Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Б. Ҳайдар: “То ҷон дар бадан дорам, барои Ватанам хизмат мекунам”


Б. Ҳайдар: “То ҷон дар бадан дорам, барои Ватанам хизмат мекунам”



Қаҳрамони мо аз Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ду сол бузург аст. Ӯ аз хурдӣ дар оғӯши гарми Ватан бузург шуда, меҳри диёрашро дар қалбаш парвариш кардааст. Дар чунин муҳит тарбия ёфтан ӯро водор намуд, ки либоси низомӣ ба бар карда, баҳри ҳифзи сарзамини хеш афсар шавад. Зеро дар он шабу рӯз Тоҷикистон ба ҷавонони қавӣ, ватандӯст, ҷонфидову обутобёфта ниёз дошт.

«Баробар шав! Низом! Салом, сарбозон! Озод!» Чунин оғоз мешавад, ҳар субҳ вохӯрии подполковник Ҳайдар Бозорзода бо ҳайати шахсии сарбозони қисми низомии 07256. Вақте ки дар қисми ҳарбӣ ӯ навбатдор мешавад, ҳама бо риояи дурусти реҷаи рӯз ва риояи Оинномаҳо мепардозанд, чун тарзи кори вай бо тартиби муайян амалӣ мешавад. Ҳангоми вохӯриҳо ба ҳайати шахсӣ суҳбат ороста, аз дӯст доштани Ватан, ҳувияти миллӣ, пойдории Истиқлоли давлатӣ ва ҳифзи марзи кишвару нангу номуси тоҷикона сухан мегӯяд. 

Ҳар вақте ба сарбозе мушкилие пайдо шавад, дарҳол ба Бозорзода муроҷиат мекунад, зеро ӯ дониши хуби ҳарбӣ дораду дар ҳалли мушкилоте маслиҳати хуб дода метавонад. Ҳамзамон, ба варзиш майли зиёд дошта, сарбозони варзишгарро дастгирӣ мекунад.

-Ман аз хурдӣ ба варзиш машғулам. Вақте ба сафи Артиши кишвар шомил шудам, подполковник Бозорзода барои рушди ҷисмонии ман дастгирии зиёд кард. Барои тамрин кардан имкон фароҳам меорад. Ман фикр мекунам, ки подполковник Бозорзода аз зумраи он командирест, ки барои дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбият намудани сарбозон аз сидқи дил даст ба кор мешавад, - дар суҳбат ба мо нақл кард сержант Шамсиддин Мирзоев.

Дар қисми ҳарбии 07256 Ҳайдар Бозорзодаро ҳамчун афсари сарсупурдаву асил мешиносанд. Ба ҳар сарбоз мувофиқи хислат муносибат мекунад. Сарбозон он чизеро, ки дар рафти иҷрои хизмат намефаҳманд, фавран аз ӯ пурсон меаванд. Зеро таҷрибаи 18-солаи ӯ гувоҳӣ аз он медиҳад, ки подполковник Ҳайдар Бозорзода ҳамчун афсари қавиирода баҳри пойдории сулҳу оромии мардум дар Тоҷикистон хизмат мекунад.

-Хурд будам. Вақте ҳамроҳи бародаронам бозӣ мекардем, падарам маро дида ҳавас мекарданд, ки “кай туро дар либоси низомӣ мебинам?” Пайваста бо ман дар бораи Ватан, шуҷоатмандӣ, ҷасурӣ, хизмати аскарӣ ва аскарбачаҳо ҳарф мезад. Маро рӯҳбаланд мекард. Мегуфт: “Писари ман бузург шуда ҳимоятгари волидону Ватан мешавад”. Ҳамин тавр ҳам шуд.

Ҳамон дуои падар буд, ки ман корманди ҳарбӣ шуда, ҳоло рутбаи подполковникиро соҳиб шудам. Ҳамаи ин аз меҳнати ҳалол ва дуои неки волидон аст, - мегӯяд бо як ҳисси ифтихор Ҳайдар Бозорзода.

Хостем дар бораи фаъолияти ин афсар аз ҳамхизматонаш пурсон шавем. Сардори ситод - муовини аввали командири қисми ҳарбӣ, майор Амонҷон Каримзода чунин гуфт: “Ҳамаи афсарон барои тарбияи сарбозон дар қисми низомӣ талош мекунанд, вале тарзи муносибат бо ҳайати шахсии сарбозон аз ҷониби Бозорзода дигар аст. Ман эҳсос мекунам, ки сарбозону афсарони қисми ҳарбӣ ӯро самимона эҳтиром мекунанд. Ӯ афсарест, ки дар қисми ҳарбӣ бе ягон камбудӣ, намунавор вазифаи худро адо менамояд”.

- Дуруст аст, ки ҳамаи заҳматҳо қадр мешавад. Дар давоми таҳсил дар донишкада, ки мо курсант будем, Бозорзода командири рота буд. Медидем, ки аз ҷониби роҳбарият чи гуна қадрдонӣ мешуд. Ҳамаи ҳайати шахсии ротаи худаш ва дигар ротаҳои донишкада ӯро эҳтиром мекарданд. Дар ҳақиқат, афсарест, ки ин Ватан ба ӯ баринҳо ниёз дорад, - илова кард Амон Каримзода.

Баъди хатми донишкада ба хотири афсари болаёқат будан ӯро дар донишкада ба хизмат мегиранд. Ӯ вазифаи командири взводи курсантиро ба уҳда мегирад.

Баъди як соли корӣ ба ӯ рутбаи лейтенанти калонро медиҳанд. 15-уми августи соли 2014 командирии ротаи курсантиро ба лейтенанти калон Ҳайдар Бозорзода бовар мекунанд. Дар ҳама чорабиниҳои донишкада курсантони ротаи ӯ фаъол буданд. Ҳайдарро ба ВМКБ ба ноҳияи наздисарҳадии Мурғоб барои тарбияи курсантон мефиристанд. Ӯ аз оила ва волидон дур мемонад. Вале меҳр ба хоки муқаддаси Тоҷикистон ба вай неру мебахшад ва мегӯяд: “Ҳама ҷойи Тоҷикистон ва хокаш барои ман муқаддас аст. Ман сарбозам, ҳар куҷое, ки гӯянд, барои ҳимояи Ватан хизмат мекунам”.

Аз сабаби дурии роҳ дар ду моҳ як маротиба ба хона меомад. Дар он минтақаи дурдасти Ватан ба сарбозон дониши ҳарбиро меомӯхт. Ҳамин тавр, Ҳайдар Бозорзода марҳила ба марҳила донишу малакааашро такмил дод. Ба вай рутбаи капитану майор ва билохира, подполконик ҳам насиб гардид. 

Ҳангоми суҳбат таъкид дошт, ки ба ҷавонон талқин кунем, ки ватандӯсту хештаншинос бошанд.

- Имрӯз кӯдакони даврони Истиқлол дар боғчаву мактабҳо илм меомӯзанду бозӣ мекунанд. Мо хурд будем, вале он ҳама даҳшати ҷанги таҳмилиро ҳис мекардем. Шукри Худованд, ки ба мардуми тоҷик чунин як Сарвари оқилу дурандеш - Эмомалӣ Раҳмон ато кард. Ӯ бо кӯшишҳои зиёд Артиши миллиро эҳё кард, то давлату халқро ҳифз намояд. Пас, мо-ҷавононро мебояд, ки баҳри дифои кишвар аз як гиребон сар бароварда, Ватанамонро дӯст дорем, онро дифоъ намоем, - гуфт Б. Ҳайдар.

Ӯ соли 1989 дар яке аз деҳаҳои зебои кишвар - деҳаи Сармайдони ноҳияи Муъминобод ба дунё омадааст. Таълими миёнаро дар зодгоҳаш гирифтааст. Падари Ҳайдар, ки худ марди ватандӯст буд, пайваста меҳри ватану худшиносии миллиро дар дили онҳо бедор мекард. Баъди хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳои худро ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида, сазовори номи пуршарафи курсант мешавад. Дар чандин қисмҳои ҳарбӣ кор карда, ҷавонони зиёдро дар рӯҳияи худшиносии миллӣ тарбия кардааст. Ҳоло вазифаи Сардори бозрасии ҳарбии автомобилии гарнизони Хатлонро ба уҳда дорад.

Набиҷони Саидаброр,
сарбози қисми ҳарбии 07256,
сержант

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода