Ҳайфи доллар
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 июл, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 329
Коҳу кунҷораи гов тамом шуду занак ба гӯрӯғлихонӣ даромад.
-Агар шиками Ало танбӯр навозад, сари овозакашро мегирӣ, -гӯён мушташро ба сарам қумғон
кард.
Фикр карда бароям, то рӯзи маош ҳоло анчаякак вақт аст.
Баъд, ин моҳонаи исқотӣ ба ягон дард даво намешавад. Кунҷора он тараф истад, ба ду-се бандканад. Аланга, ки гирифт, акси калла ба шӯрбо аз ду сар маро сӯзонда хокистар мекунад. То оромии пурасрор тӯфони пеш аз маҳшар будааст. Рӯзе аз кор биёям, аз қошу қавоқи янгаатон дар ин хушксолӣ барфу борон мерезад.
-Коҳу кунҷора чӣ шуд?-фарёд зад ба сарам ва уқобвор чанг андохта, гиреҳи галстукамро, ки он ягона мояи ифтихору сарбаландиам ҳисоб меёфт, чун тухм палағда намуд.
Осмон ба сарам чаппа шуд, вале аз тарс дандон сафед накардам. Забони зан-шамшери зан гуфтаанд. Онро кор нафармояд, занг мезанад,-тасалло додам худро дар дил ва ба дуруст кардани ғиҷими галстукам овора шудам.
Хомӯшии маро занак аломати бепарвогию нописандиам дониста, бада бурд. Яъне табақи гарони чормағзии рӯи дастархонро бардошта, чун лаълии паррон бо шаст ба сӯям ҳаво дод. Агар ба ман галстук лозим шавад.
-Хайр, ана боз як рӯзаки дигар муҳлат,-даст афшонд бо арбада ҳамсарам. Сарҳисоби корро наёбӣ, аз худакат гила кун!
Либосҳоямро иваз намуда, ресмони Алоро гирифта, ба чаро бурдам, то лаҳзаяке ҳам бошад, аз самовоти занак халос шавам.
Ҷонварро дар гӯшае сар дода, худ рӯи санге нишаста сигорро бароварда кӯрдуд кардам. Садои баоси гов ногоҳ маро лаҳзае аз дарёи пурталотуми хаёлот берун кашид. Нигоҳ кунам, рӯи алафҳо коғази саддоллараи кабудаке, ки мо онро қиблагоҳ мегӯем, сӯям чашмак мезад.
-Ё Худоё, дар қудратҳоят, ҷонамро аз чанголи занак раҳондӣ, вагарна маро хомохом мехӯрд, албастӣ.
Аз шавқу шодӣ болу пар як ҳумбоси таҳдоре карду саддоллараро монанди чанкашаки хориҷии Элҷӣ бо қабзаи алаф фурӯ бурд. Агар ҳазрати Юнус ба шиками моҳӣ фурӯ рафта бошад, банда дар ин лаҳза худро дар шиками гов тасаввур кардам. Ало гӯё алаф нею маро мехоид, ки устухонҳоям орд шуданд. Аз шапошапу кашокаш бо гов зонуҳоям камоник заду ба замин нишастам. Овози занак аз нав дар гӯшҳоям мисли ноқуси калисо ҷарангос зад, ки маро боз як рӯзаки дигар муҳлат дода буд.
-Эҳ, бефаросат, ту аз куҷо медонӣ, ки ин саддоллара чӣ хосияте дошт?-теҳа намудам ба Ало.- Он барои ту, сархӯр, коҳу кунҷора мешуду сарбаландии ман дар пеши занак.
Алами Исоро аз Мӯсо гирифтанӣ шуда, ба америкоиҳои шайтон часпидам. Ҳазору як нағмаю усулро-ку баровардед, -гуфтам дар дил худро сари минбари Конгресси онҳо тасаввур карда. -Мемурдед,тангаи ҳамин саддоллараи зормондаро ҳам мебаровардед, ки ин қадар намесӯхтам. Он гоҳ мисли Афандӣ говро болои ҳафт қабат гилему кӯрпача бароварда, фонус дар даст ҳар таппакашро тосаҳар интизорӣ мекашидам.
-Ҳайфи доллар, сад ҳайфи доллар,-гӯён банди Ало дар дастбедимоғ ба хона баргаштам.
Болои мурда сад чӯб ба ҳавлӣ дароям надароям, шӯри қиёмат хесту сури Исрофил дамид. Дар набудани ман занак хушдоманамро ба ёрӣ ҷеғ зада будааст. Кампир фронти дуюмро кушод...
С. БАЁЗӢ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00