Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ТАҶЛИЛИ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ ДАР МАРКАЗИ ВИЛОЯТ


ТАҶЛИЛИ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ ДАР МАРКАЗИ ВИЛОЯТ




Имрӯз дар толори Театри мусиқӣ-мазҳакавӣ ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бахшида ба 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар ин ҳамоиши бошукӯҳ Абдулло Раҳмонзода, муовини раиси вилояти Хатлон раиси шаҳри Бохтар, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят, афсарону сарбозони гарнизони Хатлон ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Абдулло Раҳмонзода, муовини раиси вилоят оғоз гардида, аз номи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳайати шахсии афсарону сарбозони ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳро ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ табрику таҳният гуфт.

Зикр гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 33 сол ҳамчун сипари боэътимоди давлату миллат дар ҳифзи истиқлолу субот ва таъмини амнияти кишвар нақши калидӣ доранд. Таъкид шуд, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ мактаби мардонагӣ, ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан ба шумор меравад.

Дар идома ба хотири гиромидошти хотираи шаҳидони роҳи Ватан дақиқаи хомӯшӣ эълон карда шуд. 

Баъд аз анҷоми қисми расмӣ ба як қатор афсарону сарбозони шуҷоъ барои хизмати софдилона ва намунавӣ Сипоснома ва туҳфаҳои раиси вилояти Хатлон тақдим гардид.
[hide][/hide]
Чорабинӣ бо барномаи рангини фарҳангии ҳунармандони вилоят анҷом ёфта, суруду таронаҳои ватандӯстона руҳияи ифтихор ва сарбаландиро дар қалби иштирокчиён тақвият бахшид.

Н. Самадзода, М.Зафар, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода