Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Кӯлоб. Кишти пахта оғоз гардид


Кӯлоб. Кишти пахта оғоз гардид



Дар шаҳри Кӯлоб Кооперативи тиҷорати Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар мавсими имсола ба кишти пунба оғоз намуд. Дар ин хусус ба рӯзномаи “Хатлон” аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд.

Тибқи иттилои манбаъ хоҷагидорон намунаҳои тухмиҳои серҳосили ба шароити иқлими минтақа мутобиқ, нуриҳои минералӣ, заҳрхимикатҳо, таҷҳизоти дорупошӣ ва тухмии дигар намуди зироатҳоро, ки дар заминҳои хоҷагӣ кишту парвариш карда мешаванд ба намоиш гузоштанд.


 Хоҷагии мазкур тухмипарварӣ буда, дигар хоҷагиҳои минтақаро бо тухмиҳои хушсифат таъмин менамояд ва айни замон дар анборҳои хоҷагии беш аз 300 тонна тухмии пунба мавҷуд мебошад. 


http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода