ДДК миёни 30 муассисаи таҳсилоти олӣ дар мақоми 12-ум қарор дорад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 август, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 347
Раҳмон Дилшод Сафарбек, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки соли 2023 ба Озмуни илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ - «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ дар соли 2022» 43 лоиҳаи беҳтарини донишҷӯён пешниҳод карда шуд, ки 13 нафари онҳо сазовори ҷойҳои 1,2,3 гардида, 2 нафар бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Зикр гардид, ки натиҷаи азхудкунии сессияи фаъоли тобистонаи соли таҳсили 2022-2023 71,7%-ро ташкил менамояд, ки нисбат ба сессияи нимсолаи якум 9,5% зиёд мебошад.
- Соли 2023 аз теъдоди 1850 нафар хатмкардагон 52 нафар – 41 нафар таълими рӯзона, 1 нафар таҳсилоти фосилавӣ ва 10 нафар зинаи магистратураи донишгоҳро бо дипломи аъло хатм карданд, ки 2,8 %-и теъдоди умумии хатмкардагонро ташкил медиҳанд. Аз 52 нафар хатмкардаи гирандаи дипломи аъло 45 нафар хатмкардаи ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ ва 7 нафар равияи ғайриомӯзгорӣ мебошанд. Аз шумораи умумии гирандагони дипломи аъло 39 нафар буҷавӣ, 10 нафар тибқи квотаи президентӣ ва 3 нафар тариқи шартномавӣ таҳсил кардаанд. Муҳассилине, ки тибқи квотаи президентӣ донишгоҳро хатм намуданд, 85 нафарро ташкил менамоянд.
- Муаллими калони кафедраи менеҷмент ва маркетинг Муборак Сафарова бо медали «Омӯзгори беҳтарин – 2023» дар миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) сарфароз гардид.
17 майи соли 2023 дар толори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар барпо гардид. Аз рӯйи натиҷаҳои даставӣ Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ сазовори ҷойи сеюм гардид.
Дар нимсолаи аввали соли 2023 даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор гардид, ки дар онҳо 17 шогирди донишгоҳ дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва 27 нафар дар озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» фаъолона иштирок намуда, ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.
Аз шумораи умумии донишҷӯёни донишгоҳ 32 нафар ятимони кулл 447 нафар ва 76 нафар донишҷӯёни маъюб мебошанд, ки пайваста аз тарафи раёсати донишгоҳ дастгирӣ ёфта, ба онҳо мунтазам кумакҳои молию пулӣ расонида мешавад.
Дар нисолаи аввали 2023 донишҷӯёни донишгоҳ дар 4 мусобиқаи байналмилалӣ, 10 ҷумҳуриявӣ ва 7 вилоятӣ иштироки фаъол намуда, соҳиби 23 медали тиллову нуқра ва биринҷӣ, 20 ифтихорнома, 9 нафар номзад ба Устоди варзиш ва 6 нафар сазовори унвони Устоди варзиш гардиданд.
Дар давраи ҳисоботӣ донишгоҳ бо 9 муассисаи таҳсилоти олии хориҷи кишвар, аз ҷумла 5 донишгоҳи шаҳри Новосибирски ФР, Ассамлеяи байнипарлумонии ИДМ, Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи А.Н Герсен ва Донишгоҳи гидрометеорологияи шаҳри Санкт-Петербурги ФР ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Алтайи ФР созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ-таҳқиқотӣ, табодули мутахассисон, олимон, омӯзгорон, донишҷӯён, ташкили конфронсҳои байналмилалӣ мусоидат хоҳанд кард.
Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муайян намудани рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи 36 нишондиҳандаи таълимию илмӣ ва фаъолияти байналмилалӣ эълон намуд, ки дар он Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ миёни 30 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ бо касби 150 хол дар мақоми 12-ум қарор дорад.
Дар рейтинги байналмилалӣ, тибқи хулосаи ташкилоти байналмилалӣ Ranking BEB of Universities, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар ҷойи чорум қарор дорад.
Ҷаҳонгиршоҳ РУСТАМШОҲ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2022, 12:41
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...