Вайронии худ мангару ободии даҳр,
Вайронии даҳр бину обод бизӣ!
* * *
Хоки кафи пойи Рӯдакӣ насазӣ ту,
Ҳам бишавӣ гову ҳам бихойӣ барғаст.
* * *
Ба шеъри шукр нигаҳ кун, ки Рӯдакӣ гуфта-ст:
– Ҳама касеро дарвешӣ асту ранҷи иёл.
* * *
Ҳало, Рӯдакӣ, аз кас андарматоб,
Бикун, ҳар чи карданист бо мудом.
Абёти парокандаи тавассути луғату баёзҳо дастрасшуда, шояд як қисми он шеърҳои Рӯдакӣ бошанд, ки то замони мо нарасидаанд ва бинобар дар мавқеи ҷои тахаллуси онҳо ақида рондан ғайри имкон аст.
Аммо дар қасидаҳои «Шикоят аз пирӣ», ки 34 байт дорад, дар байти 24-ум ва дар «Модари май», ки дорои 94 байт мебошад, дар байтҳои 75 ва 85-уми он тахаллусҳои шоир дида мешаванд.
Байтҳои тахаллусдоштаи қасидаҳои Рӯдакӣ инҳоянд:
Ту Рӯдакиро, ай моҳрӯ, ҳамебинӣ
Бад-он замона надидӣ, ки инчунин он буд?
* * *
Нест шигифте, ки Рӯдакӣ ба чунин ҷой,
Хира шавад беравону монад ҳайрон.
* * *
Рӯдакиё, барнавард мадҳи ҳама халқ,
Мидҳати ӯ гӯю маҳри давлат бистон!
Мураттибони китоби «Осори Рӯдакӣ» (1958) ғазалҳои тахаллусдоштаи Рӯдакиро ба қатори дигар ашъори шоир дохил кардаанд, аммо академик Абдулғанӣ Мирзоев ба ғазалҳои тахаллусдоштаи шоир бо назари шубҳа нигариста, онҳоро аз Рӯдакӣ намедонад ва иддао дорад, ки дар он замон дар ғазалҳо тахаллусгузорӣ расм нашуда буд ва шоирон тахаллусашонро дар ғазалҳои худ намеоварданд.
Тавре ки маълум мегардад, шоирони ҳамасри Рӯдакӣ дар ашъори хеш тахаллусашонро овардаанд ва худи Султони шоирон низ дар ёздаҳ маврид тахаллуси худро дар шеърҳояш зикр намудааст.
Китоби Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ «Ашъор» (2007) 1047 байтро фаро гирифта, дар ин миқдор шеър ёздаҳ маротиба тахаллуси шоир зикр шудааст, ки ин ба ҳар сад байт яктоӣ тахаллус рост меояд. Агар ин миқдор тахаллусро ба теъдоди ашъори дар сарчашмаҳо зикршудаи Рӯдакӣ – «сенздаҳ раҳ сад ҳазор» зам намоем, ба садяки он ашъор мавҷудияти тахаллусро тахмин кардан мумкин аст. Ин далели он аст, ки дар асрҳои IХ – Х тахаллусгузорӣ роиҷ буд ва устод Рӯдакӣ дар ашъори гуногуншакли худ дар мавридҳои зарурӣ тахаллусашро низ зикр мекардааст.
Раҷабалӣ Худоёрзода,
номзади илмҳои филологӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00