Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » 7 футболбоз аз дастаҳои вилоят ба мунтахаби олимпии кишвар даъват шуд


7 футболбоз аз дастаҳои вилоят ба мунтахаби олимпии кишвар даъват шуд



Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар Душанбе ҷамъомади таълимиву тамриниро шуруъ кард, ки ҳадафи он омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё- 2024 мебошад. Дар ин бора сомонаи ФФ Т хабар медиҳад.

Мубин Эргашев, сармураббии дастаи мунтахаби олимпии кишвар ба ҷамъомади тамринии Душанбе 27 бозигар – 3 дарвозабон, 10 ҳимоятгар, 11 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар даъват кардааст. Дархости ниҳоии даста барои ширкат дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024-ум 23 бозигарро дар бар хоҳад гирифт.

Бояд гуфт, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар гурӯҳи «I» бо дастаҳои Лаос (9 сентябр) ва Австралия (12 сентябр) рақобат мекунад. Бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки 7 футболбоз аз дастаҳои вилоят - Шаҳобиддин Маҳмудзода («Ҳосилот»), Раҳматшо Раҳматзода, Шаҳриёри Иноятулло (ҳарду аз «Равшан»), Фирдавс Алиназаров («Хатлон»), Ҷонибек Шарифов («Ҳосилот»), Масрур Қиёмиддинов («Равшан»), Шоин Боев («Моҳир») ба ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) даъват гардидаанд.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода