Хурофотпарастӣ то ба кай?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 13 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 476
Падари ҷоҳиле дар тӯйи оиладоршавии писараш базми ҷамшедиро ба мотам табдил дод. Ин бадбахтӣ, ҷаҳолату бесаводӣ ва бефарҳангӣ аст.
Лоақал, агар аз дину саводи диниву дунявӣ чунин падар дур аст, наметавонист аз олимони ховаршинос дар бораи суруду мусиқӣ дар дини ислом пурсад?! Навиштаҳо зиёданд дар ин хусус, ба мисли мақолаи арзишманди ховаршиноси маъруфи миллат, шодравон Амрияздон Алимардонов бо номи «Суруду мусиқӣ дар ислом». Ҳамзамон, метавонист бо зиндагиномаи Ҳазрати Пайғамбар (с), ки он ҷо сарчашмаҳо оид ба пазироии ӯ баъди сафари навбатиаш аз тарафи занони араб бо дафзанӣ ва шеърхонӣ аз болои бомҳо, ки санъати сурудхонии занон Пайғамбари исломро бисёр хуш омада буд, мавҷуд ҳастанд, баҳраи том бардорад.
Ҳамчунин, даҳшатовараш он аст, ки дар 15 соли охир босуръат зери пардаи панарабизм каҷфаҳмиҳои зиёде бар зидди номҳои зебои Худовандии аз «Шоҳнома» ва дигар осори ниёгон ба мо мерос мондаи форсӣтоҷик як қисмати зиёди тоҷикони дур аз ифтихори тоҷикият ба гузоштани номҳои дурушт ва то андозае бефарҳангонаи арабӣ машғул ҳастанд!
Содагии баъзе мардумро бубинед, то ба он дараҷа зери таассубу суханҳои ифротгаронаи нимчамуллоён ва ба ном «нотиқону воизон»-и исломӣ, ки аслан ин ашхос дониши қазоие надоранд, дармондаанд. Ҳатто намедонанд, ки ҳамон номи арабии Зубайдуллову Каримуллову Зулҳиҷҷа чӣ маъние доранд, вале онҳоро аз номҳои зебои Худовандии Фаридуну Ҷамшеду Сиёвуш, Рухшонаву Нилуфару Фарангис, Наргису Исфандиёру Рустаму Суҳроб боарзиштар медонанд ва аз ин амали нангинашон шармашон низ намеояд. Аламовараш он аст, ки мақомоти САҲШ низ бе ягон пурсиш ба чунин бесаводон зоднома медиҳанд! Маъракаи номи арабимонӣ бояд дар зудтарин фурсат ба дараҷаи пасттарин расонида шавад. То солҳои 2000-ум аслан ин амал мавҷуд набуд.
Масъалаи мубориза ба муқобили шоҳасари миллат «Шоҳнома», номҳои зебои ориёӣ, ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргону дигар ҷашнвораҳои миллии мо ва аз ҷумла тарғиб дар байни овозхонони маъруфи тоҷик оид ба аз арсаи саҳна ва сурудхонӣ баромадан ба хотири «гуноҳ будану ҷоиз набудани овозхонӣ дар шариати ислом»?! баъди соли 2005-ум аз тарафи нухбагони хориҷии нимчамуллоҳо ва ба ном муллобачаҳои дар хориҷа хондаву шаҳодатнома гирифта шурӯъ гаштааст.
Пеши роҳи ин ашхос, ки теша ба решаи миллат зада истодаанд, бояд гирифта шавад. Чӣ тавр Толибон бо ҳама беназмиашон ва хиради пасташон ба ному забону таърихи паштуну паштунсолорӣ арҷ мегузоранд ва сурудаҳои паштуниро ба ҷон мехаранду дар кишвари азизи мо рӯйи рост нимчамуллоҳову ашхоси бесаводи дигар овозхононро аз роҳ задаву аз арсаи санъат берун мекунанду зидди номҳои тоҷикӣ мебароянд!
Ин ашхос гӯё бо гузоштани номҳои дурушти арабӣ рост «мусулмони комил» мешаванд. Ин як амали беақлонае аст, ки дар ин хусус чандин мақолаи банда чоп гаштаам ва аслан боиси ҳам хандаву ҳам гиряи қишри босаводи миллат низ қарор бояд гирад. Ақаллан ба ҳамон фарҳанги пешазисломии арабҳо, ки пурра либоси имрӯзаашон ҳамон либоси пешазисломиашон асту сусморхӯриашон нигоҳ кунед. Онҳо фарҳанги пешазисломии хешро ҳоло низ арҷ мегузоранд.
Ба андешаи банда, бояд дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатман барои таҳқири таърихи шукӯҳманди тоисломии миллат, эпоси миллиамон «Шоҳнома», ки дар ҷаҳон назир надорад, ҷашни миллиамон Наврӯз ва дигар ҷашнҳои қадима, таҳқири падари маънавии миллати ориёӣ Зардушт, нахусткитоби миллиамон «Авесто» аз ин нахусткитоби мо китобҳои осмонӣ ва мардуми тамоми динҳои олам маъво гирифтаву об нӯшидаанд моддаи алоҳидаи махсус дохил карда шуда, чунин ашхос ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд.
Ман роҳи дигареро дар тарбия ва пешгирии чунин ашхоси дур аз ифтихори миллӣ ва ватандӯстӣ намебинам.
Варқаи Зайниддин,
ҳуқуқшинос
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00