Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » «АВРОТОҶ» «АВРОТОҶ» «НАХУСТФАРЗАНД»-И ҶАВОНИ РОБОТСОЗ


«АВРОТОҶ» «АВРОТОҶ» «НАХУСТФАРЗАНД»-И ҶАВОНИ РОБОТСОЗ




Истеъдод гоҳе дар муҳити одӣ падид меояд, вале агар он сари вақт шинохта, парвариш ва дастгирӣ шавад, метавонад ба неруи бузурги созанда табдил ёбад. Қиссаи зиндагӣ ва фаъолияти Суннатулло Қосимов,  ҷавоне,  ки аз кӯдакӣ бо техника сару кор гирифта, имрӯз ҳамчун аввалин офарандаи роботи инсоннамо дар Тоҷикистон шинохта шудааст, далели равшани ҳамин ҳақиқат аст. 

Суннатулло Қосимов26 феврали соли1998 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба дунё омада, аввалан хонандаи гимназияи давлатии №1-и ноҳия мебошад. Ӯ ҳанӯз аз синни хурдсолӣ ба механизмҳо, асбобҳои барқӣ ва дастгоҳҳои техникӣ шавқи хос дошт. Муҳити хонаводагӣ низ дар ташаккули ин шавқ нақши муҳим бозид. Зеро падараш мутахассиси соҳаи радио ва телевизион буда, солҳо боз ба таъмири дастгоҳҳои барқӣ машғул аст. Дар ҳамин устохона аввалин тухми орзуи ихтироъкорӣ кошта шуд, ки он барои фарзанди ин хонадон ғизои маънавӣ гардид.

-  Суннатулло,  шавқи  Шумо  ба ихтироъкорӣ аз куҷо оғоз ёфт? 

-  Аз  кӯдакӣ  дӯст  медоштам,  ки асбобҳоро  кушоям,  бубинам,  ки  дар дохилашон чӣ ҳаст ва боз аз нав васл кунам. Таъмири соат, радио, дарзмол ва  чароғак бароям ҷолиб буданд. Баъзан чизе вайрон мешуд, ман боз беҳтар сох-тан мехостам. Орзу доштам, ихтироъко-рие анҷом диҳам, ки ба мардум фоида расонад. 

-Аввалин  ихтирои  ҷиддии  Шумо чӣ буд? 

-Асбобе сохтам, ки ҳангоми тар шудани ҷойи хоби кӯдак модарро огоҳ мекунад.  Механизми  соатҳои  вайронаро истифода бурдам. Вақте намӣ мерасид, соат ба ларзиш медаромад ва садо мебаровард. Ин ихтироъро дар як озмуни ҷумҳуриявӣ пешниҳод кардам. 

-Вокуниши дигарон чӣ гуна буд? 

-Баъзеҳо  маро  барои  ин  амалам масхара карданд. Аммо бобоям ҳамеша мегуфтанд, ки ба сухани беҳуда аҳамият надиҳам.  Муҳим  он  аст,  ки  инсон  ба мақсад содиқ монад. Хушбахтона,  аъзои  ҳакамон  ихтироъро писандиданд ва ба ман рӯҳияи тоза бахшиданд.

-Ин пешрафт ба ҳаёти минбаъдаи Шумо чӣ таконе бахшид?

-Пас  аз  ин  муваффақият,  пайваста  навоварӣ  мекардам:  нерубахши телефон бо чароғак, фавворачаи хурд, дастгоҳҳои одии ёрирасон барои рӯзгор.  Вақте орзуи сохтани робот дар дилам пайдо шуд,  хонандаи синфи8 будам. Бо  мусоидати  бобоям  ва  дастгирии омӯзгорон  ба  Литсейи  инноватсионии “Душанбе”-и назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон роҳ ёфтам. Дар ин ҷо муҳити воқеан созанда бароям фароҳам оварда шуд. Ректори донишгоҳ, профестсор  Шоҳиён  Нуралӣ  Набот,  директори литсей  Одинамо  Зубайдовна,  роҳбари синф Рӯзигул Шарифова ва ҳамсари ӯ Носир Умаров (руҳашон шод бод!) дар рушди истеъдодам саҳми бузург гузоштанд. Бо ташаббуси онҳо ройгон таҳсил мекардам, бо хобгоҳ таъмин шуда, барои пешрафти корҳоям шароити мусоид доштам. 

-  Роботи  аввалинат  чӣ  гуна  ба вуҷуд омад? 

- Мо бо омӯзгорон фикр кардем, ки чаро дар Тоҷикистон роботи инсоннамо насозем? Корро аз қисмҳои одӣ оғоз кардам. Оҳиста-оҳиста конструксия мукаммал шуд. Баъд аз чанд моҳ робот омода гардид. 

- Ин робот чӣ ном дорад ва чаро?

- Номаш“Авротоҷ” аст.  Ав- аввалин,  Ро- робот,  Тоҷ- Тоҷикистон.  Ин номгузорӣ бо пешниҳоди собиқ директори  гимназияи  давлатии  №1-и  ноҳия Умаралӣ Маҳмадалиев сурат гирифт. 

- “Авротоҷ” чӣ имкониятҳо дорад? 

- Робот роҳ меравад, сухан мегӯяд,  мерақсад, ба навор мегирад ва баъзе корҳои оддии хонаро иҷро карда метавонад. Он бо батареяи 12-волта кор карда,  тақрибан1,5 соат  фаъолият  мекунад. 

Дар дохили он муҳаррикҳо ҷойгир шудаанд, ки зиёда аз20 навъи ҳаракатро таъмин  мекунанд.  Ҳамаи  амалҳо  вобаста ба барномаи насбшуда иҷро мешаванд.  Роботи“Авротоҷ”  на  танҳо дар  Тоҷикистон,  балки  дар  расонаҳои хориҷӣ низ муаррифӣ гардид. Хабаргузории “Азия-Плюс” онро яке аз аввалин роботҳои  инсоннамои  кишвар  номид. 

Ширкати “Фароз” соли2015 фаъолияти бандаро  бо  маблағи 10 ҳазор  сомонӣ қадрдонӣ намуд. 

-Фаъолияти  илмӣ  ва  таҳсил  дар хориҷи кишвар аз чӣ оғоз гардид?

-Соли2016  бо  мақсади  идомаи таҳсил ба шаҳри Москваи  Федератсияи Русия сафар кардам ва ба Донишгоҳи давлатии дизайн ва технологияи Москва дохил шудам. Дар ин муассисаи бонуфуз барномаи таҳсилоти бакалаврӣ ва баъдан магистратураро аз рӯйи ихтисос бо нишондиҳандаҳои баланд таҳсил намуда, ҳар ду зинаро бо дипломи аъло хатм намудам. 

Дар тӯли шаш соли таҳсил дар баро-бари дарсҳои назариявӣ ба корҳои амалӣ ва тадқиқотӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, чандин намунаи роботҳои гуногунро тарҳрезӣ ва моделсозӣ кардам. Яке аз лоиҳаҳои муҳимам аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ дастгирӣ ёфта, сазовори гранти донишгоҳӣ ба маблағи20 ҳазор доллари  ИМА  гардид.  Бо  истифода  аз  ин  маблағ, ман тавонистам роботро пурра сохта, онро дар сатҳи таҷрибавӣ ба кор дарорам, ки ин қадами муҳим дар рушди фаъолияти ихтироъкории ман ба ҳисоб меравад.

- Имрӯзҳо ба чӣ кор машғулед? 

- Айни ҳол роҳбари маҳфили “Робототехника” дар  Литсейи  инноватсионии “Душанбе” ҳастам ва бо хонандагон кор мекунам. Мехоҳам таҷрибаи худро ба дигарон омӯзонам. 

- Дар оянда чӣ нақшаҳо доред? 

-  Ният  дорам  донишамро  боз  ҳам такмил  диҳам,  бо  мутахассисони хориҷӣ  ҳамкорӣ  кунам  ва  дар  натиҷа донишу  таҷрибаамро барои пешрафти  Тоҷикистон истифода барам. Бовар дорам, ки барои ихтироъкор шудан ҳатман дар хориҷа будан шарт нест, муҳимаш муҳит ва ирода аст.

Мехоҳам“Авротоҷ”-ро  ба  ноҳияи Ҷалолиддини  Балхӣ  оварда,  онро  дар муассисаҳои таълимӣ ба насли наврас намоиш диҳам, то кӯдакон аз наздик бо робот ва имкониятҳои технология шинос шаванд ва шавқи илм дар онҳо бедор гардад... 

P. S. Бояд қайд кард, ки Суннатулло аз хурдӣ аз дигар ҳамсолонаш фарқ мекард.  Ӯ  ҳамеша  фикрронии  солор дошт, ба устодон саволҳо медод ва пайваста лоиҳаҳои нав мебаровард. 

Ин қаҳрамон нишон медиҳад, ки истеъдод агар сари вақт шинохта ва дастгирӣ шавад, метавонад аз устохонаи хурд то саҳнаи бузурги илм ва техника роҳ ёбад ва насли наврасро ба сӯи ихтироъ, навоварӣ ва фардои дурахшон раҳнамоӣ кунад.

Мусоҳиб
Ибодуллоҳ Одинаи МАФТУН, 
узви ИЖТ

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода