Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Чист Истиқлол, донӣ? - Зистан тоҷиксон!


Чист Истиқлол, донӣ? - Зистан тоҷиксон!



Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин рӯйдоди таърихӣ дар ҳаёти миллати тамаддунофари тоҷик ба ҳисоб рафта, ҳамчун рамзи озодиву саодат ва муаррифии миллати тоҷик мояи ифтихору сарфарозии ҳар як фарди худогоҳ маҳсуб меёбад.  Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ маблағгузории буҷетӣ ба соҳаҳои хоҷагии халқ хело кам ба назар мерасид.

Аммо зина ба зина маблағгузорӣ ба тамоми соҳаҳо афзуда, пешрафти он таъмин ва қисми даромади буҷети маҳаллии вилояти Хатлон аз ҷорӣ гардидани асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҳисоби даромадҳои худӣ сол ба сол афзоиш ёфта, ин нишодиҳанда дар соли 2023 ба 1 миллиарду 905 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2001 ба андозаи 1 миллиарду 883 миллион сомонӣ зиёд буда, 85,4 баробар афзоиш ёфтааст.

Дар баробари ин, қисми хароҷоти буҷети вилояти Хатлон аз 23 миллион сомонии соли 2001 ба 2 миллиарду 760 миллион сомонӣ дар соли 2023 афзоиш ёфтааст.

Мавриди зикр аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар сатҳи касбии ҳайати кормандони мақомоти молия боло рафта, феълан, 55 дарсади молиячиёни вилояти Хатлонро ҷавонони лаёқатманду донандаи забонҳои хориҷӣ ташкил медиҳанд.

Итминони комил дорам, ки кормандони соҳаи молия дар баробари мардуми меҳандӯсту заҳматкаши Тоҷикистони азиз, дар пайравӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти фаъолияти касбии хеш ба даствардҳои аз ин ҳам бузург ноил гардида, дар рушду шукуфоӣ ва ояндаи боз ҳам дурахшони Ватани азизамон саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.

Ҳабибулло ИЗЗ АТУЛЛ ОЗОДА,
сардори Сарраёсати вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода