Писаре, ки модарро дӯст медорад, ба Ватан содиқона хизмат мекунад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 541
Бихон ту номаи ман, эй писар, сарбоз,
Хатти ҳангомаи ман, эй писар, сарбоз.
Аз ин мардонагият мешавад оғоз,
Ба ту паймонаи ман, эй писар, сарбоз.
Ба зери парчами Модар-Ватан ҷон боз,
Ватан ҳам хонаи ман, эй писар, сарбоз!
Шояд бисёриҳо бар он андеша ҳастанд, ки дигар замони навиштани нома нест. Дар замони пешрафти фанноварӣ одамон бештар аз номаҳои электрониву василаҳои муосири иртибот истифода мебаранд. Аммо ман як модари кӯҳистонӣ аз минтақаи Муъминободи биҳиштосо ҳастам ва ба телефону технологияи имрӯза сару кор надорам. Мехоҳам муҳаббатамро ба пораи қалбам, писари бонангу номусам Набиҷон ва ҳамхизматонаш, ки низ фарзанди худ меҳисобам, бо қаламу коғаз баён созам. Ба андешаи фардии ман, таъсири номаи хаттӣ тамоман дигар аст. Барои ҳамин тасмим гирифтам, ки паёмамро тариқи рӯзномаи дӯстдоштаам «Хатлон» ба ҷигарбандам расонам.
Салом, ҷони модар! Набиҷони ман! Қуввати дилам! Умедворам, тӯли чанд моҳе, ки дар хизмати марзу буми ватани азизамонӣ, хубу саломат ҳастӣ. Азизам, ту аввалин неъмате аз сӯи Парвардигор будӣ, ки барои ман унвони болотаринро бо номи Модар додаӣ. Ба қавли мардуми кӯҳистон, ту нолаи аввали манӣ.
Аввалин имтиҳони дуриат аз ман шомил шудан ба донишгоҳ буд. Аз оғози таҳсилат дар донишгоҳ аллакай ту ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳодӣ, ба оянда хушбин будӣ. Ҳар бор, ки ба деҳа меомадӣ, он қадар аз нияту орзуҳоят бароям қисса мекардӣ, ки аз хушҳолӣ қабат-қабат гӯшт мегирифтам. Замони донишҷӯӣ аллакай ба кор шурӯъ кардиву дар баробари худат барои ману хоҳару додаронат низ кумакрасон шудӣ. Вале нақшаву нияти хизмати Ватанро ҳанӯз аз даврони наврасиат дар дил мепарваридӣ ва дар оғози таҳсилат дар донишгоҳ тарҳрезӣ карда будӣ. Ман, ки ба шуҷоату далерии ту, азизам, бовар доштам, ҳамеша дуогӯят будам.
Инак, тӯли чанд моҳ мешавад, ки Набиҷони ман дар Артиши миллӣ хизмати ватанро содиқона ба ҷо меорад. Ифтихор мекунам, ки дар як гӯшаи кӯҳистони диёр тавонистам фарзандеро ба воя бирасонам, ки содиқу вафодори Ватан бошад. Ба андешаи ман, ҳар инсоне, ки ба Модар арҷ мегузорад, Ватан низ ибодатгоҳи ӯст. Набиҷони ман беҳтарин ва дилсӯзтарин фарзандам аст. Ӯ барои ман ҳам нақши писарро мебозаду баъзан бародару хоҳарам мешавад, вақте ғамхориам мекунад, фикр мекунам, ҳоло ҳам назди падару модарам ҳастам.
Модар дар ҳама ҳолат пайваста бо ёди фарзанд аст. Оромиву пешравии фарзандро дида, меболад. Якчанд рӯз пеш писарамро дар оинаи нилгун дидам, ки аз тарафи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят соҳиби Ифтихорнома гашт ва боз дар барномаи телевизионӣ бо ифтихор сухан гуфт. Дар деҳа, вақте бо занҳо вомехӯреду аз фарзандатон таърифу тавсиф мешунавед, худатонро хушбахттарин модари дунё меҳисобед. Дар охири номаам аз тамоми модарони азизу гиромӣ хоҳиш менамоям, ки фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстию ифтихори миллӣ тарбия намоянд ва барои хизмати Ватан раҳнамун созанд.
Зеро муҳаббат ба Ватан асосан дар давраи наврасӣ зоҳир гардида, минбаъд ташаккул меёбад. Инсон ба ҳар зарра хоку ҳар қатра оби Ватан ончунон дил мебандад, ки бе он наметавонад хушҳолу бахтёр бошад. Ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ ин худ садоқат ба Ватан, саъю кӯшиш ва хизмат кардан мебошад. Барои ба хизмати ҳарбӣ сафарбар кардани ҷавонони далеру ватандӯст саҳми мо - модарон хеле калон мебошад.
Файзигул Сайдалиева,
сокини ноҳияи Муъминобод,
модари сарбоз
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...