КИНОЛОГ. Нақши он дар артиш муҳим аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 март, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 554
Инак, моҳи 5-уми хизмати аскариро дар маркази таълимии 0123-и қисми сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона паси сар кардам. Дар ин муддати кӯтоҳ он ба ман чӣ дод? Хонандаи азиз! Ҷавоби ин саволро дар матлаби мазкур дармеёбед.
ДАРСИ МАРДОНАГӢ
Ҷавонони баору номус ва содиқ ба Ватан вақте ки ба хизмати аскарӣ даъват мешаванд, нахуст аз мактаби обутобёбӣ ва мардонагӣ гузашта, дар ин ҷо, ба қавле, ҳаёти нави сарбозиро меомӯзанд. Сипас, ба қисмҳои низомӣ сафарбар шуда, хизмати Ватан-модарро идома медиҳанд. Дар ин мактаб - хизмати аскарӣ ҷавонон бакуллӣ тағйир меёбанд. Хислатҳои кӯчагии худро як сӯ гузошта, ба ҳаёти нав қадам мениҳанд. Тарзи гуфтору рафторашон низ дигар мешавад, ҷисман обутоб меёбанд, масъулиятшиносиро аз худ мекунанд.
Ман аллакай аз як даври муҳими ҳаёт худшиносию худогоҳӣ, меҳр ба диёру пос доштани марзу буми Ватан, эҳтироми модар, қадру қимати дӯст ва интихоби дӯстони ҷонӣ, қавииродагӣ, масъулиятшиносиро аз худ намудам. Муҳимтар аз ҳама, аз тамоми гӯшаю канори кишвар дӯсту бародар ёфта, дар оилаи бузург- хизмати аскарӣ будубош дорем.
Шукрона мекунам, ки ба маслиҳату ҳидояти модари ширину меҳрубонам гӯш дода, бо майлу хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ватани азизам шомил шудам ва аз ин амали хеш ифтихор мекунаму қаноатмандам.
Дар омади гап ва истифода аз фурсат ҷавонони сарбаланду боиродаи кишварро ба адои қарзи фарзандии худ - хизмати аскарӣ даъват менамоям. Зеро хизмати аскарӣ ба кас сарбаландию тавоноӣ ва комёбиҳои зиндагиро медиҳад, ҳаёти инсонро рангин месозад.
Ошноӣ бо мураббӣ-кинолог
Дар мактаби тайёрии кинологии Маркази таълимии қисми 0123, ки ман шомили он ҳастам, бо сарбоз, сержанти калон Меҳрулло Сангинов шинос шудам. Аз рӯзҳои нахуст мушоҳида кардам, ки хислату меҳрубонии ӯ бо номи муборакаш –Меҳрулло тавъам будааст.
Меҳрулло дар даъвати баҳории соли 2021 бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шомил шуд. Пеш аз ин қарораш ба падару модар изҳор дошт, ки мехоҳад ба хизмати аскарӣ равад, дуояш диҳанд. Модар аз ин қарори писар хурсанд шуд, ашки шодӣ дар дидагонаш ҳалқа зад ва ҷигарбандашро ба оғӯш гирифта гуфт: “Меҳруллоҷони ман, илоҳо барака ёбӣ, хоҳишамро ба замин намонда ба хизмати Ватан- модар меравӣ. Акнун сарам баланд мешавад”. Бо ҳамин волидайн ба ӯ дуои нек доданд ва Меҳрулло сарбоз шуд.
Меҳрулло ҳанӯз аз наврасӣ ба вафодор меҳр дошт. Рӯзе аз кӯча саги бесоҳибро ба хона овард. Нигоҳубинаш кард, ба ин ҳайвони хонагӣ унс гирифт. Вафодор ҳар як амру хоҳишашро ба ҷо оварда, ба соҳибаш содиқ буд. Ҳамин «ихтисос»-аш дар ҳаёти сарбозии ӯ ба кор омад. Хизматро дар мактаби тайёрии кинологӣ (бахше, ки дар он сагҳои хизматиро меомӯзонанд) оғоз кард.
СИМОИ ҚИСМИ НИЗОМӢ
Ба ақидаи сардори Маркази таълимии «Пойтахт» генерал-майор Алишер Раҳимзода, мактаби тайёрии кинологӣ симои қисми низомӣ аст.
Дар идомаи суҳбат генерал-майор Алишер Раҳимзода фикри худро чунин шарҳ дод: «Дар қисми ҳарбии мо ҳангоми ташрифи меҳмонон ба қисми низомӣ, баргузории чорабиниҳои дохилии қисми ҳарбӣ ва берун аз он, ҳайати шахсии мактаб намунаи кори сагҳои хизматиро ба намоиш мегузоранд. Чорабиниҳо дар сатҳи баланди касбӣ доир мегарданд ва ин аз соҳибтаҷрибагӣ ва маҳорати баланди масъулини мактаб ва кинологҳо дарак медиҳад. Ҳамзамон, фаъолияти ҳар як сарбози қисми низомӣ зери таваҷҷуҳ қарор дошта, хизматашон қадрдонӣ мегардад.
Меҳрулло Сангинов аз зумраи мураббиёнест, ки таҷрибаи калон дораду заҳмати шабонарӯзиаш чашмрас аст. Бо назардошти хизматҳояш ӯро ба рутбаи ҳарбии сержанти калон сарфароз намуда, бахшида ба 30-юмин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорномаи роҳбарияти қисми ҳарбӣ қадрдонӣ шуд».
МУТАХАССИС-КИНОЛОГҲО БА МО ЛОЗИМАНД
Дар хусуси муҳимияти сагҳои хизматӣ бо сардори кинология ва савораи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковник Ҳурмуз Алимов суҳбат доштем. Ӯ бо як самимияти баланд иброз дошт: «нақши сагҳои хизматӣ дар ҳифзи сарҳади давлатӣ бузург аст. Сагҳои хизматӣ барои амалиётҳои ҷустуҷӯӣ, дарёфти махфигоҳҳои маводи мухаддири қочоқчиёну нашъаҷаллобон ва ғайра истифода мешаванд.
Хушбахтона, дар ин самт то имрӯз корҳои зиёди назаррас иҷро гардидаанд, зотҳои гуногуни сагҳои хизматиро дар заминаи парваришгоҳи сагҳои хушзоти мактаби тайёрии кинологии маркази таълимии «Пойтахт» зиёд ва парваришу тарбия намуда, барои пурзӯр кардани муҳофизати сарҳади давлатӣ ҷалб намоянд. Мутахассисони ин соҳа пайваста аз пайи парвариш ва омӯзонидани сагҳои хизматӣ ҳастанд”.
Сержанти калон Меҳрулло Сангинов ҳанӯз аз давраи сарбози қаторӣ будан таваҷҷуҳи маро ҷалб намуда буд. Ин гуна сарбоз-мутахассиси соҳибтаҷриба ҳамеша ҷойгоҳи худро дорад. Аз ҳамин хотир, ба ӯ пешниҳод гардид, ки баъд аз ба итмом расидани хизмати ҳарбӣ дар сафи кинологҳои ҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намояд. Айни замон Қӯшунҳои сарҳадӣ ба чунин мутахассисон ниёз дорад”.
Хизмати содиқона соҳиб эҳтиромаш кард
Дар дастурамали ҚС КДАМ ҶТ дарҷ омадааст, ки сержант сардори бевоситаи сарбозон, наздиктарин ёвари афсарон ва прапоршикҳо мебошад. Сержанти калон Меҳрулло Сангинов маҳз аз зумраи онҳост. Ӯ ҳар як супоришро сари вақт ва бо сифати баланд иҷро мекунад, ки ин аз масъулиятшиносӣ ва тарбияи хуби ӯ дарак медиҳад»,-иброз намуд сардори мактаби тайёрии кинологӣ майор Давлати Ҷумъахон.
Бояд гуфт, ки Меҳрулло дар соҳаи кинология устод гардидааст. Дар бисёр ҳолатҳо аз ҷониби роҳбарияти мактаби тайёрии кинологӣ шароити лозима фароҳам оварда мешавад, ки машғулиятҳоро маҳз ӯ бо наваскарон баргузор кунад ва нозукиҳои соҳаро ба онҳо омӯзонад.
Дасту дили пок ва хизмати софдилона ӯро соҳибэҳтиром намудааст. Ӯ намунаи ибрати ҳайати сарбозон мебошад. Ман ва ҳамхизматонам - сарбозон Исматулло Ҳайдаров, Исҳоқ Султонов, Неъматулло Ашуров, вақте ки бори аввал бо роҳбарии сержанти калон М. Сангинов, ба ҳайси навбатчии парваришгоҳи сагҳои хизматӣ вобаста гардидем, хуб дар хотир дорам, ки пеш аз шурӯи иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба мо гуфта буд: «Сагҳои хизматӣ ҳайвони вафодору содиқ ба хизмат мебошанд. Онҳо қатори сарбозон дар ҳаргуна шароит марзи Ватанро ҳимоя мекунанд. Ҳатто дар баъзе маврид аз мо дида натиҷаи назаррастар нишон медиҳанд. Аз ин рӯ, нигоҳубини онҳо вазифаи мо буда, парваришашонро покдилона иҷро мекунем». Ин суханон моро водор намуда буд, ки дар нигоҳубини сагҳои хизматӣ масъулиятшинос бошем.
«Касб омӯз, мегуфт падарам»
Дар таълиму тарбияи Меҳрулло нақши падари бузургвораш, амаки Насимҷон, бузург аст. Амаки Насимҷон, ки худ устои сартарош аст, нозукиҳои ин касбро ба писараш меомӯзонад. Меҳрулло мегӯяд: «Вақте ки падарам боварӣ ҳосил намуд, ки ман нозукиҳои ин касбро аз худ намудаам, ғайриинтизор нагузошт, то фаъолияти мустақилонаи худро оғоз кунам. Акнун падарам маро ба назди устои кафшдӯз бурд.
Ҳамин тариқ, вақте ки ин касбро ҳам аз худ кардам, қиблагоҳам маро ба шогирдии устои қассоб Меҳрулло Сангинов дар давоми хизмати дусолаи худ сагҳои хизматии зиёдеро баҳри ҳифзи Ватан омода кардааст. То интиҳои хизмати аскариаш рӯзҳои башумор мондааст. Новобаста аз ин бо садоқати бепоён ба саги хизматиаш «Дино» омӯзиш мегузаронад. Ӯ дар муддати кӯтоҳ ба «Дино» амрҳои «шин», «хоб», «бархез», «наздам биё», «паҳлу» ва дигар амрҳоро омӯзонд ва ҳоло бо саг барои дарёфт намудани маводи мухаддир машғулият мегузаронад.
–Мехоҳам «Дино»-ро ба хизмат дар сатҳи баланд омода намоям, то баъди адои хизмати ҳарбӣ дар ин ҷо аз худ нишоне гузорам,- бо ифтихор мегӯяд Меҳрулло.
Ӯ ба ҷавонони кишвар чӣ гуфт?
Дар хотимаи суҳбат мураббии сагҳои хизматӣ, сержанти калон Меҳрулло Сангинов ба ҷавонони синни хизматӣ муроҷиат карда мегӯяд: «Дигарон пеш аз мо омада, Ватанро ҳимоя карданд ва мо дар ҳавои сулҳу амонӣ зиндагӣ кардем. Мо ба хизмат омадем, то дигарон дар амон бошанд. Акнун ҷавонони бонангу номуси кишвар бояд дар навбати худ омада, марзи кишварро ҳимоя кунанд».
P.S. Ҳарчанд сержанти калон М. Сангинов дар сарҳад адои хизмат накарда бошад ҳам, вале сагҳои хизматие, ки ӯ омӯзиш додааст, имрӯзу оянда сарҳади кишварро муҳофизат мекунанд.
Далер Ибод уллозода,
узви ИЖТ, сарбози қатории мактаби
тайёрии кинологии Маркази таълимии
«Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00