Суханвари санҷида
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 апрел, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 481
Нигоҳи вопасин
Боз як субҳи дигар дида ба олам кушод. Вале ҳабиби ман, чун ҳарвақта, ба пешвози субҳ бо умеду орзуҳо қадам нагузошт. Дарди дил азияташ медод, рангу рӯяш коҳидаву чашмонаш шарори пешинаро надошт. Наздаш омадаму дилам фишор хӯрд, наход?... Вале фикрҳои ботил аз сар дур кардаву гуфтам: «Шояд шифохона барам?»
–Майлаш,-гуфт ӯ.
Оҳанги гуфтораш ниҳоят маҳзун буд. Инак, мошин омаду вақти рафтан расид. Ман чизҳои заруриро ҷамъ карда, ҳар замон сӯяш чашм медӯхтам. Сараввал солор-солор қадам зада, назди гули садбарг омад, бо сукут ба ҳар канори боғ дуру дароз назар андохт, гӯё акси зебоиҳое, ки худ офарида буд, ба оинаи беғубори чашмонаш ҷой мекард. Сипас, оҳиста-оҳиста аз назди онон бо дили кашол дур шуда, аз дарвоза баромад.
Ин лаҳзаҳо дили ҳассосаш ҳис карда буд, ки дигар ба боғи орзуву ормонҳояш, ки дар гулгаштҳои он қадам задаву илҳоми тоза мегирифт, бар намегардад. Дигар дар оғӯши дарахтон, зери ҳавои суруди насими сабуксайр таронаҳо эҷод намекунад. Оҳ, чӣ тавр дарднок аст ин манзара. Ман аз ин лаҳзаҳо сахт метарсидам, вале инсон барои он инсон аст, ки ҳама дардҳои тоқатфарсоро таҳаммул мекунад. Омад он рӯзе ба сарам, ки сахт метарсидам...
Марди роҳ
Муқим Абдураҳмонов. Ӯ тамоми умр хоксору фурӯтан зист, то тавонист дасти фитодае гирифт, ба роҳи рост ҳидоят кард. Суханвари санҷида буд.
Навиштаҳояш дилҳоро нарм, дидаҳоро гарм, рақобатро ба муҳаббат, разолатро ба садоқат табдил медод. Вале боре ҳам даст ба сина зада манманӣ накард. Даъвои суханварӣ накард. Дар кӯчаву паскӯчаҳои шуҳрат надавид. Дар ҷамъомадҳо бо тамкини ба худ хос сухан мегуфт. Суханонаш вазну мақоми хосае доштанд. Зеро ин ҳама дар мизони хирад баркашидаву баъд ба забон меовард. Сар то сари ҷумҳурӣ буд манзилу маконаш. Ба куҷое фиристанд, мерафт. Бисоташ қаламу хома буд.
Суҳбати орифон меҷуст, ҳамин ки суҳбат ба онон муяссараш мегардид, гул-гул мешукуфт. Аз ҳаёти худ қиссаҳо мекард, то ба дигарон ибрат гардад. Аз ҳаёти рангини адибони зиндаёд - мунодии сулҳ Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ, Боқӣ Раҳимзода, шоираи машҳури доғистонӣ Фазу Алиева қиссаҳои ҷолибу мондагоре иншо кард. Масъалаҳои доғи рӯзро бо тамкину бурдборӣ ҳаллу фасл менамуд. Аз ҳамкоронаш низ ҳамин маънӣ талаб мекард. Ба гуфти адиби хушгуфтор Бойбобоев, навиштаҳои Муқим Абдураҳмонов шаддамарҷонеро мемонанд, ки онҳоро пасу пеш кардан маҳол аст, вале худ гумон мекард, ҳанӯз навиштаҳояш ба ҳадди болиғ нарасидаанд. Муҳарририи чандин ҷаридаҳоро ба ҷо овард: «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон»), «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа», «Навиди Вахш», «Шуълаи умед». Ҳар куҷое фаъолият дошт, сидқан хизмат мекард. Шогирдони зиёде тарбият кард, ки ҳамаи онҳо имрӯз дар ҷодаи рӯзноманигорӣ идомадиҳандаи кору пайкори устоди худ мебошанд. Ҷанги беъмании шаҳрвандӣ пару болаш шикаст. Омад ба зодгоҳаш. Ҳарчанд солиёни зиёде сарварӣ дошт, ба гуфти адиби ширингуфтор Саидалӣ Бобохонов дар китобаш бо номи «Вақте ки Сталин занг мезад», кулбаяки ободе набуд ӯро. Бо ҳамроҳии панҷ нафар чӯҷаяконаш хонаи ободаш дар Қӯрғонтеппа ба дасти яғмогарон супориду бо дили афгор дар Исфара ломакон гардид. Ӯ илтимосу илтиҷоро дӯст намедошт, вале бо исрори завҷааш рафт ба дари зимомдорони давр.
Сар ба зер афганду як порча замин пурсид. Гуфтанд: «Дар шаҳр замин нест, вале аз дашти синабирёни Сомониён замин ҷудо карда метавонем. Барояш ҳамчу гуреза, на адиб қитъаи замин ҷудо карданд. Рафт бо пайвандон. Бист сол сангу хор чид. Бо азобе боғ бунёд кард. Дар боғи навбунёд наорамида ба дарди қалб гирифтор шуд. То рӯзе, ки марг фаро нарасид, қалам аз даст нагузошт.
Танҳо рӯзи вопасин он дӯсти ҷовидон ҳамдаму ҳамрозаш, ки тамоми умр ӯро ҳамраҳӣ мекарду номаш қалам буд, аз дасташ афтид. Навиштаҳояш нотамом монданд. Баъди маргаш ҳукуматдорон бо исрори ҳамкорону шогирдонаш кӯчаеро дар назди поякӯҳ ба номаш гузоштанд.
Марди роҳ хоксорона зист, хоксорона аз олам гузашт, даъвои суханварӣ накард. Номгузорӣ низ чунин сурат гирифт, ки то ҳол онро касе намедонад. Шогирдону дӯстонаш ҳар замон ба зиёрати боғи ӯ меоянд. Аз меваҳои он ком ширин мекунанд ва мепурсанд: «Кӯчаи устод куҷост?»
Муҳим ин нест, муҳим он аст, ки марди роҳ дар дили онҳое ошён дорад, ки ба қадри сухану суханвар мерасанд.
Сабоҳат САТТОРОВА,
ҳамсари М. Абдураҳмонов
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...