Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Вохӯрӣ бо сокинон


Вохӯрӣ бо сокинон



Кормандони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Точикистон дар якҷоягӣ бо нозирону муҳандисони Раёсати хадамоти оташнишонии вилояти Хатлон  мувофиқи  нақша чорабиниҳо дар Ҷамоати деҳоти "Иттифоқ"-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо сокинони вохӯрӣ доир намуданд. 

Дар рафти корҳои ташвиқоту тарғиботӣ бо истиқоматкунандагон тавсияҳо ва маслиҳатҳои муфид, оид ба  пешгирии сӯхтор, бехатари ҳангоми кор бо қувваи барқ ва ғайра дода шуд. Дар интиҳо миёни сокинон ва кормандони хадамот пурсишу посух доир гардид. 

Дар назар аст, ки мувофиқи нақша ин гуна вохӯриву корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирӣ кардан аз сӯхтор бо сокинон дар оянда низ ташкил карда мешаванд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода