17 ширкати ватанӣ ба воридоти ашёи хом машғуланд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 576
Ин рақамро зимни нишасти хабарӣ сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон Эраҷ Ҳалимзода гуфт.
Дар минтақаи Раёсат 17 ширкати ватанӣ оид ба воридоти ашёи хом ва коркарди он машғул мебошанд, ки ҳамаи онҳо аз пардохти гумрукӣ озод мебошанд. Ба ин гурӯҳ ширкатҳои ватании “Водии Заррин”, “Моҳир семент”, “Моҳиринвест”, “Данғара ҷунтай синсилу”, “Амирӣ” ва ғайра шомил мебошанд, - гуфт Э. Ҳалимзода.
Ҳамчунин, зимни нишаст ба рӯзноманигорон иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2022 гардиши моли умумии дар ҳудуди вилоят арзиши гумрукии 549,4 миллион доллари америкоиро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 44,5 миллион доллар ё худ 7 фисад кам мебошад.
Дар ин давра бо 30 давлатҳои хориҷии дуру наздик амалиётҳои содиротию воридотӣ ба анҷом расонида шуд, ки арзиши гумрукии 395,4 миллион долларро дар бар мегирад.
Дар рафти нишасти матбуотӣ, сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилотяи Хатлон иттилоъ дод, ки дар соли сипаришуда, бори аввал аз вилояти Хатлон ашёи истеҳсолоти матогии ширкати ватании “Данғара ҷунтай синсилу” ба хориҷи кишвар – Россия ва Туркия ба маблағи умумии 5 миллион доллар содирот карда шуд.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00