Рӯзномаи Хатлон » БАЧАИ МУАЛЛИМ


БАЧАИ МУАЛЛИМ


БАЧАИ МУАЛЛИМ
Падари ман аз ҷавонӣ, баъди хатми синфи ҳафт ва омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб ба касби муаллимӣ машғул буд.
Дар деҳа қариб касе номи маро намегирифт. Ба ман бо эҳтиром «бачаи муаллим» гуфта, муроҷиат мекарданд.
Ман аз шунидани ин унвон нисбат ба худ меболидам. Шогирдони падарам ба ман муносибати эҳтиромона доштанд. Аз он мефахридам.
Ҳар рӯз падарам субҳи барвақт ба кори хона машғул мешуд. Баъди он тез дасту рӯ мешуст. Риши худро пок метарошид. Либосҳои тозаву озода мепӯшид. Ба майли том ба мактаб, ба кор мерафт. Ман ҳам падарамро то дами дарвоза гусел мекардам. Ва омаданашро низ интизор мешудам.
Чанд бор аз падарам илтимос кардам, ки маро бо худ ба мактаб барад. Ҳар бор мегуфт:
– Бачам, ҳоло ту ба синни мактабӣ нарасидаӣ. Вақташ омад, ба орзуят мерасӣ.
Чанд бор оби чашм ҳам кардам, ки мехоҳам мактаб равам. Падарам маро оқибат танбеҳ дод:
– Чаро якравӣ мекунӣ? Мактаб боғчаи бачагон нест. Рав, молҳоятро нигоҳ кун. Кори хона худаш як мактаби бузург аст. Ба қадри он расидӣ, хонандаи хуб ҳам мешавӣ. Дониста бош, одам чӣ хеле кор кунад, ҳамон хел мехонад. Чӣ хеле, ки хонад, ана ҳамон хел кор мекунад. Сифати ҳамин ду амал, сифати одам аст.
Он вақт ман писари ягона будам. Модарам гардан каҷ карда, боре ба падарам гуфт:
– Бачаамро ноумед накун, мардак. Як бор бо худат бубар. Дар синфхонаат камтар шинад, ҳавасаш мешиканад. Бачаи бечора аз молбонӣ дилгир шудааст.
ЭЙ БЕХАБАР, БИКӮШ, КИ СОҲИБХАБАР ШАВӢ
Ҳеҷ дар ёд надорам, ки кай ба китоб, ба дафтару қалам меҳр бастаам.
Маро як умр, ҳама вақт, дар ҳама ҷо – дар хона, дар роҳ, дар сафар, дар дохил ва хориҷи кишвар, зиёдтар аз пойбанди эҳсоси гушнагӣ, ташнагӣ, завқ, шавқ, тамоюл ба ниёз мисли зарурати кашидани нафас, сарфи лаҳзаи муҳимми зиндагӣ, дидори дӯсти азизе, ки муошират бо онаш эҳсоси хастагӣ наорад ва орзуи озодӣ аз банди муҳосирааш ба хотир наояд, хондани китоб буд.
Будаам мисли шахсе, ки шаб хоб мебинад сахт ташна шудааст. Косаи пуроб дар даст, беист онро менӯшад. Аммо ташнагӣ намешиканад.
Умри ман нисбат ба мутолиаи китоб дар доираи ҳамин эҳсос гузашт.
Аҷаб! Ҳамагӣ як - ду сол қабл, ман акси ягонаи давраи кӯдакии худро пайдо кардам. Аз самти чапи падарам дар бағали модарам нишастаам. Шояд он замон ман се - севу нимсола будаам. На бештар аз он. Дар қафои мо духтари холаам Маҳтоббӣ ва духтари холаи падарам Моҳшариф рост истодаанд.
Ин аксро аз овони бачагӣ борҳо дида будам. Таваҷҷуҳи маро симои падару модарам, хешовандон ва он муҳиту фазо бештар ҷалб мекард.
Акнун бо гузашти зиёда аз шаст сол хоҳиш кардам, ки ин акси хурдакакро бо истифодаи имконоти техникӣ калонтар кунанд. Мақсад, барои худ ва аҳли хонавода дар ҷойи намоён гузоштани ин ёдномаи муқаддас буд.
Ҳангоми ба сурат бодиққат нигоҳ кардан, бо гузашти даҳсолаҳо аввалин бор мушоҳида намудам, ки ман дар бағали модарам нишаста, бо ду даст китобчаеро дошта истодаам. Он дар акси майда ниҳоят хурд ва номаълум будааст, ки ба назарҳо намеафтодааст.
Хотироти ман аз синни чорсолагӣ оғоз шудааст. Маҳз, шуруъ аз он замон бисёр чизҳо рӯшан дар ёдам мондаанд.
Аммо ҳини суратгирӣ поёнтар аз ҳамон синне будаам, ки гуфтам. Аз он лаҳза бароям чизе ба хотир намондааст. Шояд ин акс ёдгории фавқулода ҳам бошад. Ё тавре модарам гоҳо шӯхиомез аз ман шикоят мекард – дар даврони тифлӣ хеле саркаш ва беқарор будаам. Ҳар кас як кашфиёте кардан мехостааст, ки маро ором кунад. Ва он лаҳза ин китобчаро ҳам аз куҷое пайдо карда, ба ман додаанд, ки ақаллан дами суратгирӣ андак ором бошам.
Ин лаҳзаи ёдоварӣ гарчанде сода намояд ҳам, шояд як навъ мувофиқ омадани орзуву омоли абадии ниёзи ирсӣ ва табиати маро нисбат ба китоб, то дараҷае нишон диҳад.
ГУФТАМ БА ХИРАД, КИ СОҲИБИ ИРФОНӢ
Охири тобистон ман мушоҳида кардам, ки муаллимон бо кормандони ҳукумат як «комиссия» шуда, дар деҳа хонагардак ва рӯйхати доштаашонро бозсанҷӣ, пурсупос ва дақиқ карда истодаанд. Мақсад ин буд, ки ягон бачаи синни мактабӣ, мабодо, аз хондан намонад.
Вақте ҳайат ба ҳавлии мо даромад, баъди салому алейк роҳбарашон аз падарам пурсид:
– Муаллим, имсол аз бачаҳои Шумо синфи якум мерафтагӣ ҳаст? Дар рӯйхати мо чунин ишорае мавҷуд нест. Дуруст аст, ака? – бо таъкид посух ҷуст шахси масъули қоқинаи айнакдори қаддарози зардина.
Падарам:
– Дуруст. Рӯйхататон дуруст аст. Насиб бошад, писарам соли оянда ба синни мактабӣ мерасад.
Инро шунида, ман давида омада, ба падарам гуфтам:
– Падарҷон, ман соли оянда не! Ҳамин сол мактаб меравам!
Комиссия хомӯш истод. Ба иддаои ман таваҷҷуҳе ҳам накард. Аммо падарам меҳрубонона:
– Не бачам, ту ҳафтро пур накардаӣ. Оянда меравӣ. Ҳоло камтари дигар вақтат ҳаст. Рав, бозӣ кун, – гуфта, маро ором карданӣ шуд.
Муколамаи мо, ки ҷузъи мушкили он зориву таваллои ман буд, дар қиёфаи комиссия асаре ҳам нагузошт. Яъне чанги мо нола надошту дафи мо хурӯш. Ҷуз гӯш кардани маслиҳати падари бузургвор, ки гумон мекардам ин замон чашми иноят бар мани дарднӯш камтар зоҳир мекард.
Ман хислати падарамро хуб медонистам. Ба такрори сухан дигар ҷуръат надоштам. Ва ба ин кор ӯ иҷозат ҳам намедод.
Аммо бо омадани комиссия, руҳи ман тағйир ёфта буд. Посухи рад гирифта бошам ҳам, умеду орзуи мактабхонӣ дар дилам алов андохт.
Ман рӯзҳои минбаъдаи худро фақат дар мактаб тасаввур мекардам.
Оқибат, тоқат накарда, дарди дили худро ба ягона ғамхору ғамгусорам, модарам гуфтам. Ростӣ, оби чашм ҳам кардам.
Модарам маро гарм ба оғӯш гирифта, аз сару рӯям бӯсид:
– Худоро ҳазор бор шукр, маро ҳам ба он рӯзе мерасондааст, то бубинам, ки бачаам мактабрав шудааст, – гуфт ва фаҳмонданӣ шуд:
– Бачам, ту ин тобистон шашсола шудӣ. Худо хоҳад, соли дигар мактаб меравӣ.
Аммо ин тафсир нияту мақсади маро тағйир дода натавонист.
Апаам Сайбигул дар синфи сеюм мехонд. Гӯё фардо дер мешуда бошад, давида пеши ӯ рафтам. Гуфтам:
– Китоб мехоҳам!
Пурсид:
– Чӣ кор мекунӣ?
Гуфтам:
– Мактаб меравам!
Гуфт:
– Китобҳои ман барои ту намешаванд.
Тааҷҷуб карда пурсидам:
– Кадом китоб мешавад, ҷон апаҷон, ҳамонашро ёфта ба ман деҳ.
Апаам дид, ки мани сарсахт мулоиму меҳрубон шудаам, гӯё барои фаҳмидан бошад, ки гуфт:
– Дар синфи якум китоби «Алифбо» мехонанд.
Ман дар умрам бори аввал номи ин китобро шунидам. Сарам чарх зад. Гумон кардам, агар ин китобро, «Алифбо»-ро бо ин номи хушаш пайдо кунам, тамом вассалом. Мушкили ман осон мешавад. Ҳамаи дарҳо бароям кушода мешаванд. Ҳеҷ кас, ҳатто комиссия ҳам пеши роҳи маро гирифта наметавонад. Худи ҳозир, ҳатто дарсҳо сар нашуда бошад ҳам, пеш аз ҳама, рафта дар синфхонаи синфи якум, паси парта мешинам.
Ким - кадом эҳсоси аҷоибе ҳам маро дунбол мекард, ки агар ман ҳамин китоби «Алифбо»-ро ёбам, шояд онро хонда тавонам… Як дам ба ҳуш омадам, дидам, ки апаам назди ман нест. Давида - давида рӯ - рӯйи ҳавлӣ ӯро кофтам. Сайбигулро дар пеши очаам, дар назди чагдон ёфтам.
Пурсидам:
– Апаҷон, «Алифбо», ҳамон китоби гуфтагиатро аз куҷо ёбам? Дар мағозаи деҳаи худамон ҳаст?
Апаам дид, ки ман аввалин бор дар пеши ӯ корафтода, тааҷҷубовар ва ғайричашмдошт хеле меҳрубон шудаам, бо виқор гуфт:
– Ин китоб фақат дар шаҳр мешавад. Шояд он ҷо ҳам набошад. Дар вақташ падарам онро наёфта, як «Алифбо»-и куҳнаро бароям пайдо карда буд.
Ханӯз ӯ гапро тамом накарда, саросемавор пурсидам:
– Ҳоло он китоб куҷост?!
Гуфт:
– Ба ростӣ намедонам, китобҳои куҳна ҳама дар лингча дар болохона.
Ин гапро шунидан баробар, мисли гурба тирвор самти болохона давидам. Дар поёни зинапоя, ки ба ҳарфи «У» монанд ва аз душохаи бед сохта шуда буд, мисли пишакбачае, ки сайдеро дунбол мекарда бошад, башаст ба тори боми шифрпӯш баромадам. Як лингчаи пурчангу хокро пайдо намудам, ки пури китоб буд. Онро чаппа кардам. Аз байни онҳо «Алифбо»-ро кофтам. Гумон кардам, ки онро бинам, мешиносам. Ба тасаввури ман, ин китоб бояд аз ҳама бузург, рангоранг, ҷилодор, хушрӯ бошад. Ҳарфҳои он гӯё ҳастанд. Бо одам гап мезананд. Ҳар яки он ҳарфҳо калиди асрори дунёянд. Майнаи ман пур аз суол аст. Ба ҳамаи суолҳои доштаву надоштаи ман посух мегӯянд. Бо ин хаёл китобҳоро чапу рӯ кардам. Ҳамаашон пеши чашмони ман якхела менамуданд. Ҳарчанд кӯшидам, он китоби ҷилодорро пайдо накардам. Акнун фаҳмидам, охир ман ҳарфҳоро намешиносам. Аз куҷо фаҳмам, ки кадом китоб «Алифбо» аст. Як вақт дидам, ки дар болои сарам модарам истодааст. Хавотир шуда, аз пушти ман ба болохона баромадааст. Пас апаам ҳам пайдо шуд. Чашмони очаам пури об гаштанд:
– Бачам, наход ту ҳамин қадар завқи хондан дошта бошӣ. Охир, гуфтам, ту ҳоло хурд ҳастӣ. Туро ба мактаб даромадан намемонанд. Хез, рафтем. Рӯз бегоҳ шуд. Вақти говумоломад шуд. Ҳайвонҳоро саришта кардан даркор, бачам, – гуфт бо меҳрубонии хос модарам.
Апаам ба ҳоли ман механдид. Ва аламу ғазаби маро бедор мекард.
Акнун ин дафъа бо қаҳр аз ӯ пурсидам:
– «Алифбо»-ро куҷо кардӣ? Алифбои ман куҷост?!
– Ин ҷо набудааст, – гуфт апаам бо мулоимӣ, оқибати корро ҳис карда.
– Ҳамин ҷост! Биёб! – бо амри бачагона гуфтам ман.
Очаи бечораам бо апаам китобҳои куҳна, дарида ва фарсударо таҳу рӯ карда, оқибат, аз байни онон як китоби бо ҳарфҳои калон-калони хеле хира, фарсуда, бо варақҳои кандашударо пайдо карда, ҳарду яку якбора бо ҳаяҷон:
– Ана, «Алифбо»-и гуфтагиат!!! – эълон карданд, гӯё ҷони худро аз азияти фавқулода халос карданӣ шуда.
Ман мисле ки ҳоли ҳозир ин ганҷинаи бебаҳоро аз пеши чашмам мерабуда бошанд, саросемавор онро аз дасти апаам чанг зада гирифтам.
Апаам:
– Э, оҳиста! Охир, ин китоб ҳанӯз дар вақти хондани ман ба ин аҳвол буд! Боз ту онро медарронӣ.
Ман «Алифбо»-ро гирифта, пеш аз ҳама, давида поён фаромадам. Дар кунҷи хонае, ки мо «ҳуҷра» меномидем ва вазифаи меҳмонхонаро иҷро мекард, онро варақ задам. Саҳифаҳои китоб аз коғазҳои ғафс иборат бошанд ҳам, фарсуда ва канда шуда буданд.
«Алифбо»-и ман воқеан, китоби хеле куҳна, варақҳои он аз ҳам рехтаву ҷиғда шуда буданд. Аммо гумон кардам, ки ин ҳамон китоби сеҳрноке ҳаст, ки момои Музайяни соҳибхабари фасонапардози ҳафтодсола шабҳои дарози зимистон, дар деҳаи бебарқи мо, ҳангоми ҳашари пахтакунҷӣ (ҷудо кардани нахи пахта аз пунбадона) дар бораи муъҷизоти фавқулодааш ба мо нақлҳо мекард.
ТИЛЛОИ ПОШХӮРДА
Бо ҷамъу гир кардани варақҳои ин китоб, афсонаи ҷолиби ҳамон кампири кари доно «Тиллои пошхӯрда» ба ёдам меомад.
Мазмуни он афсона чунин буд, ки Сафари ятиму дастёр ва бекасу нодор ба духтари бой, ки Беназир ном доштааст, ошиқ мешавад. Духтар ҳам ҳар замоне ки ба сурати паҳлавонона ва чашмони пур аз меҳру садоқати Сафар менигарад, лабханди нозуки беназири дилфиреб ва ба ғайр ноаёни худро аз ӯ дареғ намедорад.
Сафар шаб хоб мебинад, ки мӯйсафеди нуроние ба ӯ маслиҳат медиҳад, барои ба ормонаш расидан ёфтани хуми тилло ва тавассути он дили бойи мумсикро ба даст овардан илоҷи ягонаи кор аст. Маҳз бо додани он хум Охунбой розӣ мешавад, духтари паричеҳраи гулрухсори худро ба дастёраш диҳад. Мӯйсафед оҳиста нопадид мешавад. Ногаҳон ин хуми тилло дар пеши рӯйи Сафар аён мегардад. Даст дароз карда, мехоҳад ҳарчӣ зудтар онро бигирад ва ба муродаш бирасад. Чун Сафар якбора аз хоб бедор мешавад, эҳсос мекунад, ки ҳанӯз аввали шаб аст. Ғайр аз каҳдони тангу тори худ чизи дигаре дар атрофи ӯ нест. Боқӣ то ба рӯз ӯро дигар хоб намебарад.
Субҳ боз аз паси юғу сипори бой ба ҷуфт кардани замин машғул мешавад.
Ӯ, ки тамоми шаб нахуфта, аз субҳи барвақт ҷуфтронӣ мекунад, ниҳоят хаста шуда, юғу испорро як сӯ монда, каме «дам гирам» – гуфта, болои хоки нарму мулоим худро мепартояд. Ногаҳ аз дур дар зери нурҳои Офтоб дар болои хоки нармшуда, як порчаи хурди фулузи зардакро мебинад, ки ялаққос мезад.
Сафар аз ҷояш як қад парида, мондагиашро фаромӯш мекунад. Ба сари он бозёфти ранга медавад. Онро бо нӯги ду ангушташ мебардорад. Баргаки тилло худ ба худ ба гап медарояд ва мегӯяд:
– Сафарҷон, ман тиллои пошхӯрда ҳастам. Мо як хуми пур будем. Танҳо бо гирифтан ва саргардон кардани ман корат буд намешавад. Дар хонаводаи мо нотифоқие рух дод. Ҳамаи мо паҳну парешон гаштем. Ҳамагӣ дар зери ҳамин замин, аммо аз ҳам ҷудоем. Ту деҳқони асил будаӣ. Майлаш, маро бо худат бигир. Аммо ман вақте пайдо шудам, ки туро каме хоб бурд ва сипорро бо ин ҷуссаи паҳлавониат зер кардӣ. Ман аз қаъри замин ба рӯйи замин баромадам. Агар ҳамин хел аз таҳти дил шудгор кардан гирӣ, ҳамаи мо бародарону хоҳаронро як – як пайдо карда, сарҷамъ мекунӣ. Мо хатои худро фаҳмидем. Донистем, тилло ҳам бошем, фақат дар якҷоягӣ, дар сарҷамъӣ қадр пайдо мекунем. Дар порчаҳои пошхӯрдаи мо арзиши пешинаи хуми тилло нест.
Сафар ҳамчунон мекунад. Аммо ягон баргаки тиллои дигар пайдо карда наметавонад. Лекин ҳамон сол замини Сафари ятим чунон ҳосил медиҳад, ки даҳ баробар гаронтар аз он хуми тиллои пошхӯрда. Бой меҳнати аз таги дили ятим ва натиҷаи кори ин бечораро бо чашми худ мебинад. Барои он ки Сафари паҳлавонсурат мисли дигар дастёронаш гурезпо нашавад, пойбанди хонадони ӯ бошад, яккаву ягона духтарашро никоҳ карда ба ятим медиҳад, ӯро хонадомод ва хушбахт мекунад...
САРҶАМЪИИ ТИЛЛОИ ПОШХӮРДАИ МАН
Акнун варақаҳои канда ва паҳну парешонгаштаи ин китоб бароям баргакҳои тиллои пошхӯрдаро мемонд. Ҳарфҳои калон-калон ва аксҳои рангаи «Алифбо», гарчанде хира шуда бошанд ҳам, дар назарам ниҳоят ҷолиб менамуданд.
Китобро бо ҳавас саҳифагардон мекардам, мисли он ки гӯё калима ва ё ҷумлаеро мекофта бошам.
Бехабар, модарам омада ба ин муносибат ва эҳсосу ҳаяҷони ман бо ҳавас нигоҳ мекардааст.
– Биё, бачам, китобро ба ман деҳ. Онро саҳифабандӣ кунам, ки варақҳояш пасу пеш набошанд ва гум нашаванд, – фармуд.
Албатта, ман ба ин таклифи меҳрубононаи модарам розӣ шудам. Ва бо ду даст «Алифбо»-ро ба ӯ супоридам.
Модарам дар се рӯз, замоне ки аз корҳои хона озод мешуд, ҳар варақи китобро бо докае тагу рӯй пок мекард. Онҳоро болои ҳам мегузошт. Варақҳоеро, ки ду пора шуда буданд, ё ин ки аз бех канда, нима гашта, имкони саҳифабандӣ надоштанд, бо як нозукие аз коғази сап-сафеде бурида, ширеш ва саҳифабандӣ мекард.
Ин меҳрубониҳои модарам нисбат ба китоб барои ман хеле писанд афтода буд.
ЗАМОНЕ МАЁСОЙ АЗ ОМӮХТАН
Баъди падару модар мактаб дуюмин меъмор буд, ки дар сохтмони ҳаёти ман бузургтарин нақш гузошт.
Тавре тафсир гардид, сарфи назар аз шавқу завқи беандоза, ворид гаштан ба ҷараёни хониш бароям хеле мушкил афтода буд.
Дар деҳа омад-омади соли нави хониш як намуд ҳаракати умумихалқиро мемонд. Дар маркази ноҳия ярмаркаҳои фурӯши китобу дафтар ва сару либоси мактабӣ шуруъ мешуд.
Мағозаҳои китобфурӯшӣ серодам мегаштанд. Падару модарон барои фарзандон, вобаста ба синну сол ва зинаи таҳсил, либос ва китобу дафтар мехариданд.
Мактабҳо аз ҷониби давлат таъмир мегардиданд. Даруну беруни онҳо бо шиору овезаҳо, навиштаҷоти дорои маъниҳои бузурги таълиму тарбия оро дода мешуданд.
Модарам табъи шоирӣ ҳам дошт. Барои ҳар як бачааш, вобаста ба хӯву хулқу рафтору кирдори ӯ як шеъри бозавқи бачагона мегуфт. Мо онро тез аз ёд карда, барои якдигар мехондем. Шеърҳояш хеле сода, равону кӯтоҳ буданд. Афсӯс, ки мо онҳоро нанавиштем. Аммо баъзеашон то ҳол дар ёдам мондаанд, ки бо андаке тағйири ном, баъдан ман онҳоро ба фарзандони хурдсолам нисбат дода мехондам.
Як рӯз апаам либосҳои нави мактабиашро ба қадаш чен карда пӯшид. Тоқияки базеби барои духтаракон хушояндашро ба сар монд. Сумкаашро дар даст гирифта, гӯё ба мактаб мерафта бошад, як порчаи шеъриро бо завқ хонд:
Биёед, эй рафиқон, дарс хонем,
Ба бекориву нодонӣ намонем.
Ба олам ҳар касе бекор гардад,
Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Ман ин шеърро шунида, ҳайрон шудам. Мазмуни шеър чунон ба ман маъқул шуд, ки аз апаам пурсидам:
– Ҳамин шеърро ҳам очаам гуфтааст?
Апаам аз таги дил хандида, гуфт:
– Э, содайе! Ин шеърро Садриддин Айнӣ навиштааст.
Ман, ки пештар чандин бор номи ин шоири бузургро аз падарам шунида будам, бо ин суханҳои ширин дилам гум зад. Аз апаам илтимос кардам, ки як бори дигар ин шеърро хонад.
Ӯ ин ду байтро такрор кард. Гумон мекардам, ки он порчаи назмиро пештар ҳам медониста бошам, тез онро аз ёд кардам ва рӯзи дароз ҳамчун шиор худ ба худ, бо шавқ мехондам.
Ҳар як сухани он муддао ва давои дили ман буд. Аҷаб суханҳое, – ба худ мегуфтам, ки мо «Набояд нокораву нодон ва дар пеши одамон хор бошем. Барои он ки нокориву нодонӣ, хориву зорӣ ҳамраҳи одам набошад, бояд дарс хонем! Дарс!».
Ин шеърро рафта ба пуштибони асосии мактабравиам, модарам гуфтам. Ӯ шод шуд ва худаш ҳам бароям як шеъри ниҳоят мақбули диламро аз куҷое ёфта хонд:
Гуфтам ба хирад, ки соҳиби ирфонӣ,
Бинмой раҳи раҳоӣ аз нодонӣ.
Гуфто: мактаб, мактаб, боз мактаб,
Бояд хонӣ, хонӣ, хонӣ, боз хонӣ!
Чанд калимаро аз ин шеър нафаҳмидам. Модарам, онҳоро бароям хеле сода фаҳмонда дод. Ман хурсанд шудам. Ба худ мегуфтам, ки шояд бисёриҳо мактаб раванду то ҳол маънои ин калимаҳоро нафаҳманд. Аммо ман онҳоро медонам. Агар соҳиби хатту савод мешудам, тез ҳамаи инҳоро дар як дафтарча менавиштам, ки ҳаргиз фаромӯш накунам. Зеро як вақт падарам ба апаам гуфта буд, ки хотираи хуб дафтар аст.
Акнун пагоҳ рӯзи аввали хониш. Ғайр аз модарам ҳеҷ касе розӣ нест, ки ман мактаб равам. Номамро ҳам касе дар дафтаре нанавиштааст.
Ман гуфтугӯйи модарамро аз хонаи дарун бо падарам шунидам. Модарам зора мекард, ки бачаро бо худаш гирифта барад. Як-ду рӯз дар ягон кунҷаки синфаш шинонад. Дилаш ором мешавад. Аз бозиаш, ки монд, худаш пушаймон шуда, дигар ёди мактаб намекунад.
– Не! Ҳеҷ мумкин нест! Охир шашро ҳам пур накардааст. Тартиб ҳаст! Қонун ҳаст! Не! Не! Мумкин нест, – мегуфт қотеона падарам.....
Давоми мақола 

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода