Иштирокчиёни нахустин паради ҳарбии Тоҷикистон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 489
23 феврали соли 1993 дар саҳифаи навини таърихи Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Чунки дар ин рӯз дар шаҳри Душанбе нахустпаради ҳарбӣ бо иштироки хизматчиёни низомӣ, аъзои Фронти халқӣ, собиқ хизматчиёни ҳарбӣ ва сокинони кишвар гузаронида шуд. Ба ин хотир ин рӯз дар кишвар ҳамчун Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.
Воҳид Маъруфов солҳои 1989-1991 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи СССР дар Украина адои хизмат намуда, ба Ватан баргашт ҳаёти мулкии худро идома дод. Зиндагӣ бо маҷрои худ идома дошт. Бо мурури вақт СССР аз байн рафт, кишварҳои бародар соҳибистиқлол шуданд. Барои ҳифзи марзу буми кишвар ва ҳимояи ҳаёти осудагии мардум лозим буд, ки Артиши миллӣ таъсис дода шавад.
Охири соли 1992 ва аввали соли 1993 корҳои ташкили Артиши миллӣ оғоз гардид. Вале қувваҳои нохалаф дар кишвар ҷанги шаҳрвандиро сар карданд.
Ҳамсуҳбати мо узви Фронти халқии Тоҷикистон Воҳид Маъруфов ба нахустин паради низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуд. Иштирокчиёни парад аз назди минбар, ки дар он ҷо роҳбарияти Тоҷикистони тозаистиқлол бо роҳбарии Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳузур доштанд, мегузаштанд. Аксари афсарони олирутба ва фармондеҳони парадро кадрҳои рус ташкил медоданд. Онҳо ҳамчун шаҳрвандони одӣ дар гузашти паради ҳарбӣ ширкат варзида, баъди анҷом ёфтан ба хонаҳои худ бармегарданд, - гуфт ба ёд оварда он рӯзро.
Воҳид Маъруфов бо сарбаландиву ифтихори зиёд аз парад гузашта, таассуроти нек бардошт.
Ҳамчун аъзои Фронти халқӣ то соли 1996 фаъолият намуда, дар чандин амалиёти ҷангӣ ва вохӯриву суҳбатҳо бо гурезагони дар Афғонистонбуда иштирок намуда, чандин ҷароҳат низ бардошта, ҳамчун маъюби гурӯҳи дуюм ба нафақа мебарояд.
Ҳамсуҳбати дигари мо иштирокчии нахустин паради ҳарбии Тоҷикистон, сокини ноҳияи Кӯшониён Шамсиддин Муродов мебошад. Ӯ низ мисли Воҳид Маъруфов дар он парад ҳамчун сокини осоишта иштирок намуд.
Шамсиддин дар он вақт дар яке аз дӯконҳои нонпазии Ҷамоати деҳоти “Заргар”-и ноҳияи Кӯшониён кор мекард.
Бо гузашти солҳо мусоҳибони мо ба кору фаъолияти худ идома дода, дар барқарор намудани сохти конститутсионии кишвар иштирок кардаанд. Онҳо бар он назаранд, ки имрӯз хизмат дар сафи Артиши миллии Тоҷикистон назар ба солҳои пешин беҳтару хубтар шудааст. Аз ҷавонон даъват менамоянд, ки довталабона ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ рафта, оромиву осудагии кишвар ва ҳамватанонашонро таъмин намоянд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...