Корҳои ободониро вусъат бахшем
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 511
“Роҳи тайкардаи кишвари соҳибистиқлоли мо дар давоми сӣ соли гузашта, инчунин, дастовардҳое, ки мо дар ин муддат ба онҳо ноил гардидем, як нуктаи бисёр муҳимро возеҳу равшан собит сохтанд: мардуми шарафманди тоҷик метавонад дар шароити мураккабу буҳронии ҷаҳони муосир бо нангу номуси ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва иродаи қавӣ Ватани муқаддаси худро ҳифз кунад, онро боз ҳам обод намояд ва нуфузу обрӯи Тоҷикистони озоду соҳибихтиёрро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорад”.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
Маҳз даврони соҳибистиқлолии мамлакат таҳти сиёсати хирадмандонаву башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву иҷтимоии мардуми шарафманди кишвар як қатор пешравию муваффақиятҳо ба вуқӯъ пайваста, ин миллати дар вартаи ноумедӣ қарордошта аз ояндаи дурахшону саодатмандиаш башорат дод.
Инак, 32 сол мешавад, ки марҳила ба марҳила Тоҷикистон рушд намуда истодаву Ватан тинҷу обод аст. Сатҳи рӯзгори мардум низ рӯ ба беҳбудӣ оварда, зиндагии хушу осуда дорем. Соҳибватан будану дарки рисолати ватандорӣ аз вусъати корҳои ободониву созандагӣ сарчашма мегирад. Хушбахтона, ин масъала мавриди тавваҷуҳи омма қарор гирифтааст. Ҳамин аст, ки ҳамасола дар мавриди омад-омади фасли баҳори оламафрӯз чун расму оини ниёгон раванди корҳои ободониву тозакорӣ авҷ мегираду ҷашни таърихии Наврӯз, ки ҷаҳонӣ шуд, бо шукӯҳу шаҳомати хоса ва хусусиятҳои таърихиаш истиқбол гирифта мешавад.
Гузашти ин рӯзҳо фурсати муносибест барои анҷом додани амалҳои хайру савоб. Табиати Тоҷикистони маҳбубамон, хоса вилояти Хатлон зебову дилкаш аст ва бояд қадри онро донист. Боварии комил дорем, ки чун оини падарону бобоёни хеш мисли солҳои пешин ҳама баҳри анҷом додани амалҳои хайру савоб якдилона камари ҳиммат мебандему дар самти вусъати ободкориҳо мавқеъгирӣ менамоем. Аз ин хотир, баҳри ободу зебо гардонидани хонаву маҳалла, шаҳру ноҳия ва дар умум, ватани маҳбуби хеш саҳмгузор будан нишони саодатмандии ҳар яки мост. Айни муддаост, ки табиати зебоманзари кишварро боз ҳам шукӯҳу шаҳомати тоза бахшем.
Дини мубини ислом беҳтарин дин аст, ҷавҳари он тозагист ва покизагӣ нисфи имон аст. Мо бояд қалбу вуҷуди пок дошта бошему бо ин васила бо диду назари нек покиву тозагии атрофро низ ба инобат гирем. Дар ривоятҳо омадааст, беҳтарин инсон нафарест, ки ба ҷомеа манфиатрасон бошад. Аз ин рӯ, моро лозим аст, ки бо истифода аз имконияту шароити муносиб тариқи ҳашар ба тоза кардани ҷӯю каналҳо рӯ оварем.
Инчунин, дар кӯчаву роҳравҳо, хиёбону мавзеъҳои фарҳангиву фароғатӣ дар шинонидани гулу буттаҳои ороишиву дарахтони мевадиҳанда саҳмгузор бошем. Рангу бори хонаҳо ва ба таври лозима ороста намудани муҳити зист аз амалҳои хайру савоб маҳсуб меёбад. Бо назардошти анҷом додани чунин иқдоми созанда рисолати ватандориро дарк намуда, дар партави дастуру ҳидоятҳои Роҳбарияти Олии мамлакат, Ватани маҳбубу биҳиштосои худро боз ҳам зебо хоҳем кард. Умед аст, то истиқболи 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, симои кишвар ва ҳар гӯшаву канори он бо анҷом додани чунин амалҳои хайру савоб таровати дигарро касб хоҳад кард.
Усмоналӣ Нурзода,
муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00