Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар «Пахтакор»


Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар «Пахтакор»



Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар арафаи Наврӯзи ҷаҳонӣ ташкил намудани мусобиқаҳои гӯштини миллӣ ва бузкашӣ ба ҳукми анъана даромадааст.

Бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ ва мақоми ҷаҳонӣ гирифтани гӯштини миллӣ ҳафтаи сипаришуда дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Нусратулло Файзуллоев мусобиқаи гӯштини миллӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Дар мусобиқа паҳлавонони дохил ва хориҷи мамлакат қувваозмоӣ намуда, соҳиби мукофотҳои арзишманд гардиданд. Мусобиқаро доварони ботаҷриба аз Федератсияи гӯштини миллӣ доварӣ намуданд.

Раванди мусобиқаи гӯштини миллиро раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид тамошо карда, ба ҳунару маҳорати паҳлавонон баҳои баланд дод. Боиси қаноатмандист, ки таваҷҷуҳи бонувону духтарон ба ин намуди варзиш сол то сол зиёд гардида истодааст. Яке аз наврасоне, ки дар ин мусобиқа қувваозмоӣ намуд, Мадинаи Рустам аст. Ин варзишгари наврас дар давоми як соат ҳафт нафарро мағлуб намуда, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба худ ҷалб кард.

Се ҷоизаи мусобиқаи гӯштини миллӣ-2023 дар шаҳри Бохтар авто-машинаҳои сабукрав буд, ки яке аз онҳоро Мадинаи Рустам соҳиб шуд. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид калиди автомошинаи сабукравро дар вазъияти тантанавӣ ба ӯ супорид.

Бо ҳамин метавон гуфт, ки мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Бохтар бо иштироки васеи варзишгарон аз дохил ва хориҷи мамлакат бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоту туҳфаҳои таъсисдода қадр карда шуданд.

«Хатлон »

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода