Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...

Сарзамини биҳиштосои тоҷик аз замони куҳан то ба имрӯз шахсиятҳоеро офарид, ки бо кору пайкор, бунёдкориву созандагӣ, осори гаронбаҳои илмиву адабӣ, рафтору гуфтори намунавӣ, роҳбарии оқилонаву одилона ва ақлу фаросати воло дар саҳфаҳои таърих ва дилу дидаи одамон маъво гирифтаанд.
Ёд дорам, вақте соли 1989 барои кор ба донишгоҳ омадам, дар ин муҳити мактаби олӣ, ки ҳамчун шуъбаи (филиали) ИДПД ба номи Т. Г. Шевченко дар собиқ шаҳри Қӯрғонтеппа амал мекард, бо ҳамкорону ҳамкасбони нав рӯ ба рӯ шудам. Ҳоло ҳам ҳеҷ аз ёдам нарафтаву дар суҳбатҳои хоса аз он ёдовар мешавам, ин вохӯрданам бо омӯзгори ҷавони факултети математика буд.
Ман, ҳамчун омӯзгори кафедраи навтаъсиси забон ва адабиёти тоҷики умумидонишгоҳӣ дар факултети математика аз фанни мазкур ба донишҷӯён дарс медодам. Пеш аз оғози дарс дар кафедра ҳангоми бо ҳам вохӯрдан, ки якдигарро намешинохтем, он ҷавон аз ман пурсид: ту дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ? Ман гуфтам, ки донишҷӯям. Он кас пурсид, ки дар курси чандум мехонӣ? Посух додам, ки дар курси сеюм. Чӣ хел дар курси сеюм мехонӣ, ки ман туро бори аввал мебинам? Ҳол он ки ман дар ин курс дарс мегузарам. Ҳамин ҳазл боис гардид, ки шиносоию ҳамкории ман бо ин ҷавони кушодачеҳра Муҳаммад Шодиев оғоз гардид.
Аз ин шиносоии аввалин фаҳмидем, ки ҳардуямон омӯзгори ҷавони навкорем. Аз он воқеа солҳои зиёде гузашта бошад ҳам, ҳоло ҳам дар суҳбатҳои хоса он лаҳзаҳоро ба хотир оварда, давраҳои ҷавониамонро ёдоварӣ менамоям. Агар мо ба ҳаёту зиндагии қаҳрамони мақола назар афканем, ӯ низ зодаи рустои диёри родмардон буда, давраи тифлию наврасии худро дар зодгоҳаш гузаронида, пас аз хатми мактаби миёна роҳ ба сӯи мактаби олӣ ниҳод ва соли 1982 лоиқи номи баланди донишҷӯӣ гардид. Шавқу рағбат ба илмҳои риёзӣ боис гардид, ки дар ихтисоси математика-физикаи факултети математикаи шуъбаи (филиал) қӯрғонтеппагии ИДПД ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) таҳсилашро идома диҳад ва ҳамзамон хизмати ҳарбиро адо намояд.
Таҳсил дар боргоҳи илм ва дар баробари ин хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шуравиро бомуваффақият хатм намуда, соҳиби маълумоти олӣ гардидан ба Муҳаммади ҷавон имкон дод, чун шахси соҳибмаълумоту дар имтиҳони зиндагӣ обутобёфта ба ҳаёти ҷомеа бо қадамҳои устувор ворид гардад. Дар солҳои 90-уми асри гузашта бо сабаби оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва вазъи хароби иқтисодӣ на ҳар як омӯзгор хоҳиши дар соҳаи маориф фаъолият карданро дошт.
Бо вуҷуди ин қадар душвориҳо ӯ аз фаъолияти омӯзгорӣ даст накашид. Соли 1994 бо мақсади такмили дониш ва идомаи корҳои илмӣ дар кафедраи муодилаҳои дифференсиалӣ ва таҳлили функсионалии ДМТ ба ҳайси коромӯз шомил гардид. Баъд аз коромӯзии яксола ба шуъбаи рӯзонаи аспирантураи ДДОТ ба номи С. Айнӣ дохил шуда, таълифи рисолаи номзадиашро таҳти унвони “Ҷудошавандагии операторҳои Штурм-Лиувил ва Шрёдингер дар фазои векторфунксияҳои бо вазнинтегронидашаванда” зери роҳбарии олими шинохтаи кишвар ва берун аз он, доктори илмҳои физикаматематика бомуваффақият ҳимоя намуд ва ба дарёфти дараҷаи номзади илмҳои физика-математика шарафёб гардид. 27-уми апрели соли 2016 дар мавзуи “Тарбияи ахлоқии хонандагон дар ҷараёни омӯзиши таърих ва методикаи таълими математика дар партави ғояҳои донишмандони асримиёнагии форсу тоҷик” таҳти мушовирии доктори илмҳои физика-математика, профессор, академики Академияи фанҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимӣ Фарҳод аз рӯйи ихтисоси 13.00.02-методикаи таълими математика рисолаи докторӣ дифоъ намуд.
Заҳматҳои илмию методӣ ва таҳқиқотии прфессор М. С. Шодиён дар панҷ китоби дарсӣ, бист дастури таълимию методӣ ва дар зиёда аз сад мақолаҳои илмӣ, илмӣ-методӣ инъикос ёфтаанд. Дар урфият мегӯянд, ки сарвару роҳбари воқеӣ аз модар таваллуд намешаванд, балки дар ҷомеа ба камол мерасанд, ки барои ин гуна ашхос таҷрибаи рӯзгор, панду ҳикмат, муҳит ва вазъи ҷомеа, равандҳои гуногун дар ҳаёти кишвар, муносибати шаҳрвандон ва тарзи зиндагии мардум мактаби бузурги тарбия мегардад. Агар мо ба фаъолияти густурдаи М. Шодиён амиқтар назар афканем, он сифатҳое, ки дар гуфтаҳои Роҳбари олии кишвар ифода гардидаанд, дар ӯ таҷассум ёфтаанд.
Таҷрибаи роҳбарӣ, донишҳои ҳаматарафаи тахассусӣ ва сиёсии дар ин давра ба даст овардааш боис гардид, ки дар маъракаи интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2020) иштирок намояд ва 1-уми марти соли 2020 аз ҳавзаи интихоботии Кӯшониён №27 ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакил интихоб гардад. Боиси хурсандист, ки М.С. Шодиён 3.01.2025 дар Маҷлиси якҷояи Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои Кӯшониён ва Ҷалолиддини Балхӣ дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Кӯшониён №27 номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуд ва дар интихоботи рӯзи 2-юми марти соли 2025 баргузоргардида бо гирифтани бештари овозҳо мандати вакилиро ба даст овард.
Ин дафъа низ М.С. Шодиён баҳри амалигардии шиорҳои ҲХДТ таҳти унвони “Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ, зиндагии шоистаи мардум” ва “Барои пешрафт ва саодати халқи Тоҷикистон!” бо донишу малака ва таҷрибаи ба дастовардааш дар қабул ва муҳокимаи қонунҳои муҳиме, ки дар рушди иқтисодиёт, илму маориф ва фарҳанги кишвари соҳибистиқлоламон мусоидат менамоянд, то рӯзи вопасин саҳми арзандаву шоиста гузошт.
ФАЪОЛИЯТИ БОСАМАРИ М.С. ШОДИЁН БО МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТИЮ СОҲАВӢ, АЗ ҶУМЛА МЕДАЛҲОИ "БАРОИ ХИЗМАТИ ШОЁНИ ҲАРБӢ", “20-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”, “ХИЗМАТИ ШОИСТА” ВА НИШОНИ “АЪЛОЧИИ МАОРИФИ ТОҶИКИСТОН”, “АЪЛОЧИИ ФАРҲАНГИ ТОҶИКИСТОН”, ИФТИХОРНОМАИ РАЁСАТИ ҲХДТ, ИФТИХОРНОМАИ МН МО ҶТ ҚАДРШИНОСӢ ГАРДИДААСТ.
Ин меҳрномае, ки рӯйи коғаз омадаанд, аз самими меҳру садоқат ба ҳаёту фаъолияти рафиқи мушфиқу ҳамкор, ба омӯзгор, олим, намояндаи мардумӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Шодиён Муҳаммад Султонзода бахшида шуда, ба 60-умин солгарди эшон эҳдо гардида буд. Сад афсӯсу сад дареғо, ки ин меҳрнома дар маҷмӯаи мақолаҳо бахшида ба шастумин солгарди ин марди накӯном бояд рӯйи чоп меомад, вале марги нобаҳангом имкон надод, ки ҳангоми дар қайди ҳаёт буданаш амалӣ гардад.
Агар умр вафогӣ мекард, имрӯз ӯ шасту якумин зодрӯзи хешро дар ҳалқаи оила, ёру дӯстон, ҳамкорону шогирдон қайд менамуд. Дар ҳамин ҷо нигоштаҳои хешро бо сӯгвории Сафармад Аҳмадов, ки нисбати даргузашти инсони фозил ва ҷавонмарди комил М. С. Шодиён аз номи ҳамаи дӯстону рафиқон ва кормандон эҷод гардидааст, ба итмом расонам:
Рафтӣ, номат чу накукор ба ҷо хоҳад буд,
Масканат гӯри пур аз нуру зиё хоҳад буд.
Акбар НИЁЗӢ, дотсенти кафедраи МТИ-и ДДБ ба номи Носири Хусрав
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.
