Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » СУБҲИ ИСТИҚЛОЛ


СУБҲИ ИСТИҚЛОЛ



Муборак ҷашни истиқлоли Меҳан,
Муборак ҷашни беамсоли Меҳан.
Шукӯҳи он ба гардунҳо расида,
Ҳазорон қисса дар иқболи Меҳан.
Биҳишти бехазон шуд Тоҷикистон,
Аз он осуда аст аҳволи Меҳан.
Дилам хушҳол шуд вақте ки кардам,
Варақгардон китоби фоли Меҳан.
Парафшон дар фазои беғубораш,
Кабӯтарҳои симинболи Меҳан,
Саногӯ модарон аз баҳри Сарвар,
Сари гаҳвораи атфоли Меҳан.
Чу гулбоғе шукуфон ҳар канораш,
Чаманзораш шуда чун холи Меҳан.
Набитвонад чунин зебо мусаввир
Ба коғаз офарад тимсоли Меҳан.
Шумурдам субҳи истиқлоли кишвар,
Ба сивуду расида соли Меҳан.
Аз ин шодӣ ниёи мо бишуд шод,
Даруни синааш омоли Меҳан.
Адӯ беҳуда мелофад ба зӯраш,
Надорад қуввати чанголи Меҳан.
Барангезад касе иғво хабис аст,
Ба назди мардуми хушҳоли Меҳан.
Ватанро қудраташ боло аз он шуд,
Ки дунё ҳам бишуд ҳамболи Меҳан.
Забони ноби миллат давлатӣ гашт,
Бишуд гӯё забони лоли Меҳан.
Сухан ҳар ҷо равад, ёд оварем мо,
Зи шону шавкату аз ҳоли Меҳан.
Ба юмни Пешво охир раҳо шуд,
Дили аз ғусса моломоли Меҳан,
Баёзӣ аз фараҳ бошад ғазалхон,
Дар ин рӯзи муборакфоли Меҳан.

Саидҷаъфар БАЁЗӢ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода