Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...

Хонандаи азиз! Қаблан хотиррасон мекунем, ки ин мавзуи нав нест. Дар ин хусус бисёрҳо гуфтаю навиштаем ва боз мегӯему менависем. Чаро? Зеро агар қонуну қоидаҳои маърифати шаҳрнишинӣ ҷое ислоҳ шуда бошанд ҳам, боз нуқсонҳои зиёде боқӣ мондаю тез-тез ба чашм мехӯранд. Инак, чанд мушоҳида ва дидаю шунидаҳои хешро дар ин бора ба қалам медиҳем.
Бале, одоби шаҳрнишинӣ қонуну қоидаҳои худро дорад. Мардум солҳои пеш (то солҳои ҷанги шаҳрвандӣ) онро риоя менамуданд. Ҳар як масъала ва кори пешомада, махсусан ободонию кабудизоркунии маҳалли зистро дар дастаҷамъӣ ба сомон мерасониданд, нигоҳубини дарахтонро низ якҷоя ба ҷо меоварданд. Вале солҳои охир бисёр оилаҳо аз сабаби душвориҳои иқтисодӣ аз деҳот ба шаҳр омаданд ва онҳо аз фарҳанги шаҳрнишинӣ бехабар буданд. Дар деҳот вазъияти зисту зиндагӣ дигар аст.
Деҳотиён дар ҳавлиҳои алоҳида умр ба сар мебурданд, ҳар фард ба хоҷагии худ машғул буд. Баъдан, дар деҳот хурду бузург якдигарро мешинохтанд, ҳурмату эҳтиром менамуданд. Дар шаҳр бошад, мардум дар як бинои баландошёна дар ба дар зиндагӣ ва аз як дари даромадгоҳу ҳавлии ҷамъиятӣ истифода мекарданд. Аз ин рӯ, нигоҳ доштани одоби шаҳрнишинӣ хеле муҳим аст. Боз ин, ки дар чунин биноҳо намояндагони халқиятҳои гуногунзабону гуногунқавм: тоҷику ӯзбек, русу тотор, қазоқу туркман, ки як оилаи бузургро мемонданд, ҳамдигарро хуб мешинохтанд. Бо вуҷуди ин ҳама, аз ҷониби онҳо фарҳанги шаҳрнишинӣ коҳиш меёфт. Яъне чӣ тавр? Биёед, ба зиндагии онҳо назар андозем.
... Дар рӯйи ҳавлии ин биноҳо майдонча барои кӯдакон, роҳравҳо, ҷойҳои пӯшокхушккунӣ, як нуқтаи обгирӣ (водопровод) мавҷуд буд. Бо мурури вақт, онҳое, ки дар ошёнаҳои якуму дуюм мезистанд, аз майдончаи умумии рости ҳуҷраашон қитъаи заминро симтурпеч карда, аз худ менамуданд. Дар он ҷо, ба қавле, боғча, ҷойи мошингузорӣ, катак барои мурғу харгӯш месохтанд. Оилаҳои ошёнаҳои боло бошанд, дар майдонча сутунеро гузошта, тавассути чархак (ролик)-ҳо аз тиреза то сутунпоя банд мекашиданд.
Дар он такпӯшу рӯпӯши занонаю мардона ва либосҳои кӯдакони худро меовехтанд. Занҳои солрафтаи рустабор аз ин манзараҳо асабӣ мешуданд, ба онҳо одоби шаҳрнишиниро мефаҳмониданд. Ҳатто дар биноҳои баланошёнаи канори роҳҳои марказии мошингузари шаҳрӣ, рӯ ба рӯйи майдончаҳои истироҳатӣ, идораҳо, ташкилоту муассисаҳо пӯшок меовехтанду гилем метакиданд. Момоҳои зиндагидидаи русзабон онҳоро насиҳат карда, одоби шаҳрнишиниро ба занҳои таҳҷоӣ мефаҳмониданд. Кӯдакони ҷанҷолиро насиҳат мекарданду оби кушодаи водапроводи рӯйи ҳавлиро маҳкам менамуданд.
Солҳои пеш боз чунин ақидае буд, ки деҳотиён маданиятро аз мардуми шаҳр меомӯзанд. Яъне тарзи гуфтору рафтор, фарҳанги ғизохӯрӣ, либоспӯшӣ ва ғайра дар байни шаҳриён баланд аст. Аммо, ба андешаи банда, шаҳриён низ дар ин масъала чандон намуна набуданд... Имрӯз маърифати шаҳрнишинӣ дар кадом поя қарор дорад? Барои посух ёфтан ба ин суол ба сайри шаҳр мебароем.
Шаҳри Бохтар рӯз ба рӯз ободу зебо гашта, корҳои созандагию ободонӣ, кабудизоркунию гулзоркунӣ дар авҷ аст. Махсусан ин кор баъди аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи омодагӣ ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани соли 2026 “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худ шиносиву худогоҳии миллӣ” вусъати тоза ёфт.
Дар баробари ин, бояд маърифати шаҳрнишинӣ баланд бошад. Мутаассифона, ин тавр нест. Боз ҳастанд нафароне, ки бо рафтору гуфтори худ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ин ҳама зебоиҳоро халалдор мекунанд. Яъне, худ ниҳоле нашинонида, шохи ниҳоли сабзидаро мешикананд, гуле навпарварида, аз гулҳои дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр навшинонида чида, ба духтаре тақдим менамоянд. Ман аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода мебарам. Ҳамарӯза дар дохили автобусҳо як бемаърифатиеро мушоҳида мекунӣ.
Дохили нақлиёт мусофирон-зану мардҳои миёнасолу солхӯрда, ҷавонписарону духтарон, кӯдакони мактаб, нишастагону ростистодаҳо машғули телефонбозӣ мешаванд. Ҷавонони нишаста ба калонсолони назди курсии онҳо ростистода ҷой намедиҳанд. Телефонбозӣ карда, гӯё онҳоро намебинанд. Вақте нафаре онҳоро насиҳатомез “ба калонсолон ҷой те” гӯяд, ба онҳо намефорад. Боре ҷавони нишаста, ки живачка (сақич) мехоид, аз калонсолон “қасос” гирифтанӣ шуд. Ӯ сақичи даҳонашро ба курсии нишастааш часпонида, ба нафаре ҷой дод. Баъди як истгоҳ ҷавон аз автобус берун шуд. Мусофири дар ҷойи вай нишаста дар истгоҳи навбатӣ фаромаданӣ шуд. Вақте аз ҷой хест, ҳис кард, ки шимаш ба сақич часпидааст. Аз ин нороҳат шуд.
ВОҚЕАИ ДИГАР. ДУ ҶАВОН ДАР НАЗДИ ДАРОМАДГОҲИ БОЗОР ГАРМ СУҲБАТ ДОШТАНД ВА ОФТОБПАРАСТ МЕЧОҚИДАНД. ПӮЧОҚИ ОНРО БА ЧОР ТАРАФ ПОШ МЕДОДАНД. ОН ТАСОДУФАН БА РӮЙИ ЗАНИ РОҲГУЗАРЕ ЗАД. Ӯ ҶАВОНОНРО ҲУШДОР ДОД, КИ ҶОЙИ ҶАМЪИЯТӢ ҶОЙИ СЕМИЧКАХОӢ НЕСТ, ГИРДУ АТРОФРО ИФЛОС НАКУНАНД. ОНҲО БА ЗАН АҲАМИЯТ НАДОДАНД.
-Шумо маърифат доред ё не?- гуфтани зан онҳоро “ранҷонд”. -Маърифаташ чист, дар куҷо мефурӯшанд?-пурсиданд ҷавонон. -Маърифатро намефурӯшанд, онро меомӯзанд,-фаҳмонд зан. Ҷавонон диданд, ки аз ин зан роҳи “халосӣ” нест,
дасташонро пеши пойи зан партофта, ғурғуркунон рафтанд...
Маърифати шаҳрнишинӣ бештар аз ҷониби ҷавонон вайрон карда мешавад. Онҳо, хоҳ писар ва ё духтар, байни худ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо алфози қабеҳ сухан мегӯянд, ба калонсолон салом намедиҳанд, онҳоро эҳтиром намекунанд, дар нақлиёти ҷамъиятӣ ба модарону падарон ҷой намедиҳанд. Ин ҳама амалҳо ба момардуми соҳиби фарҳангу тамаддун зебанда нест, албатта. Як мушоҳидаи дигар.
Дар вокзали нақлиётии шаҳр ва канори шоҳроҳ, инчунин истгоҳи назди бозор аз саҳар то поси шаб таксиҳо (мошинҳои сабукрави шахсӣ) бешуморанду бозори парандаҳоро мемонанд. Ронандаҳо барои “клиент”-ҳо мисли радио садо баланд мекунанд. Онҳо дар самтҳои гирду атрофи шаҳр хизмат мерасонанд. Аз назди онҳо гузашта намешавад. Ронандаҳо пеши роҳатро гирифта, ба мошинашон шинонданӣ мешаванд. Дар автовакзал вазъият боз ташвишовар аст. Бегоҳ, вақти аз кор баргаштан, аз назди таксиҳо мегузарам. Хонаам дар ин самт ҷойгир аст. Ронандагони таксиҳои самти ноҳияҳои А. Ҷомӣ, Ҷ. Балхӣ, Дӯстӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Қубодиён аз дастат дошта, туро “соҳибӣ” мекунанд. Ва ё пеши роҳатро гирифта, суолборон менамояд: “Ба куҷо меравед? Ба ноҳияи Панҷ равед, як ҷойи холӣ дорам. Ба “парта”-и пеш (курсӣ) шинед, бароҳат меравед”.
Баъзеи дигар қариб, ки аз гиребонат гирифта, назди мошинаш мебаранд. Бисёр вақт аз байнашон хомӯш мегузарам. Онҳое ки пеши роҳамро гирифта, куҷо рафтанамро фаҳмиданӣ мешаванд: “Ба хонаам рафта истодаам”, гӯён аз онҳо халос мешавам. Агар “Ба ноҳияи Ҷомӣ намеравед?”, гӯянд, мепурсам, ки дар он ҷо ягон маърака ҳаст? Пас аз ин онҳо маро ба ҳоли худ мегузоранд...
P.S. Одоби шаҳрнишинӣ аз одоби оиладорӣ, муоширати хуб дар кӯча, хушгуфторӣ, эҳтироми калонсолон, тарбияи хуби фарзандон реша мегирад. Бояд мо ҳар субҳ аз хона бо чеҳраи кушода берун оем, то аз он чеҳраи дигарон низ равшан шавад. Ба якдигар, ӯ хоҳ шинос аст, хоҳ ношинос, албатта салом диҳем. Ба ҳамдигар пайравӣ карда, ҷомеаи бефарҳангро барҳам занем. Ба ҳама хислатҳои неку поккорӣ рояи одоби шаҳрнишиниро қавӣ гардонем. Боқӣ, қазоват аз шумост.
С. АТТОР, "Хатлон"
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.
