Бӯқаламун
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 июн, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 359
Бӯқаламун бемор шуд ва ҳамсоягон тасмим гирифтанд, ки ба аёдаташ раванд. “Ҳарчи бошад-набошад, ҳаққи ҳамсоя ба ҳаққи Худо баробар аст. Аз ҳоли ҳамдигар хабардор шудан лозим”- роҳравон мегуфтанд ҳамсояҳо.
То расидан ба хонаи “бемор” ҳамоиши гуфтушуниде миёни ҳамсояҳо сурат гирифт. Онҳо, ки бо ногаҳонӣ бемор шудани ҳамсояашон ошно буданд, байни худ нимшӯхию нимҷиддӣ муҳокима мекарданд.
-Чӣ шуда бошад? Дафъаи гузашта, ки ногаҳонӣ бемор шуд, бачаи ҳамсояи дасти рост мошини нави замонавӣ гирифта буд. Дафъаи қабл аз ин бошад, ҳамсояи дасти чап зани дуюм оварда буду Бӯқаламун хост коре карда инро ба гӯши “мақомот” расонад ва ҳамсояро аз мақому мансабаш поин орад. Аммо чун ба ин дасташ кӯтаҳӣ кард, ба бистари беморӣ афтод.
Дафъаи қабл аз инаш бошад, вазифа гирифтани ҳамсояи “бечора”-и нав ба кӯчаашон омадаро фаҳмиду эътибору эътиқоди ҳамсояҳоро бо вуҷуди рангивазкуниҳои зиёди худ бо ӯ тағйир дода натавонисту ба бистари беморӣ афтод. Чунин буданд иллатҳои бистарӣ шудани Бӯқаламун.
Наздикони “ҷафодида”-аш мегӯянд, ки ӯ дар аввалҳо чунин ҳассосу зудшикан набуд. Устувору заранг буду гоҳгоҳе бемор мегашт ва боз зуд сари по мешуд. Ва акнун иллати пирӣ бошад, ё чизи дигар, ки зуд-зуд пӯсташро иваз мекунаду аз чунин тез тағйир ёфтан қуввати муқовиматашро аз даст додааст ва бисёр бемор мешавад.
Бо ин суҳбат ҳамсояҳо ба хонаи Бӯқаламун расиданд. Вақте ба ҳузураш ташриф оварданд, диданд, ки воқеан бемор аст. Канӣ акнун он пӯсти сурху сафеди тобноке, ки дар як мижа задан мутобиқ ба вазъу замон ҷилваи нав касб мекарду бо ворид шудан ба ҳар масъалаи “дастнорас” ва расонидани “пайғомҳои мамнуъ” садри маҷлис мешуд?
Канӣ он сиёсати чеҳра, ки яклаҳзаина ҳам бошад, ҳамсояҳо аз тарси он ки мабодо амал ё сухани онҳо сабаби пӯстпартоии Бӯқаламун шавад, эҳтиромашро бо камоли адаб ба ҷо меоварданд?
Акнун Бӯқаламун ранги дигар гирифта буд. Ранги зарди пажмурдаи бенур. Аз дидани ин вазъ ба дили баъзе “содаҳамсояҳо” раҳм омад ва гуфтанд:
-Чи хеле буд, набуд, кӯча бо кашмакашии мардҳову мӯйисаркании занҳо, ки Бӯқаламун дар як фурсат, бо дидани камтарин далел ба роҳ меандохт, шӯру шаре дошт. Акнун, ки ӯ бемор аст, кӯча сокиту бесадо. Касе ба ҷони ҳам намеафтад. Касе ҳақталошӣ намекунад. Таънанисоркуниву хархашаву ғайбатҳои сарироҳӣ нест. Охир ба ҳамаи ин ҳангомаҳои кӯча ӯ буд, ки замина мегузошт.
Ҳамсояҳо аз бемории ӯ маҳзун шуданду яке ҷуръат карда пурсид: -Ҳамсоя, ба шумо чӣ шуд? Ин қадар рангатон паридааст.
-Пирӣ.... Камтар кори дилам суст шудааст ва духтур зиёд гаштугузор карданро бароям манъ кард. Дигар ба берун баромада наметавонам. Намедонам дар берун чӣ гапу хабар аст. Касе ҳам ҳарфе “намеорад”. Хулоса аз ҳама кору бору дунё ақиб мондам, -гуфт Бӯқаламун бо ҳасрат.
Ҳамсояҳо бо ҳам нигоҳи маънидоре карданд. Сабаби бемории Бӯқаламун мушаххас гардид. Ӯ бекор мондааст, бекор. Воқеан сахт аст бекорӣ, барои оне ки ба ҳама кор дорад. Барои Буқаламун ҳам бекорӣ баробар ба бемории марговар аст. Ҳай афсӯс...
МАҲҶУБ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2022, 12:41
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...