Экстремизм яке аз падидаҳои хатарноки иҷтимоӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 июн, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Ҳуқуқу амният / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 493
Дар ҷомеаи имрӯза терроризм ва экстремизм яке аз падидаҳои хатарноки иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, муборизаи оштинопазир бар зидди он ба яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ва муҳими мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мубаддал гардидааст.
Баъзе аз шаклҳои он (сиёсӣ, нажодпарастӣ, миллатчигӣ, динӣ ва ғайра) чун зуҳуроти хавфноки ҷамъиятӣ натанҳо дар интиҳои асри гузашта, инчунин дар ибтидои асри нав низ аз мавҷудияти худ дарак медиҳанд. Вазъи бамиёномада зарурати муайян намудани аломатҳои таркиби ин ҷиноятро ҳамчун кирдори даҳшатангези иҷтимоӣ пеш мегузорад.
Имрӯз бо боварии комил метавон гуфт, ки ҷавонони боғайрат, далер ва сулҳхоҳи тоҷик ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, бо иродаи матин барои роҳ наёфтани терроризм ва ифротгароӣ дар марзу буми Ватани азизи худ бо ҳар роҳу усул, яъне ҳам амалӣ ва ҳам маънавӣ мубориза хоҳанд бурд. Зеро ақидаҳо, андешаҳо, пешниҳодҳое, ки тавассути рӯзномаву маҷаллаҳо, барномаҳои телевизиониву радиоӣ пахш мегарданд, конференсия ё мизҳои мудаввар, вохӯрӣ бо намояндагони мақомотҳо ва дар пайравии онҳо дарсҳои кушоди тарбиявии устодон бахшида ба мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ дар ин самт нақши муҳимро бозидааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд намуданд: «Имрӯз мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва экстремизм ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллӣ, сохти конститутсионӣ ва истиқлолияти кишвар вазифаи муқаддастарини тамоми мақомоти давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад». Аз ин рӯ, бояд тадбирҳои судманде андешем, ки дар қатори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тамоми қувваҳои солими ҷомеа ва ҳар як фарди ватандӯсту соҳибмаърифат ба муқобили ин зуҳуроти хатарнок сафарбар гарданд.
Ба мо лозим аст, ки тамоми саъю кушиши худро ба харҷ диҳем, то фарҳанги динию миллиамонро боло бардорем ва Тоҷикистони азизро аз хатарҳои даҳшатбору нафратовари терроризм ва экстремизм ҳифз намоем.
Салоҳиддин Субҳонзода,
номзади илмҳои фалсафа
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...