Ҳаёти ибратбахши Сафарбек Нозимов
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 май, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо / Чеҳранигорӣ, Боздид 532
10 апрели соли 1918 Сафарбек Нозимов дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба дунё омадааст. Дар ин ҷо камол ёфт, бо меҳнати ҳалол зиндагии хешро пеш бурд. Дар яке аз рӯзҳои наҳс Германияи гитлерӣ аҳдшиканона ба хоки Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамла овард. Соли 1941 ӯ ба фронт рафта, бар зидди душманони фашистӣ дар муҳорибаҳо иштирок намуда, мардонавор ҷангид. Дар яке аз муҳорибаҳо аз дасташ тир хӯрда, захм бардошт.
Дар госпитал бистарӣ шуда, табобат гирифт. Боз ба ҷабҳа рафт, далерию корнамоӣ нишон дод. Баъди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ соли 1945 сарбаландона ба диёраш-деҳаи Сайроби деҳоти “50-солагии Тоҷикистон” баргашт. Ҳамчун ҷавони ғаюру далер ва меҳнатдӯст ӯро сарвари бригадаи пахтакории колхоз таъин намуданд.
Бо заҳматҳои зиёд бригадааш дар ноҳия пешсаф шуда, ном баровард. Нақшаи пахтасупориро дучанд иҷро мекард. Борҳо ӯро барои меҳнати софдилонаю пурсамараш ба Намоишгоҳи Комёбиҳои Хоҷагии Халқи СССР фиристоданд. Сазовори номи Устоди пахта гардид.
Баъди дар ноҳия ташкил шудани хоҷагии моҳипарварӣ роҳбари хоҷагӣ Сафарбек Нозимовро ҳамчун шахси меҳнатдӯсту кордида сардори бригадаи моҳипарварӣ таъин намуд.
Сафарбек Нозимов марди меҳнатдӯст буду вазифаҳои ба зиммааш гузоштаро сарбаландона иҷро мекард. Ҳамин буд, ки ӯ касби моҳипарвариро дӯст дошт. Дар андак вақт моҳипарвариро аз худ кард. Бригадааш нақшаи моҳисупориро сол ба сол зиёд иҷро мекард.
Таҷрибаи кории ӯро дар дигар хоҷагиҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ истифода мекарданд. Ҳатто борҳо Сафарбек Нозимовро ба дигар ҷумҳуриҳо фиристода, таҷрибаашро дар байни моҳипарварони хоҷагиҳои калон истифода мебурданд. Собиқ ҷанговар бо меҳнати ҳалол номбардори Ватан шуд.
Бо фармони вазири соҳаи моҳипарварии СССР ва Иттифоқи касаба зиёда аз 10 маротиба ҳамчун пешқадами истеҳсолот, Аълочии мусобиқаи сотсиалистии соҳаи моҳипарварӣ ва ғолиби мусобиқаи сотсиалистӣ гардид.
Устоди соҳаи моҳипарварӣ Сафарбек Нозимов бо фармонҳои Президиуми Шӯрои Олии СССР 26 феврали соли 1974 бо ордени «Нишони фахрӣ» ва 12 майи соли 1977 бо ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат» сарфароз гардонида шудааст. Ҳамчунин ӯ бо медалҳои Жуков, 20-солагӣ, 30-солагӣ, 40-солагӣ ва 50-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 қадр карда шудааст.
Вазири мудофиаи СССР, Маршали Иттифоқи Советӣ А.Гречко ба Сафарбек Нозимов бо мазмуни зайл табрикнома фиристодааст: «Муҳтарам Сафарбек Нозимов! Аз сидқи дил Шуморо ба муносибати 30-солагии Ғалаба бар Германияи фашистӣ ва мукофоти медали ҷашнӣ табрик мекунам. Дар солҳои мудҳиши ҷанг Шумо дар қатори ҳимоятгарони фаъоли Ватан будед. Хизматҳои Шумо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷовидона дар ёди халқамон мемонад. Ба Шумо саломатии бардавом, дар ҳаётатон хушбахтӣ ва муваффақиятҳо дар кор баҳри Ватан орзумандем».
Дар ҳақиқат, орзуи Маршал ҷомаи амал пӯшид. Сафарбек Нозимов барои Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ заррае ҳам бошад, саҳм гузошт. Барои ободии Ватан меҳнати софдилона кард ва Ватан ӯро барои меҳнатҳои пурсамараш бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз намуд.
Якчанд маротиба вакили ноҳиявӣ ва деҳот интихоб гардид. Ӯ дар ноҳия обрӯ ва эҳтироми калон дошт. Мардумро ба ободонӣ ва ҷавононро барои меҳнатдӯстӣ, ватанпарварӣ ҳидоят мекард.
Инсони комил Сафарбек Нозимов соли 2000-ум аз дунё даргузашт ва хотирааш дар дили наздикону ҳамсафонаш боқӣ мондааст. Ҳаёти ин ҷанговари меҳнатдӯст барои насли оянда ибратомӯз аст.
С. Зарифӣ,
раиси Шӯрои собиқадорони
ҷангу меҳнати ноҳияи
Абдураҳмони Ҷомӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00