Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » 51%-и ХАТМКУНАНДАГОНИ ДОНИШКАДАИ ЭНЕРГЕТИКӢ ИХТИЁРӢ БА ХИЗМАТИ ВАТАН-МОДАР САФАРБАР ГАРДИДАНД


51%-и ХАТМКУНАНДАГОНИ ДОНИШКАДАИ ЭНЕРГЕТИКӢ ИХТИЁРӢ БА ХИЗМАТИ ВАТАН-МОДАР САФАРБАР ГАРДИДАНД



Хатмкунандагони Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ихтиёран баъди супоридани имтиҳонҳои хатм ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шуданд.


Онҳо хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифаи шаҳрвандӣ ва ҷонии хеш шуморида, барои ҳифзи марзу буми Ватан ҳамеша омода буданд ва ҳастанд. 


Дар саҳни майдони ҳарбии Донишкада дар фазои идона ва тантанавӣ дар умум 51%-и хатмкунандагони Донишкада ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел карда шуданд. Ба ин муносибат дар саҳни майдони ҳарбии Донишкада бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарияти донишкада, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва падару модарони донишҷӯён чорабинии тантанавӣ, иборат аз рақсу суруд, баргузор гардид.


Ректори Донишкада Исозода Диловаршоҳ Тариқ зимни суханронӣ иброз намуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳифзи Ватан барои ҳар як ҷавон мактаби бузурги ҳаёт, ҷасорату мардонагӣ ва далерию шуҷоат ба ҳисоб меравад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода