Далери ман, далерона дар хизмати Ватан бош! (Номаи модар)
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 583
Салом, ҷигаргӯшаи ман! Пораи қалби ман! Умеду ифтихори ман! Бо дуои саломативу сарбаландии ту бароят нома менависам.
Мегӯянд, ки маънии ном низ дар хислату характери инсон нақши муҳим мебозад. Аз он лаҳзае, ки ба дунё омадӣ ва бароят номи Далерро лоиқ дидам, зери лаб гуфтам: Далери ман дар ҳаёт ҳамеша далерӣ хоҳад кард.
Далери ҷасуру баҳодурам, ба ростӣ, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат пайвастанат бароям воқеан таҷрибанашуда буду рӯзҳои аввал ҳазорон фикру хаёл думболагирам буд. Эҳсосоте буд, тасвираш мушкил. Фикри аз барам як муддат дур шудани ту, ки дар ҳама пастиву баландиҳои рӯзгор паҳлӯяму такягоҳам будӣ, дилтангам мекард, гоҳо пинҳонӣ мегиристам.
Вале, чун бори нахуст туро бо либоси низомӣ дар ҳалқаи аскарбачаҳо бо қади болову сарфароз дидам, дилам аз шодӣ лабрез шуд. Ҷойи он ҳама изтиробу ҳаяҷонро ифтихор фаро гирифт. Ифтихор аз доштани фарзанде, ки дар қатори садҳо сарбозони ҷасуру қавиирода ба хотири нигоҳдории марзу буми Ватан ва таъмини оромию осудагии мо - модарону хоҳарон содиқона хизмат намуда истодааст.
Инак, 5 моҳ мешавад, ки ту дар маркази таълимии 0123-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи фарзандии худро дар назди Ватан иҷро карда истодаӣ ва чуноне ки дар назар аст, рӯзҳои наздик барои идомаи хизмат ба яке аз қисмҳои сарҳадии ВМКБ фиристода мешавӣ. Боз бароят дуо мекунам.
Имрӯз бо шукргузорӣ аз фазои ороми кишвар 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳама мардуми кишвар, хоса ба онҳое, ки бо сари баланд пайи иҷрои қарзи шаҳрвандии худ мебошанд, ба туву ҳамхизматонат муборакбод гуфта, бароятон тани сиҳат, дили беғам ва хотири шод таманно дорам.
Мо - модарон ҳамеша даст ба дуоем, ки Ватани мо тинҷу ором бошад ва писарони мо хизматро бо сари баланд иҷро намуда, ба назди пайвандону дӯстони худ сиҳату саломат баргарданд.
Нуриннисо Ибодуллозода,
сокини шаҳри Левакант,
модари сарбоз
Садоқат ба Ватан
Хизмат ба Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар маҳсуб меёбад. Боиси ифтихор ва хурсандист, ки солҳои охир теъдоди ҷавонони содиқу меҳанпарвар хеле афзуда истодааст. Хизмат ба Ватан бароям шараф аст. - Ҳамакнун, худро ҷавонмарди ҳақиқӣ, сарбози сазовори Ватан ҳис мекунам. Ин эҳсоси гувороест, ки вуҷудамро навозиш мекунад.
Сипари марзи Ватан ояти мардонагӣ аст,
Поси ин хонаву дар номуси сарбози Ватан.
Ҳар замон шуъла занад меҳри ватанхоҳии мо,
Дар дили ошиқи мо гулхани эъҷози Ватан.
Муҳаббат ба Ватан дар мағзу устухонам ҷо гирифтааст. Пайкарам қавӣ, ҷисман обутоб ёфтаву аз шароити хизмати ҳарбӣ қаноатмандам.
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз мояи ифтихор ва шарафмандии ҳар як ҷавони бо нангу номус мебошад. Бо боварии комил метавон гуфт, ки шароити буду бош дар қисмҳои ҳарбии мамлакат хубтар гардидааст. Танҳо ҷавонони моро лозим аст, ки ҷавонмардона ба комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо рафта, довталабона ба сафи Артиши миллӣ пайванданд. Имрӯз Артиши милли Тоҷикистон ба мутахассисони баландихтисос, афсарону сарбозони обутобёфта аз ҳарвақта дида бештар ниёз дорад.
Аз таҳдидҳои ҷаҳони муосир мо-хизматчиёни ҳарбӣ талаб менамояд, ки ҳамқадами замон бошем. Охирин навигариҳои техникӣ, хислатномаҳои техникаи ҷангиро донему онҳоро самараноку мақсаднок истифода бурда тавонем.
Аз ҳаёти хизмати худ гуфта метавонам, ки айни ҳол Артиши Ҷумҳурии Тоҷикистон неру ва қудрате дорад, ки сулҳу субот, оромӣ ва якпорчагии давлат ва ардумро ҳифз намояд.
Имрӯз дар сафи Артиш кам нестанд афсару сарбозоне, ки ба савганди худ содиқанду дар тарбияи кадрҳои ҳарбӣ саҳми босазо гузошта истоданд.
Дар фарҷом, тамоми афсарону сарбозони меҳанро ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, ба онҳо саломатии устувор ва рӯзгори пурнишот таманно дорам.
Далер ИБОДУЛЛОЗОДА,
сарбози қатории қисми низомии
0123-и Қӯшунҳои сарҳадии
КДА М-и Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00