Сохтани кӯпрук - амали шоиста
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 сентябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 334
Бузургони илму ҳикмат ва аҳли уламо зикр намудаанд, ки обод кардани роҳ, сохтани кӯпрук, ҷорӣ кардани об, дарахтеро сабз ва боғеро бунёд намудан, дар қади роҳ сарпаноҳе барои роҳгузарон сохтан ва дили нафарони дигарро шод кардан аз ҷумлаи амалҳои неку шоистае маҳсуб меёбанд, ки савоби онҳо басо бузург аст.
Ин аст, ки дар арафаи ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Обчакорони Ҷамоати шаҳраки “Гулистон”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳашари дастаҷамъонаи сокинон як кӯпруки нав сохта истодаанд. Дарозии кӯпруки болозикр 15 метр, баландиаш 3,5 метр ва паҳнояш 9 метр мебошад, ки 10 маҳалларо бо ҳам пепайвандад.
- Масъалаи тармими кӯпруки мазкур яке аз мушкилоти асосии сокинони деҳа маҳсуб меёфт, - мегӯяд бо хушҳолӣ сокини деҳа Сироҷиддин Маҳмадраҳимов. - Бо дастгирӣ ва маблағгузории сокинони маҳаллаҳои гирду атроф кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки то ҷашни Истиқлоли давлатӣ кӯпрукро сохта ба истифода супорем.
Н.МАЪМУРЗОДА,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...