Хотамкорӣ ва граффити. Чаро имрӯз онҳо истифода намешаванд?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 638
"Лоиҳа ва бунёди иншоот аз усулҳои меъмории муосир ва миллӣ истифода намуда, ба сифати иҷрои корҳои сохтмон ва истифодаи санъати баланди меъморӣ эътибори ҷиддӣ диҳанд, то ки иншооту биноҳои бунёдшаванда ба мардум садсолаҳо хизмат кунанд".
(Аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Бохтар, 22.09.2020)
АВВАЛСУХАН
Ҳокимияти Шӯравӣ тайи 70 сол ҳукмронӣ кардаву барои халқу миллатҳои ҷумҳуриҳои бародар мероси моддиву ғайримоддӣ боқӣ гузоштааст. Ин мерос, агарчи инъи-коскунандаи рӯҳияи давру замон ва ҳокимиятсолории сотсиализм мебошад, рӯҳияи миллии халқҳои даврро низ бозгӯ мекунад. Дар он замон нависандагону шоирон, рассомону ҳунармандон, меъморону дизайнерон ва дар маҷмӯъ тамоми эҷодкорон вазифадор буданд, ки дастовардҳоро тарғиб намоянд.
Имрӯз дар ҳудуди вилояти Хатлон мероси ҳокимияти шӯравӣ дар шаклҳои гуногун хело зиёд буда, ба ин ё он ҷабҳаи ҳаёти халқи тоҷик, махсусан мардуми заҳматкаши вилоят бахшида шудаанд. Барои мисол, ёдгориҳои меъморӣ-монументалӣ, ки дар биноҳои баландошёна бо истифода аз санъатҳои хотамкорӣ (мозаика), гаҷкорӣ, ороиш дар санг, ороиш бо санг ва ғайра оро дода шудаанд. Оё онҳо имрӯз арзиши фарҳангӣ доранд? Назари сокинону коршиносон ба ин асарҳо чист?
Мозаика (хотамкорӣ) навъи санъате мебошад, ки усулҳои сохтани тасвирҳо ва ороиши сатҳ бо роҳҳои час-понидани пораҳое аз мавод, ки аз рӯйи ранг, матоъ, санг, гаҷ, шиша дар асоси умум фарқ мекунанд. Навъи санъати тасвирӣ, ороишӣ, ороишӣ – амалӣ ва монументалӣ – декоративии давраҳо ва жанрҳои гуногуни таърихӣ дар асоси техника низ номида мешавад. Ин гуна асарҳоро дар фарози бино дар тамоми ҷаҳон вохӯрдан мумкин аст. Аксари онҳо инъикоскунандаи мавзуъҳои гуногун, аз қабили дастовардҳои заҳматкашони халқу кишвар, саҳнаҳои хусусиятҳои миллидошта, чеҳраҳои қаҳрамонон (ба монанди варзишгарон, сиёсатмадорон, кайҳоннавардон, кашфиётҳои илмӣ ва ғайра), манзараҳои зебои табиат, парандагону ҳайвонот, бахшида ба санаҳои таърихӣ, саҳнае аз афсонаҳои халқӣ, эълону рекламаи ин ё он корхонаву ширкатҳои молистеҳсолкунанда ва ғайра мебошад.
Танҳо чунин асарҳоро мо дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар 9 адад шуморидем. Аксари онҳо бо истифода аз асарҳои мозаика ва ороиш бо сангҳо офарида шудаанд. Масалан, асари “50 - солагии водии Вахш”-и бинои истиқоматӣ дар хиёбони марказии шаҳри Бохтар - Ваҳдат, 46 мавҷуд аст. Рассомон Сабзаалӣ Шарифов ва В. Одинаев соли 1980 онро бо истифода аз санъати мозаикаи ранга офаридаанд, ки инъикоскунандаи дастовардҳои заҳматкашони водии Вахш дар зарфи 50 соли азхудкунии ин водӣ мебошад.
Ба гуфтаи рассом ва карикатуристи хатлонӣ Хайрулло Давлатов, асари болозикрро як гурӯҳ рассомони ҷумҳурӣ офарида буданд, ки ӯ низ ҳамчун донишҷӯи риштаи рассомӣ дар ин кор иштирок намуда буд.
- Мутаассифона, чанд сол пеш бо қарори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар замини назди ин бино ба ихтиёри яке аз соҳибкорони шаҳр вогузор шуд. Соҳибкор дар назди ин асар маркази савдо бунёд намуда, нисфи зиёд намои онро пӯшонидааст. Доир ба зарари расонидашуда ба он сухан гуфтан душвор аст, - мегӯяд Хайрулло Давлатов.
Ба ин монанд асарҳо дар шаҳри Бохтар мавҷуданд: дар бинои кӯдакистони №17 мозаикаи “Афсона”, дар бинои кӯдакистони №3 ду адад мозаика “Мавҷи баҳр, пирамард ва моҳичаи тиллоӣ”, “Духтарак”, дар бинои истиқоматӣ дар кӯчаи С. Раҳимов, №13 навиштаҷоти “50 лет ВЛКСМ” (“50-солагии ВЛКСМ”) ва рамзи ин ташкилоти ҷавонони СССР бо акси доҳии пролетариат Ленин, дар бинои истиқоматӣ дар кӯчаи Кайҳоннавардон, №34 “в” акси марди барқаде дар як дасташ офтоби нурпошидаистода, дар дасти дигараш парчаме бо рамзи досу болға ва дар зераш навиштаҷоти “Слава советской науке!” (“Шараф ба илми шӯравӣ!”), дар бинои филиали Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар вилояти Хатлон дар маҳаллаи Хатлон мозаикаи ранга “Санъаткорон”, дар бинои истиқоматӣ дар кӯчаи Кайҳоннавардон рамзи Бозиҳои олимпии соли 1980, дар бинои истиқоматӣ дар кӯчаи Ваҳдат, 50 мозаикаи рангаи “Модар”.
ҲОЛАТИ ИМРӮЗАИ АСАРҲО
Агар яке аз ин хотамкориҳо дар ҳолати хуб нигоҳдорӣ шавад, дар дигар ҳолатҳо онҳо аллакай рехтаву фарсуда гардидаанд. Масалан, асари “Афсона”, ки дар бинои дуошёнаи кӯдакистони №3-и шаҳри Бохтар мавҷуд аст, дар ҳолати хуб нигоҳдорӣ шуда, серрангу ҷилодиҳанда аст, мунтазам тоза ва ҷойҳои рехтааш тармим карда мешавад. Аммо ду асари дигар - “Мавҷи дарё, пирамард ва моҳичаи тиллоӣ”, “Духтарак”, ки дар бинои кӯдакистони №17-и шаҳр қарор дорад, бинобар сабаби бисёр рангубор кардани бино канорҳои мозаика зардранг шуда, безе-бу бенур намудааст. Асари дигаре, ки ҳаҷман хурду дар даромадгоҳи ин биност, роҳбарияти муассиса дар болои он баннер овезон намуда, ба намои асари мазкур зарар расонида, болои ин рангҳояш офтобзадаву оҳакхӯрда шудаанд. Бояд гуфт, ки онҳо дар масофаи тақрибан 100 метр дуртар аз ҳам ҷойгиранд.
Ба ҳамин монанд, асари “Санъаткорон” дар бинои филиали Донишкадаи таклими ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар вилояти Хатлон, воқеъ дар маҳаллаи Хатлон, баъзе аз ҷузъҳои қисмати болоии он рехтаасту қисмати поёнии асар бо сабаби рангубори умумии бино бенур шудааст.
Агар нисбати ин офаридаҳои санъат аз ҷониби мақомотҳои дахлдори давлатӣ хунукназарӣ карда шаванд, пас аз шаҳрвандони одӣ чӣ ҷойи гила?! Дар биноҳои истиқоматие, ки дар кӯчаҳои С. Раҳимов №13 ва Кайҳоннавардон №34 «в» чунин асарҳо мавҷуд аст, сокинон онҳоро сӯрох кардаву яке симу ноқилҳои кондитсионер ва дигаре мавҷгиракҳояшонро ба берун баровардаанд. Ба ҳамин монанд, дигар асарҳои дар боло зикршуда дар зарфи солҳо хира шудаву офтобзада гардидаанд.
БАРОИ НИГОҲДОРИИ ОНҲО КӢ МАСЪУЛ АСТ?
Ҳолати кунунии онҳо нигаронии ҷиддиеро ба миён овардааст. Зеро онҳо дар қайди ягон мақомот ҳамчун ёдгории таърихӣ несту барои нигоҳубин, азнавсозӣ ва тармими онҳо худро масъул намеҳисобанд.
Ин ҷо савол ба миён меояд, ки оё онҳо ҳамчун асари ҳунарӣ арзиши фарҳангӣ – таърихӣ надоранд? Чаро ин асарҳо то ҳол ба рӯйхати ёдгориҳои таърихӣ дохил нашудаанд?
Сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи ёдгориҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошариф Абдусаломов дар робита ба ин саволи рӯзи “Хотамкориҳо” иброз дошт, ки дар ҳоли ҳозир муайян намудани арзиши фарҳангӣ ва таърихии ин асарҳои душвор аст. Зеро мувофиқи санадҳои меъёриву ҳуқуқии Тоҷикистон, барои шомил кардани як объект ҳамчун ёдгории таърихӣ бояд марҳилаи муайяни таърихӣ сипарӣ шавад.
-Ҳангоми эътироф намудан ва ба ҳимояи давлат гирифтани объекте ҳамчун ёдгории таърихӣ бояд он аз давраи офариданаш 50-сол сипарӣ шуда бошад, дигар, ин ки он инъикоскунандаи ягон ҳодисаи таърихӣ, шахсият ва ё рӯйдоди муҳимми давлатӣ бошад, махсусиятҳои миллӣ ва фарҳангиро таҷассум намояд, - гуфт М. Абдусаломов.
Вобаста ба масъалаи нигоҳдории онҳо Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, корманди Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон Боймурод Саидмуродов гуфт, ки асарҳои мазкур дар вилоят то имрӯз ба рӯйхати ёдгориҳои таърихӣ дохил карда нашудаанд.
–Сабаби ба феҳристи ёдгориҳои таърихӣ дохил нагардиданашон дар он аст, ки муайян кардани соҳибони асосии ин биноҳо душвор аст. Агар дар бинои муассисаи давлатӣ бошад, пас, кор осонтар мегардад. Аммо паҳлуи дигари масъала биноҳои шахсии сокинон мебошад. Аз ин рӯ, сертификаткунонии онҳо ҳамчун ёдгории теърихӣ мушкил мешавад. Бояд таъкид созам, ки сертификаткунонии ёдгориҳои таърихиро мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимиятҳои давлатии шаҳру ноҳияҳо ба анҷом мерасонанд, - гуфт ӯ.
-Ман бар он назарам, ки ёдгории даврони шӯравианд, бояд ҳифз ва нигоҳдорӣ карда шаванд. То ин ки мо ба фарзандону наберагонамон, дар мисолҳои равшан фаҳмонида тавонем, ки Тоҷикистону тоҷикон тақрибан 70 сол дар ҳайати ҳукумати шӯроҳо буд. Онҳо бояд донанд, ки СССР чӣ буд, ВЛКСМ чӣ буд, Ленин кӣ буд, коммунист кӣ буд? Бо нишон додани ин гуна асарҳо таърихи 70-солаи халқамонро пеши рӯ орем,-афзуд дар интиҳои суҳбат М. Садирова.
Шоир Усмон Билолӣ иброз медорад, ки ин асарҳо дорои арзиши таърихӣ - фарҳангӣ буда, хусусияти тарбиявӣ низ доранд. Онҳоро беҳтарин офаридаҳо унвон карда, афзуд, ки онҳо метавонанд, дар замири насли наврас зебоипарастиро ҷой диҳанд.
СОКИНОН ЧӢ МЕГӮЯНД?
Сокини 60-солаи ноҳияи Кӯшониён Қ. Гулов, ки дар замони шӯравӣ таваллуд шудаву фаъолияти кориашро оғоз намудааст, ба он назар аст, ки ин мозаикаҳо ҳатман бояд ҳифзу нигоҳдорӣ карда шаванд. “Наметавонем як давраи тайнамудаи миллату давлатдориамонро фаромӯш созем. Он давра як қисми ҷудонашавандаи таърихи миллати мост”-гуфт ӯ.
-Тоҷикистон зиёда аз 30 сол боз соҳибистиқлол аст. Замона дигар шудааст. Зарур ва лозим нест, ки имрӯз кӯчаву шаҳрҳои замонавии моро аксу овеза ва шиорҳои даврони пеш, акси Ленину Сталин, “Слава советской науке”, “Зинда бод партияи коммунистӣ”, “Шараф ба Ҳукумати Шӯравӣ” ва дигарҳо оро диҳад, - мегӯяд раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Бохтар Тутихон Назарова.
Ӯ пешниҳод кард, ки ба ҷойи рамзи ташкилоти ВЛКМС рамзи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва ягон шиори ба он мувофиқ гузошта шавад.
Сокини 34-солаи шаҳри Бохтар Алишер зикр кард, ки будану набудани ин асарҳо барои вай тафовуте надорад.
Аммо Мадина Афзалова, меҳмони шаҳри Бохтар, бар ин назар аст, ки баръакс, як гӯшаи шаҳрро зеб медиҳанду чашмони калонсолонро шод мегардонанд.
ГРАФФИТО
Граффити аз калимаи итолиёвии “граффито” гирифта шуда, тасвирҳо ё катибаҳое мебошад, ки дар девор ва сатҳҳои дигар тарошида, навишта, тасвир карда ва ё кашида мешаванд. Таҷрибаи мазкур ҳанӯз аз садаи ХХ дар давлатҳои Россия ва Аврупову Амрико васеъ истифода мегардад.
Рассоми халқии Тоҷикистон Р. Ҳамдамов тарзи офаридани ин гуна асарҳоро шарҳ дода гуфт, ки барои офаридани граффити дар сатҳи девор чанд қабат шкатури ранга, сурх сафед, сабз, зард ва ғайра карда мешавад ва рассом баъдан дар ҷойҳои лозима бо истифодаи асбобҳои махсус шкатуркаро харошида ранг ва компазитсияи лозимаро метарошад.
Он санъати хело нозук буда, ба гуфтаи рассом Раҳим Ҳамдамов, барои офаридани чунин асар дар як метри квадратӣ тақрибан 1000-2000 сомонӣ маблағ лозим мешавад.
Имрӯз моро лозим аст, ки дар биноҳои баландошёнае, ки дар вилоят сохта ба истифода дода мешаванд, дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор аз ин гуна санъатҳо васеъ истифода барем.
Сабаби истифода нагардидани санъати граффити ва мозаикаро Р. Ҳамдамов дар он мебинад, ки ҳангоми омода кардани лоиҳаҳои бино меъморон аз онҳо истифода намекунанд ва агар дар як паҳлуи биноҳои лоиҳавӣ ангора, расм ё аксу навиштаҷотеро гузоранд, иҷрочӣ ҳатман онро иҷро мекунад.
-Худ тасаввур кунед, ки имрӯз лоиҳаҳои биноҳои сохта шуда, ҳамаашон қариб ки бе завқ, бе ягон зебогии миллӣ сохта шуда истодаанд. Масалан, аркҳо ва гунбазҳое, ки пеш дар архитектураи миллии мо истифода мешуданд. Агар ягон унсуре дар ин бино истифода шавад, меҳмоне, ки ба шаҳрҳои мо ташриф меорад, худро дар ҳол дар шарқ тасаввур мекунад – иброз медорад рассом Раҳимҷон Ҳамдамов.
Вобаста ба он ки оё то имрӯз аз ҷониби меъморон ё соҳибкороне, ки биноҳои баландошёна сохтанӣ мешаванд, таклифе доир ба ҷой додани санъати мозаика ва граффити шахсан ба Р. Ҳамдамов муроҷиат намудааст.
Аммо ягон нафар бо чунин таклиф ба вай муроҷиат кунад, ҳатман ӯ ин масъулиятро ба уҳда мегирад.
Зимни суҳбат сардори Идораи сохтмони асосии вилояти Хатлон Абдувоҳид Саъдуллозода иброз дошт, ки дар вилояти Хатлон дар даврони соҳибистиқлолӣ таҷрибаи истифода бурдани санъати мозаика ё граффити ҳангоми сохтмони биноҳои баландошёна амалӣ нашудааст. Сабаби истифода нашудани онро ӯ ба гарон будани масолеҳ ва душвории кор рабт дод.
Масалан, агар як квадрати шкатури одӣ имрӯз 47-50 сомонӣ бошад, бо дар назардошти он чи барои тасвир кардани граффити чанд қабат шкатур лозим аст, мумкин 100-150 сомониро ташкил диҳад. Барои он ки дар як квадрат расми граффити офарида шавад, сарфи тақрибан 300-350 сомонӣ лозим мешавад.
Барои оро додани пештоқи биноҳо, махсусан иншооти фарҳангию маориф имрӯз сохтмончиён аз гипсокартонҳо, пеннопластҳо, ки арзонтару аз ҷиҳати вазн сабук мебошанд, корҳои зиёдро талаб намекунад, бештар истифода мекунанд.
Ба андешаи рассом Хайрулло Давлатов истифода бурдани мозаика ва граффити дар шароити вилояти Хатлон душвар мебошад. Ба гуфтаи ӯ, ин чанд сабаб дошта метавонад.
–Якум, набудани рассомони касбӣ, махсусан равияи граффити дар вилоят. Дуюм, ин санъат талаботи махсус дорад. Он хароҷоти зиёдро талаб менамояд. Дигар ин ки аксари сатҳи биноҳои баландошёнаи сохташуда ҳар чор тарафашон дорои унсурҳои гуногун, аз қабли тиреза, сутунпояҳо мебошанд, ки кори рассомро душвор месозанд, - иброз медорад рассом Х. Давлат.
ОХИРСУХАНУ ПЕШНИҲОД
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоту суханрониҳояшон мунтазам таъкид медоранд, ки тарғиби дастоварду тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол вазифаи ҳар як шахси хештаншинос ва ватанпараст мебошад. Аз ин рӯ, ҳамаи моро лозим аст, ки аз таҷрибаи солҳои пешин бо истифода аз санъатҳои ороишӣ, рассомӣ, монументаливу нигорандагӣ ба ояндагон чизе мерос гузорем.
Пешниҳод карда мешавад, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар сатҳи биноҳое, ки дар вилоят сохта мешаванд, бо ҷалби мутахассисону эҷодкорон аз маркази ҷумҳурӣ аз санъати мозаика ва гарффити дар тарғиби дастворадҳои даврони истиқлоли давлатӣ васеъ истифода баранд.
- Барои омода намудани рассомон, махсусан самти граффити дар мактабҳои бачагонаи санъат курс ё синфҳои махсус, аз ҷумла дар муассисаи бачагонаи рассомии шаҳри Кӯлоб ташкил карда шавад ё рассомон барои омӯзиш ба шаҳри Душанбе фиристода шаванд;
- мақомотҳои дахлдорро лозим аст, ки ҷиҳати тарғиб намудани масолеҳи корхонаҳои калони ватанӣ дар сатҳи биноҳои сохташаванда, бо онҳо ҳамкорӣ намоянд. Зеро ин таҷриба дар дигар давлатҳо ва ҳатто дар ҷумҳурии худамон ҳам пеш истифода шудааст. Корхонаҳои азим метавонанд, ки барои рекламаи масолеҳи худ қисмате аз хароҷоти рассомон ё санъаткоронро ба зимма гиранд;
- мазвӯъҳое, ки метавон дар ин гуна асарҳо васеъ истифода намуд: мавзеъҳои сайёҳии кишвар, ҳайвоноти нодири кишвар, аз ҷумла, бабри барфӣ, сохтмони НОБ-и Роғун, манзараҳои табиат, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, чеҳраҳои маъруф, ба монанди қаҳрамонони Тоҷикистон, адибон, варзишгарон, ҳунармандон, олимону нобиғаҳо, мавзӯъҳои тозагиву тарзи ҳаёти солим, аксҳо ва шиорҳои даъваткунанда ва ғайра. Шоир Усмон Билолӣ пешниҳод менамояд, ки дар ин маврид метавон ба мавзӯъ ва масъалаҳои таърихӣ ру овард. Масалан, дирафши Ковиён, рамзи Бохтари қадим, ёдгориҳои Дафинаи Амударё, тахти Ҷамшед, нигораҳои қалъаи Ҳулбук ва монанди инҳо;
- мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, шуъба ва бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо дар ҳамкорӣ бо сохтор ва мақомотҳои дахлдор барои муайян намудани шумораи чунин асарҳо ва ворид намудани онҳо ба Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ чора андешӣ намуда, дар доираи салоҳиятҳои худ чунин обеъктҳоро аз экспертизаи таърихию фарҳангӣ гузаронида, мақоми онҳоро муайян карда ба манфиати кор аст.
Бо ин роҳу усул метавон гӯшае аз шаҳр ё ноҳияеро ободу зебо гардонд, ҳамзамон рассомеро муаррифӣ карду номашро дар ҷое сабт кард. Дар баробари ин манзараҳои дилгиркунандае, ки имрӯз дар биноҳои баландоёшна баъзан як, ду – се рангаанд, намое дилпазир хоҳанд гирифт.
Толиб ТОЛИБЗОДА,
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00