ТУ ЗИНДА БОШ, ЭЙ ВАТАН - ХОНАИ УМЕДИ ХАЛҚ
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 23 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Фарҳанг ва адабиёт, Боздид 2 801
Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода, ки имсол 110-умин солгарди умраш дар саросари мамлакат таҷлил мешавад, аз ҷумлаи шоирони ватансароест, ки бо сурудаҳои нотакрор, тасвири манзараҳои дилфиреби диёр, меҳру садоқат ба Ватан-модар дар қабли миллионҳо нафар алоқамандони осораш шуълаи муҳаббат ба меҳанро бедору устувортар гардонидааст.
Барои адиб Ватан монанди модар, падар шабеҳи шарафу номус муқаддас аст ва чун фарзанди шарафманд чунин эълон дошт:
Ту зинда бош, эй Ватан – хонаи умеди халқ,
Ки бе ту нест дилу ҷони шодмон ҳанӯз.
Даме ки мешумурдам пурбаҳо суханҳо,
Баландтар аз Ватан нест дар забон ҳаргиз.
Масъалаи худшиносии миллиро дар эҷодиёт ва рафтори Мирзо Турсунзода, ки дар вазифаҳои мухталифи сиёсӣ фаъолият кардаву ба тамоми дунё сафар кардааст, хуб эҳсос кардан мумкин аст. Ҳаёти шоир ва сарнавишти ӯ барои ҷавонон намунаи олии шахси мубориз, ҳомии сулҳу Ватан буда метавонад.Устод Мирзо Турсунзода дар яке аз суҳбатҳои сафариаш чунин муроҷиат мекунад: «Азизон, ҳамеша бикӯшед, ки дилатон аз ифтихори тоҷику тоҷикистонӣ будан саршор бошад. Ин беҳтарин, балки саодати мову шумост…»
Мо, ки писарҳои туем, эй Ватан,
Ҳозири ҳар ройи туем, эй Ватан.
Ҳифзи ту мардона ба охир барем,
Гар талабӣ ҷон ту, зи ҷон бигзарем.
Дар адабиёти муосир, дар баробари дигар шоирони ватансаро шеъри Рустами Ваҳҳоб мисли раҳнавардест, ки орзуву ормонҳои наҷиберо дунболагир аст ва дар ин роҳе, ки меравад, бар шонаҳояш на танҳо бори андешаву афкор, балки бори дилаш ҳам ҳаст. Баёнҳои ватандӯстонаи Рустами Ваҳҳоб бо забони тоза ва тасвирҳои шоирона моро ба худ мекашанд.
Хуни озодӣ биҷӯшад дар раги ҳар вожаи нобаш,
Ҷовидон аз оби озодӣ бибояд дошт шодобаш.
Як сифате, ки ҳамеша дар ашъори Рустами Ваҳҳоб ҳузур дорад, эҳсоси самимонаву ватандӯстона, парастиши Тоҷикистон аст:
Ҳар нигоҳи ман бар гулу гиёҳи ин Ватан
Панҷаи навозиш аст.
Дар шеърҳои Рустам тақдир ва рӯҳияи миллии қавӣ ва бешикаст ва мақоми баланди як миллати соҳибтамаддун таҷассуми шоирона ёфтааст:
Дигар он намеписандам, ки кашам камони худро,
Ба Худои худ супурдам ҳама душманони худро.
Ба ҳавои боли Симурғ расидаам ба авҷе,
Ки дигар зи ёд бурдам раҳи ошёни худро.
Бозор Собир низ шоири ватанпарвар аст. Аввал чизе, ки шеъри ӯро неру бахшидааст, рӯҳияи миллии шеърҳои ӯ мебошад. Ифтихори миллии ӯ, ки дар шеърҳояш шоирона зуҳур кардааст, хонандаро зуд фаро мегирад.
Ман ватанро аз қафои пода пайхас кардаам,
Рӯзу шаб бо панҷ ҳисси зотиам ҳис кардаам.
Бо забону чашму гӯшу бо димоғу дасту по,
Бо чамидан, бо шамидан, бо чашидан, бо самоъ.
Устод Бозор Собир бо як ҳисси баланди масъулияту хештаншиносӣ, фарҳангу маданияти баланди шаҳрвандӣ омодагии худро баҳри фидо намудани ҷисму ҷони хеш баҳри ободӣ, сохтмону бозсозии Ватан дар шеъри “Дубора созамат Ватан” чунин баён менамояд:
Дубора созамат, Ватан,
Ба хишти ҷони хештан.
Сутун занам ба сақфи ту,
Ба устухони хештан...
Пайвастагӣ ва ҳамбастагии тану ҷону тору пуди худро бо Ватан дар шеъри “Ватан” ба таври зайл ифода кардааст:
Ту ришта-ришта дар вуҷуд,
Нишаста ҳамчу тору пуд.
Ту қатра-қатра дар бадан
Маро чу хуни хештан,
Замини модарии ман,
Ватан, Ватан, Ватан, Ватан.
Таҳияи
ГЕСУ
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04