Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ҶСК “ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КӮЛОБ”: 1 049 740 СОМОНӢ КӮМАКПУЛӢ БА НИЁЗМАНДОН


ҶСК “ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КӮЛОБ”: 1 049 740 СОМОНӢ КӮМАКПУЛӢ БА НИЁЗМАНДОН



Ҳомидзода Нуралӣ, директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” имрӯз дар нишасти матбуотӣ афзуд, ки имсол нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 006 675 сомонӣ зиёд ба буҷети ҷумҳурӣ маблағ ворид кардем.


Ӯ афзуд: “Маблағи ба буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидаи ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” дар соли 2022 маблағи 23 150 856 сомонӣ (дар соли 2021 бо маблағи 20 819 114 сомонӣ)-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба маблағи 3 006 675 сомонӣ ё 114, 4% зиёд мебошад”.


Иттилоъ дода шуд, ки Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб дар соли 2022 ба 334 295 нафар мусофир (дар соли 2021, 232 656 нафар) хизмат расонидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 143,7% ё 101 639 нафар мусофир зиёд мебошад.


Дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки теъдоди ҳодисаҳои ба таъхир гузошташудаи парвозҳо дар соли 2022 26 хатсайрро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021 7 чунин ҳолат кам аст. Аз инҳо бо сабаби дер омадани ҳавопаймо 20 хатсайр, бинобар сабаби боду ҳаво 2 хатсайр, бо сабаби техникӣ 2 хатсайр ва бо сабаби қатъ кардани парвоз 2 хатсайрро дар бар мегиранд.
Ҳомидзода Нуралӣ, директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” гуфтанд, ки дар соли 2022 аз ҷониби кормандони ХБА 198 нафар вайронкунандаҳои тартиботи ҷамъиятӣ ва реҷаи рухсатномавӣ дастгир карда, аз онҳо 30 нафарашонро ба шуъбаи корҳои дохилии дар фурудгоҳ буда супорида, бо боқимонда суҳбатҳои профилактикӣ гузаронида шуд.


Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳо ба муносибати иду ҷашнҳо ба ниёзмандону беморон ва кӯдакони ятиму барҷомондагон 1 018 740 сомонӣ кӯмакпулӣ ва 31 000 сомонӣ мукофотпулӣ дода шудааст, ки дар маҷмуъ 1 049 740 сомониро ташкил медиҳад.


Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ,

хабарнигори минтақавӣ дар шаҳри Кӯлоб

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода